Ба парвандаи Аҳмадӣ Иброҳим, сардабири нашрияи “Пайк” дар Хатлон, ки моҳи августи имсол бо иттиҳоми “додани пора ба корманди КДАМ” ду иттиҳоми нав илова карда, “муҳри махфӣ” задаанд.
Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ иттилоъ медиҳад.
Ба навиштаи ин расона, баррасии парвандаи Аҳмади Иброҳим аз ҷониби додгоҳи Кӯлоб дар Боздоштгоҳи муваққатии ин шаҳр оғоз шудааст.
Як манбаи огоҳ аз ҷараёни тафтишот рӯзи 17-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, дар парвандаи Аҳмади Иброҳим ду иттиҳоми дигар илова шуд ва додситонии Кӯлоб ӯро ба “ифротгароӣ” ва “тамаъҷӯӣ” низ айбдор кардааст.
“Гуё коршиносон хулоса додаанд, ки Аҳмади Иброҳим дар навиштаҳояш ба ифротгароӣ роҳ додааст ва аз чанд мансабдор пул талаб кардааст”, - навиштаат Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ.
Дӯстон ва ҳамкасбонаш иттиҳомро алайҳи Аҳмади Иброҳим қасос ё интиқомгирии мақомот барои матлабҳои танқидиаш медонанд.
“Яке аз мансабдороне, ки алайҳи Аҳмади Иброҳим ба додситонӣ шикоят кардааст, Бобохон Абдураҳмонов, мудири пешини Шӯъбаи тандурустии ҳукумати Кӯлоб аст. Худаш барои тир парондан ба сӯи кӯдакон моҳи июли имсол боздошт шуда буд. Маълум нест, ки ӯ кай ва чӣ гуна аз боздошт раҳо шудааст, вале ҳоло ба мақомот гуфтааст, ки Аҳмади Иброҳим аз ман пул пурсида буд. Ӯро Аҳмади Иброҳим дар ҳафтаномааш борҳо танқид карда буд”, - гуфтааст яке аз дӯстони Аҳмади Иброҳим.
Наздикони Аҳмади Иброҳим бо расонаҳо суҳбат намекунанд. Яке аз пайвандонаш гуфтааст, ки мақомот барои дидани ӯ ба касе иҷозаи ворид шудан ба боздоштгоҳ намедиҳанд.
Аҳмади Иброҳим 62-сола аст. “Рӯди пурхун”, “Ҷаҳиши охирини бабр”, "Спитаман. Катан. Тахористон" ва "Куруши Кабир" аз китобҳои нашркарди ӯст.
Вай нашрияи “Пайк”, ягона ҳафтаномаи мустақилро дар вилояти Хатлон дар соли 2012 номнавис кард, аммо дар бештар аз даҳ соли охир кори ин расона ҳамвор набуд. Гоҳе барои танқиду тундгӯӣ ба баҳс кашида шуда, гоҳе ба сабаби душвории молӣ аз чоп мондааст.
Дар ҳоле ки созмонҳои байнулмилалӣ аз сарнавишти Аҳмади Иброҳим изҳори нигаронӣ кардаанд, ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон дар ин маврид сокит аст.
6,6 млрд сомонӣ зиёдтар нисбат ба имсол. Парлумони Тоҷикистон буҷети соли 2025-ро қабул кард
Эмомалӣ Раҳмон бо бинои таъмиршудаи Филармония шинос шуд ва ба сохтмони бинои нави Кумитаи андоз оғоз бахшид
Рамазон Қодиров ду мансабдори баландпояи Русияро барои пешбурди сиёсати зидди муҳоҷирон танқид кард
“100 чеҳраи муваффақ”-и Тоҷикистон. Кистанд онҳо?
Нишондиҳанда барои ҳисобҳо боло меравад. Маблағи хидмати ҳарбӣ, сиёҳ кардани шишаи мошин ва ҷаримаҳо зиёд мешавад
“Хурдандеширо намепазируфт”. Муруре ба рӯзгори роҳбари Бадахшони Кӯҳӣ Хушқадам Давлатқадамов
Воқеан, ба поинравии қурби рубл муҳоҷирон гунаҳкоранд? Шарҳ медиҳем.
Равшанбек Собиров, сиёсатмадори тоҷик дар ҳукумати Қирғизистон вазифаи нав гирифт
“Меҳргон” ва “Санъати сохту навохтани рубоб” ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Содироти меваи хуч аз Тоҷикистон ба таври назаррас зиёд шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста