Мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон (U-20) баъди шикаст аз дастаи Умон бо ҳисоби 1:3 ба Ҷоми Осиё-2025 роҳхат гирифта натавонист.

Дар бозии охирини марҳилаи итихобии мусобиқа футболбозони ҷавони тоҷик баъди шикаст аз Умон дар гурӯҳи Е ҷои сеюмро гирифтанд ва имкони баромадан ба Ҷоми Осиёро аз даст доданд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд ва ягона голи Тоҷикистонро Меҳрубон Ҳамидов вориди дарвозаи рақиб кард.

Бояд гуфт, ки марҳилаи интихобии мусобиқа дар гурӯҳи “Е” аз 21 то 29 сентябр дар Душанбе баргузор гардид. Тими милли ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи мазкур ҳамроҳ бо дастаҳои Кореяи Шимолӣ, Умон, Малайзия ва Шри-Ланка қарор дошт.

Дар бозии аввал миллипӯшони тоҷик дар баробари Шри-Ланка бо натиҷаи 3 бар 0 пирӯз шуданд. Аммо дар даври дуюм Тоҷикистон аз мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0 бар 2 мағлуб гашт.

Дар рақобати сеюм футболбозони тоҷик бо мушкили ва бо ягона голи Ҷовидон Хушвахтов дар дақиқаҳои охири бозӣ муқобили Малайзия ғолибият ба даст оварданд.

Миллипӯшони ҷавони тоҷик бо ду ғалаба ва ду бохт соҳиби 6 имтиёз шуда, дар гурӯҳ ҷойи сеюмро гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни футболбозони то 20-сола дар 10 гурӯҳ баргузор шуда, бар асоси натоиҷи марҳилаи интихобӣ дастаҳои зинаи якум ва панҷ мунтахаби беҳтарин аз ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳхат мегиранд.

Мусобиқоти мазкур аз 6 то 23 феврали сола оянда дар Чин баргузор мешавад.

Мунтахаби футболи ҷавонони то 20 солаи Тоҷикистон аз соли 2016 ин тараф бори аввал ба Ҷоми Осиё роҳ наёфт. Онҳо ин бор таҳти роҳбарии мутахассиси словенӣ Милош Костич рақобат карданд.

Ёдрас мешавем, ки дар Ҷоми Осиё-2023, ки дар Ӯзбекистон гузашта буд, мунтахаби ҷавонони то 20-солаҳои кишвар ширкат карданд. Аммо зинаи сеюмро дар гурӯҳ соҳиб шуда, ба марҳилаҳои финалӣ баромада натавонистанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.