Рӯзи 23-юми сентябр дар меҳмонхонаи “Hayat Regency”-и шаҳри Душанбе ба муносибати 94-умин солгарди таъсисёбии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони корпусҳои дипломатӣ, мақомоти давлатии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд.
Бо сухани шодбошӣ Валид ибн Абдураҳмон Ар-Решайдон, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон баромад кард. Ӯ аҳамияти ин рӯзро барои шаҳрвандони кишвараш зикр намуда, ёдовар шуд, ки соли 1932 асосгузори шоҳигарӣ, подшоҳ Абдулазиз ибни Абдурраҳмон Оли Сауд қаламравҳои парокандаро муттаҳид намуда, як давлати тавоно таъсис дод.
Ӯ аз муносибатҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон тавсиф карда гуфт, муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо бар пояи дустию эҳтироми мутақобилаи роҳбарият ва халқҳои ду кишвар асос ёфта, Арабистони Саудӣ шарики рушди Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
“Аз ҷумла, Фонди Саудии Рушд, ки фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 2002 оғоз намудааст, то имрӯз як қатор лоиҳаҳоро бо маблағи 295 миллион доллар дар ин кишвар роҳандозӣ кардааст”,-зикр кард Абдураҳмон Ар-Решайдон.
Вай ҳамчунин, иттилоъ дод, ки Фонди Саудии Рушд марҳилаи чоруми бинои 34 мактаб дар Тоҷикистон ба маблағи 35 миллион доллари ИМА ва оғози татбиқи марҳилаи панҷуми бинои 19 мактабро ба маблағи 20 миллион доллари ИМА оғоз кардааст.
Ӯ гуфт, ин фонд барои сохтмони НБО “Роғун” 100 миллион доллари ИМА ҷудо кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Арабистони Саудӣ моҳи январи 1992 Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, моҳи феврали 1992 муносибатҳои дипломатии худро барпо намуд.
Падаре, ки аз маблағҷамъкунӣ дар Литсей шикоят карду ба додгоҳ кашида шуд, мехоҳад тарки Тоҷикистон кунад
Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши оянда дар Ню-Йорк бо киҳо мулоқот карду кадом масоилро баррасӣ кард?
Солгарди Аввалин бонки молиявии хурд: 20 сол дар хидмати мардум
Дар Тоҷикистон маблағи кумакпулии иҷтимоӣ ба камбизоатон зиёд мешавад
“Муваффақияти Эронро муваффақияти худ медонем”. Эмомалӣ Раҳмон дар Ню-Йорк бо Масъуд Пизишкиён суҳбат кард
“Мусофир нест”. Байни Тоҷикистону Ӯзбекистон боз як хатсайри нави автобус боз шуд
Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамраъйӣ баҳри муқовимат бо таҳдидҳои умумӣ даъват кард
Волидайни яке аз гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 6 моҳ боз бо писарашон вохӯрда наметавонанд
Дар Тоҷикистон хакатони солонаи NASA бо фонди ҷоизавии $3000 баргузор мегардад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Суфии пурхобу пурхӯр"
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста