Раиси ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакентро барои гузаронидани маъракаи “ҳоҷиошӣ” қариб 58 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд. Дар ин бора Парвиз Амонзода, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҳукумати шаҳри Панҷакент хабар додааст.
Ӯ дар як мақолааш, ки саҳифаи расмии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар “Фейсбук” нашр кард, навиштааст, ки сабаби барканории А. Шамсиев аз вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Косатарош “вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ” аст.
“...Раиси Ҷамоати деҳоти Косатарош, сокини деҳаи Чорбоғ Шамсиев А., маъракаи ҳоҷиоширо бар хилофи муқаррароти Қонун доир намудааст. Нисбат ба Шамсиев протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 57 600 сомонӣ ҷарима карда шуд. Ӯ аз иҷрои вазифаи хизмати давлатӣ низ сабукдӯш гардид”,- навиштааст Парвиз Амонзода.
Ба навиштаи ӯ, ҳамчунин як мансабдори дигари шаҳр барои баргузор кардани маъракаи “ҳоҷиошӣ” қариб 40 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст. Ӯ иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Панҷакент Муродилозода Ҳ. аст, ки “маъракаи ҳоҷиоширо бо теъдоди зиёди одамон баргузор намудааст”.
Маълум нест, ки нисбати ҳарду мансабдори маҳаллӣ кай ҷазо татбиқ шудааст. Вале мақолаи Амонзода 8 моҳи фаъолияти бахши дини шаҳрро дар бар мегирад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра 32 ҳолати вайрон кардани муқаррароти қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ошкор гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш бо қабули тағйиру иловаҳо ҷазо барои нақзи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” сангинтар гардид: аз 8 ҳазору 640 сомонӣ (ҳудуди 800 доллар) то ба 216 ҳазор 000 сомонӣ (ҳудуди 20 ҳазор доллар).
Аз ҷумла, барои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ шаҳрвандон 21 ҳазору 600 сомонӣ ва мансабдорон 57 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима мешаванд.
“Ҷуръати баррасии фоҷеаҳои 100 соли гузашта”. Баҳси зерматнҳои китоби “Нони шарикӣ" (Сад сол бо Русия)
Додгоҳ як мардро барои қатли ронандаи таксӣ 15 сол равонаи зиндон кард
Имрӯз ҳавопаймои Душанбе-Хоруғ парвози худро анҷом дод
Вазорат: “Дар Тоҷикистон коронавируси ХЕС ошкор нашудааст, ҳеҷ асосе барои нигаронӣ нест”
Суғд нақшаи даъвати ҳарбиро 80% иҷро кардааст
Аз 30 ба 90 сомонӣ. Нархи гӯшт чӣ гуна боло рафт?
Амирхон Мутаққӣ барои ширкат дар нишасти шашуми "Формати Маскав" вориди Русия шуд
Чӣ гуна «Душанбе Сити Бонк» шуморо аз қаллобон ҳимоя мекунад?
Ҷаримаи волидайни се хонанда барои кашидани “калян”-и электронӣ дар мактаб
Беш аз 85% ифротиёни тоҷик муҳоҷирон будаанд. Ин то куҷо дуруст аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста