Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Маскав аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, махсусан муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик дар “қаламрави як қатор кишварҳои ИДМ” нагаронӣ кард. Дар ин бора аз ВКХ Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Манбаъ гуфт, вазир зимни суханронии дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ ба далелҳои роҳ надодан ва манъи вуруди донишҷӯёни тоҷик, аз ҷумла онҳое, ки тибқи квотаҳои ҳукуматӣ ҷудо карда шудаанд, таҳсил мекунанд, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир кардааст.
“Чунин муносибат ба принсипҳои бунёдии инсондӯстӣ ҷавобгӯ набуда, принсипҳои асосии фаъолияти ИДМ-ро зери шубҳа мегузорад. Мо чунин мешуморем, ки бархӯрди ҳамаҷониба, дақиқ ва шаффоф дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷират зарур аст, ки манфиатҳои ҷониби қабулкунанда, кишвари хуруҷ, худи шаҳрвандони меҳнатӣ ва аҳолии маҳаллиро баробар ба инобат гирад”, - таъкид кардааст Сироҷиддин Муҳриддин.
Ҳарчанд вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз кишвари мушаххас ном набурадааст, вале тайи чанд моҳи охир фишор болои муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар Русия кору таҳсил мекунанд, якбора зиёд шудааст.
Мақомоти Русия донишҷӯёни тоҷикро ба Русия роҳ намедиҳанд ва муҳоҷирони меҳнатиро дар сарҳадҳои ин кишвар соатҳо нигоҳ дошта, баъдан дубора ба Тоҷикистон мефиристанд ва ё вурудашонро ба Русия манъ мекунанд.
Ин ҳодисаҳо махсусан, баъди ҳамла ба “Крокус Сити Ҳол”, ки дар пайи он 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбари асосӣ боздошт шуданд, зиёдтар шуд.
Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав гуфтааст, ки Тоҷикистон дар чаҳорчӯби раёсати дарпешистода дар ИДМ ба кишварҳои узв пешниҳод мекунад, то кори муштаракро барои мувофиқа кардани лоиҳаи ҳуҷҷатҳое, ки муддати тӯлонӣ дар баррасӣ қарор доранд, фаъол созанд.
Ӯ ба таври мисол аз “Консепсияи ташаккули марҳилавии бозори умумии меҳнат ва танзими муҳоҷирати меҳнатӣ”, “Созишнома дар бораи эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ” ва “Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи тартиби тафтиши садамаҳои истеҳсолӣ, ки ба коргарон ҳангоми берун аз давлатҳои истиқоматашон рух додаанд” ёдоварӣ кардааст.
Дар чанд рӯзи охир, ин дуввумин мансабдори баландпояи Тоҷикистон аст, ки аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия нигаронӣ мекунад.
Ҳафтаи гузашта, Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия, ки Марат Хуснулин ширкат дошт, гуфт, “Тоҷикистон аз вазъи санҷишҳои муҳоҷирон дар Русия, ки дар ҷараёни онҳо ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ поймол мешаванд, нигарон аст”.
Сарвазири Тоҷикистон зикр кард, ки ҳолатҳои роҳ надодан, манъи вуруд ва ихроҷи шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо баҳонаи "таъмини амният" ба қайд гирифта мешавад.
Ӯ таъкид кард, ки дар марз одамон метавонанд "соатҳо ва ҳатто рӯзҳо" нигоҳ дошта шаванд ва ин мушкилот натанҳо ба шахсони одӣ, балки ба аъзои ҳайатҳои расмӣ, донишҷӯён, пиронсолон ва кӯдакон низ дахл дорад.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи сарвазири ҷумҳурӣ, талабот ба қувваи корӣ аз Тоҷикистон аз ҷониби корфармоёни рус зиёд мешавад.
Биогумус: истеҳсоли нурии органикӣ дар Тоҷикистон
UNICEF: Танҳо 32% духтарон дар Тоҷикистон синфҳои 9-11 мехондаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 7 декабри соли 2024
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
"Аз ҳама бештар аз кори додрасҳо шикоят мегирем". Интиқоди тунди Эмомалӣ Раҳмон аз кори додрасҳои тоҷик
Рӯзҳои истироҳатӣ дар Душанбе барфи аввал меборад
Оғози ҷамъоварии маълумоти биометрӣ. Аз 1 декабр дар Русия барои муҳоҷирон чӣ тағйир ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста