Мирзо Шукурзода, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора бародари марҳум Обид Шакурзода, донишманди кишвар ба "Азия-Плюс" хабар дод.
Ӯ гуфт, бародараш аз дарди ҷигар ранҷ мекашид ва имрӯз дар зодгоҳаш деҳаи Худгифи Сояи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз дунё даргузашт.
Маросими ҷанозаи ин нависандаи номошнои тоҷик пагоҳ, 19-уми октябр, соати 10:00 дар зодгоҳаш баргузор мегардад.
Ба Мирзо Шукурзода 29-уми августи соли ҷорӣ унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон тақдим гардид.
Шукурзода 1-уми сентябри соли 1649 дар деҳаи Худгифи Сояи ноҳия Кӯҳистони Мастчоҳ ба дунё омадааст. Хатмкардаи бахши рӯзноманигории факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) буда, солҳо дар рӯзномаи "Тоҷикистони Советӣ", интишороти "Адиб" ба фаъолияти журналистӣ ва адабӣ машғул буд.
Муаллифи очерку мақолаву қиссаҳои "Баҳодури Дилварзин", "Ситораҳои рахшанда", "Теғи ҷонбахш" аст.
Зиёда аз 20 китоби илмӣ ва пажӯҳишӣ, аз ҷумла “Тоҷикон дар масири таърих”, “Кӯҳкане аз користони дил”, “Парниёну ҳариру абрешим” (маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ва публитсистӣ), “Ҷонпайванд” , “Тоҷикон дар қаламрави Ориёно” (30 мақола роҷеъ ба тоҷикон ва таъриху фарҳанги онон), “Ашки сари мижгони ман”, “Тоҷикон, ориёиҳо ва фалоти Эрон”, “Себи Самарқанд”, “Ҳамосаи родмардони Хуросон”, “Кимиёгари дурри дарӣ”, “Размоварони Ҳиндукуш” ва “Тӯшаи умри падар” ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Мирзо Шукурзода бо як қатор унвону ҷоизаҳо, аз ҷумла Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ сарфароз гардонида шудааст.
6,6 млрд сомонӣ зиёдтар нисбат ба имсол. Парлумони Тоҷикистон буҷети соли 2025-ро қабул кард
Эмомалӣ Раҳмон бо бинои таъмиршудаи Филармония шинос шуд ва ба сохтмони бинои нави Кумитаи андоз оғоз бахшид
Рамазон Қодиров ду мансабдори баландпояи Русияро барои пешбурди сиёсати зидди муҳоҷирон танқид кард
“100 чеҳраи муваффақ”-и Тоҷикистон. Кистанд онҳо?
Нишондиҳанда барои ҳисобҳо боло меравад. Маблағи хидмати ҳарбӣ, сиёҳ кардани шишаи мошин ва ҷаримаҳо зиёд мешавад
“Хурдандеширо намепазируфт”. Муруре ба рӯзгори роҳбари Бадахшони Кӯҳӣ Хушқадам Давлатқадамов
Воқеан, ба поинравии қурби рубл муҳоҷирон гунаҳкоранд? Шарҳ медиҳем.
Равшанбек Собиров, сиёсатмадори тоҷик дар ҳукумати Қирғизистон вазифаи нав гирифт
“Меҳргон” ва “Санъати сохту навохтани рубоб” ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Содироти меваи хуч аз Тоҷикистон ба таври назаррас зиёд шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста