Ҳафт сол қабл, рӯзи 9-уми октябри соли 2017, бозори “Шоҳмансур”-и пойтахт, маъруф ба “Зелёний бозор” бо қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе барҳам дода шуд ва савдогарони он ба бозори “Меҳргон” кӯчиданд. Бо гузашти ҳафт сол ҳанӯз дар ҷойи бозори “Шоҳмансур” ягон иншооте сохта нашудааст ва замини он холӣ боқӣ мондааст.

Дар Сарраёсати меъмории шаҳри Душанбе зимни сӯҳбати бидуни сабт ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки то ҳол вобаста ба замини ин минтақа ягон лоиҳае пешниҳод нашудааст.

“Аз тарафи шаҳрдории Душанбе ба мо ягон супориш нашудааст ва дар робита ба сохтмони ягон иншоот дар замини собиқ бозори “Шоҳмансур (воқеъ дар байни кӯчаҳои Лоҳутӣ ва Деҳлавӣ - АП)” лоиҳа ва қароре пешниҳод нашудааст”, - гуфтанд дар Сарраёсати меъмории шаҳри Душанбе.

Дар ин ниҳод сабаби бекор мондани замини мазкурро шарҳ надоданд ва гуфтанд, ки ба шаҳрдории пойтахт муроҷиат кунед.

Дар шаҳрдории пойтахт ба “Азия-Плюс” дар робита ба тақдири замини собиқ бозори “Шоҳмансур” иттилоъ надоданд ва гуфтанд, ки барои дарёфти маълумот ба Сарраёсати меъмории пойтахт муроҷиат кунед. Аммо дар ин Сарраёсат масъулин ҳозир нашуданд, масъаларо шарҳ диҳанд.

Қитъаи замини холимондаи собиқ бозори Шоҳмансур
Акс аз Asia-Plus

Чӣ шуд?

Ҳафт сол қабл, рӯзи 9-уми октябри соли 2017 Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар хусуси барҳам додани бозори “Шоҳмансур” қарор имзо кард, ки он рӯзи 11-уми октябр расонаӣ гардид. Рустами Эмомалӣ ба Раёсати рушди иқтисод ва савдо, КВД “Бозори Шоҳмансур” дар ҳамкорӣ бо Раёсати ВКД дар пойтахт дастур дод, ки миёни фурӯшандагони бозор корҳои фаҳмондадиҳиро гузаронида, дар муҳлати кӯтоҳтарин барои боздоштани ҳама намуди фаъолият дар ҳудуди бозори мазкур чораҷӯӣ кунанд.

Қабл аз расонаӣ гардидани қарори шаҳрдорӣ Машраб Қараев, мудири бозори “Шоҳмансур”-и Душанбе, рӯзи 9 октябр ба савдогарони бозор хабар дода буд, ки мувофиқи дастури шаҳрдорӣ, бозор ба ҷойи дигар кӯчонида шуда, то охири ҳамин ҳафта фурӯшандаҳо бояд ба бозори “Меҳргон” раванд.

Дар рӯзи 11-уми октябр дарвозаҳои бозор баста шуданд ва фурӯшандаҳо ба ҷамъоварии молу маҳсулоти худ шуруъ карданд. Он замон масъулини бозори “Меҳргон” гуфтанд, ки 3 ҳазор ҷойи фурӯш барои савдогарони бозори “Шоҳмансур” муҳайё карда шудааст, ки дар асоси бастани шарнома метавонанд ба кор шуруъ кунанд. То 20-уми октябр аллакай фурӯшандагони бозори “Шоҳмансур” дар бозори “Меҳргон” ҷойҳои худро ишғол карданд.

Бозори “Меҳргон” соли 2014 дар ба истифода дода шуд, ки қаблан номи он “Пойтахт-90” буд. Ин бозор то кӯчидани савдогарони бозори “Шоҳмансур” қариб ки холӣ буд.

 

Бозори холишудаи "Шоҳмансур"
Акс аз "Азия-Плюс"

Ваъдаи ҷубронпулӣ, аммо...

Дар асоси қарори шаҳрдори пойтахт дар бораи барҳам додани бозори “Шоҳмансур” ба моликони иншооти бартарафшаванда бояд ҷубронпулӣ ҷудо карда мешуд. Аммо дар соли 2018 соҳибкорони бозор шикоят карданд, ки мақомот ҷубронпулиро пардохт накардаанд.

Ба гуфтаи тоҷирон - соҳибмулкон, вақте бозорро кӯчониданд, ба моликони мағоза, фурӯшгоҳҳо, ошхона, сартарошхонаҳо, дӯконҳои дӯзандагӣ, фурӯшгоҳҳои мебел ва дигар нуқтаҳои хизматгузорӣ ҷуброни зиёнро дар натиҷаи кӯчонидан ваъда дода буданд.

Кумитаи амволи давлатӣ арзиши ин иншоотро аз 2 то 4 ҳазор сомонӣ барои як метри мураббаъ баҳогузорӣ карда буд. Маблағи умумии ҷубронпулӣ мувоффиқи маълумоти ғайрирасмӣ, наздики 60 миллион сомонӣ буд.

Бозори "Шоҳмансур" ҳангоми тахриб
Акс аз Амир Исаев

 

Маркази савдо дар ҷойи бозор?

Cоли 2017 аз шаҳрдории пойтахт ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар ҷойи бозор “маркази муосири бисёрсоҳавӣ бо нуқтаҳои фурӯши ҷавобгӯ ба талаботи ҳозира сохта мешавад”. Аммо бо гузашти ҳафт сол тақдири бинои Маркази савдо норӯшан боқӣ монд.

Дар соли 2019 гуфта мешуд, ки ширкати хусусии Ёқут-2000 тасмим гирифт, ки баландтарин бино дар шаҳри Душанбе бо номи “Гунбади Ёқут”-ро дар қаламрави собиқ бозори “Шоҳмансур” бунёд кунад. Аммо намояндаи ширкати “Ёқут-2000” дар суҳбат бо “Азия-Плюс” изҳор намуда буд, ки маҷмаа на дар ҷойи бозори “Шоҳмансур”, балки дар паҳлӯи он бо суроғаи Деҳлавӣ 10 сохта мешавад.

Бо қарори раиси пойтахт, тамоми қаламрави бозори “Шоҳмансур” бо андозаи 4,3 гектар ба фонди заминҳои захиравии шаҳри Душанбе дохил гардид, ки бидуни иҷозаи махсус ҳама гуна сохтмон дар ин ҷо манъ карда шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.