Волидайни хонандагони мактабҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нигаронӣ карданд, ки маъмурияти муассисаҳои таълимӣ онҳоро маҷбур доранд, аз як корхонаи маҳаллӣ барои фарзандонашон пойафзори мактабии замистона харанд. Масъулини ҳукумат, шуъбаи маорифи ноҳия ва соҳиби корхона мегӯянд, ин маҷбурӣ нест, вале “истеҳсоли ватаниро бояд дастгирӣ кард”.
Волидайн: “Муаллим дарс диҳад ё пойафзол фурӯшад?”
Абдулҳамид Ҷӯраев, як сокини ноҳия ва раиси кумитаи падару модарони мактаби №11-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба “Азия-плюс” гуфт, ба ин мактаб 450 ҷуфт пойафзор оварда, аллакай, 30 сомонӣ пешпардохт гирифтаанд.
“Баъди дастрас кардани пойафзорҳо маблағи боқимондаро ҷамъ мекунанд. Ман ҳайронам, муаллим дарс диҳад ё пояфзол фурӯшад?”-савол гузошт Абдулҳамид Ҷӯраев.
Пойафзорҳои зимистона аз 180 то 250 сомонӣ нарх дошта, ба ҶДММ “Фароғатбону” тааллуқ доранд.
Чанд рӯз пеш корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам нигаронӣ карданд, ки маъмурияти мактабҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров онҳоро маҷбур доранд, барои фарзандонашон пойафзори ягонаи мактабии зимистонро аз корхонаи “Фароғатбону” харидорӣ кунанд.
Муовини раиси ноҳия: “...супориш аст, ки маҳсулоти ватаниро дастгирӣ кунем”
Дар ҳамин ҳол, Дилором Турсунзода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳарчанд харидории пойафзол барои хонандагони мактабҳо аз корхонаи “Фароғатбону” маҷбурӣ нест, вале “ин супориши сарвари давлат аст, ки маҳсулоти ватаниро бояд харидорӣ кунем, то соҳибкорони ватанӣ дастгирӣ ёбанд ва корхонаҳои санотӣ кушода шаванд”.
Ӯ аз сифати маҳсулоти корхона ситоиш карда гуфт, “сифати пойафзорҳои ин корхона хуб буда, нархаш низ беҳад арзон аст. Аз 130 то 200 сомонӣ аст. Аз рӯйи нақша ба 93 мактаб тақсимот мондагӣ аст”.
“Агар мо 80 ҳазор хонанда дошта бошем, кушиш мекунем барои 15-20 ҳазор пойафзори зимистонаро пешбинӣ кунем. Ҳар падар модар хоҳ нохоҳ барои фарзандаш пойафзоли зимистонаро мехарад. Ба 93 мактаб нақша карда, тақсимот мондагӣ аст. Ин корҳо ҳаммаш бо розигии модар падар ба роҳ монда шудааст”-афзуд Турсунзода.
Мудири маориф: “Пойафзорҳои ин корхона аз нархи бозор арзонтаранд”
Мақсуда Абдуллозода, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам гуфт, ба роҳбарони мактабҳо супориш додааст, ки ба волидайн хариди маҳсулоти ватаниро пешниҳод намоянд, вале онҳо мехаранд ё не ихтиёри волидайн аст.
“Пойафзорҳое, ки имрӯз аз тарафи ҶДММ “Фароғатбону” пешниҳод шудаанд, барои хонандагони аз синфи 3 боло аст. Пойафзорҳои ин корхона нисбати нархи бозор арзонтаранд” - афзуд мудири маориф.
Соҳиби корхона: “Маҳсулот барои хоҳишмандон пешниҳод шудааст”.
Парвиз Ҷӯраев, роҳбари ҶДММ “Фароғатбону” дар суҳбат бо “Азия-Плюс” шикоятҳо атрофи маҷбуркунии хонандагон ба хариди пойафзор аз корхонаашро беасос гуфт ва афзуд, “маҳсулоти мо барои хоҳишмандон пешниҳод шудааст”.
Қаблан, айнан чунин мушкилӣ дар шаҳри Конибодом ба миён омада буд. Волидайн нигаронӣ карда буданд, ки онҳоро маҷбур мекунанд, аз як корхонаи пойафзорбарорӣ барои хонандагони мактаб пойафзори ягонаи мактабӣ харанд.
Раиси шаҳри Конибодом ва мудири маорифи шаҳр дар нишасти матбуотии охир дар посух ба суоли “Азия-Плюс” ин иқдомро дастгирии соҳибкори ватанӣ унвон карда, қазияро шарҳ надода буданд.
Вазорати маориф ва илми кишвар мегӯяд, хариди сару либоси мактабӣ, аз ҷумла пройафзорро ба танзим намедарорад ва сокинон имкон доранд, дар дилхоҳ ҷой сару либоси мактабӣ харанд.
“Мавриди зикр аст, ки вазорат танҳо иҷрои талаботи либоси мактабӣ – ранг ва намудро тавсия намудааст, на арзишу коргоҳи дӯзандагиро. Падару модарон метавонанад сару либосро аз корхонаҳои дӯзандагии ватанӣ харидорӣ намоянд. Дар сурати қонеъ нагардидан аз сифат ва арзиши он имкон доранд, ки сару либоси мактабиро аз ҷойи дилхоҳ дастрас намоянд., - навишт дар вокуниши худ Вазорати маориф ва илм.
Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод
“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон
Таҳқиқот: Дар Тоҷикистон рушди логистика начандон қаноатбахш аст
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста