Рӯзҳои якшанбе ва субҳи душанбе раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафараш дар вилояти Суғд ба шаҳру навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Гулистон ва Хуҷанд рафта, як қатор иншооти навро ба истифода дод.
“Хидматрасониҳои тиббиро дар сатҳи баланд пешниҳод менамояд”
Рӯзи 18 ноябр Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким”-ро мавриди истифода қарор дод.
Маркази ташхису табобатӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талабот ва ҳифзи саломатии аҳолӣ дар шаҳри Бӯстон аз ҷониби ҶДММ “Шифои Замон” бунёд шудааст. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, марказ бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, хидматрасониҳои тиббиро дар сатҳи баланд пешниҳод менамояд.
Бинои Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” аз 4 ошёна ва зерошёна иборат буда, масоҳати умумии он дар ягҷоягӣ бо саҳни ҳавлӣ 1 ҳазору 445 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншоот бо риояи талабот ва меъёрҳои сохтмонӣ бо маблағи наздики 4,5 миллион сомонӣ бунёд шудааст.
Дар марказ шуъбаҳои амрози асаб, дилшиносӣ, ғадудшиносӣ ва урологӣ мавҷуд буда, дар он табибони баландихтисос ва дорои сертификатҳои байналмилалӣ, ҳамшираҳо ва кормандони миёнаи тиббӣ, дар маҷмӯъ 50 нафар ба кор ҷалб карда мешаванд.
Пойафзоли истеҳсоли ватанӣ
Ҳамчунин, дар ин рӯз Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи саноатчиёни шаҳри Бӯстон дар назди Корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд” корхонаи истеҳсоли пойафзолро ба истифода дод.
Гуфта мешавад, ки технологияи корхона аз Чин ворид карда шуда, имкон дорад, ки дар як моҳ то 5 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол карда шавад.
“Дар корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Бӯстон 20 нафар бо кори доимӣ таъмин шуда, ҳоло 50 намуди пойафзол истеҳсол карда мешавад. Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли то 60 ҳазор ҷуфт пойафзоли мардонаю бачагонаро бо андозаҳои гуногун ташкил медиҳад”, - менависад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Оянда дар марҳилаи дуюми корхона бошад ба роҳ мондани истеҳсоли таги пойафзол ва васеъ кардани иқтидори тавлидӣ ба нақша гирифта шудааст.
Истеҳсоли пардаҳои полиэтиленӣ дар Суғд
Дар идомаи сафари корӣ рӯзи 18-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафт ва ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ "Технологияи полимерӣ" оғоз бахшид.
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои муҷаҳҳазсозии коргоҳ зиёда аз 20 миллион сомонӣ сарф шудааст. Таҷдиди корхона ва хатҳои технологии он соли 2023 роҳандозӣ шуд ва дастгоҳу таҷҳизот аз Италия ворид гардид. Дар корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтиленӣ 25 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд.
Ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шудааст, ки корхонаи саноатӣ аз соли 2009 ба фаъолият оғоз карда буд ва ба хотири ба талаботи бозор маҳсулот истеҳсол намудан ва содирот кардани он ба хориҷ тасмими навсозии корхона рӯи даст гирифта шуд.
Сарвари давлат дар корхонаи пардаҳои полиэтилении ҶДММ "Технологияи полимерӣ" бо намунаи тавлидоти корхона шинос шуда, кори соҳибкорро ибратбахш номида ва ба ӯ барои тақвияти фаъолият ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар оянда дастуру маслиҳатҳои муфид додааст.
“Қариб 270 ҳазор чӯҷа гирифта мешавад”
Пас аз ин дирӯз Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ “Назар”-ро ба истифода додааст.
Корхонаи мазкур бо ташаббуси бонуи соҳибкор Каромат Назарова бо харҷи бештар аз 11 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он 50 нафар бо кор ва маоши муносиб таъмин шудаанд.
Сарвари давлат ба роҳбарияти корхона тавсия додааст, ки ҳаҷми истеҳсолотро афзун намуда, дар таъмини фаровонии бозор саҳмгузор бошанд.
“Раванди истеҳсолот дар ин корхона қариб ҳамаи зинаҳои парандапарвариро дар бар гирифта, тариқи наслгирии инкубаторӣ аз як тухмхобонӣ қариб 270 ҳазор чӯҷа гирифта мешавад”, - менависад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Гуфта мешавад, ки минбаъд парвариши чӯҷаҳо идома дода шуда, асосан ба истеҳсоли гӯшт равона карда мешаванд.
“Дар як сол то 50 ҳазор пойафзол истеҳсол менамояд”
Ҳамин тавр, рӯзи 18-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ “Фароғатбону” оғоз бахшидааст.
Гуфта мешавад, масоҳати умумии корхона 1200 метри мураббаъро ташкил дода, атрофи он бо тарҳу намои зебо оро дода шудааст.
“Сарвари давлат зимни боздид аз шароити корӣ ва раванди истеҳсолот дар коргоҳ, ба сифати маҳсулоти он баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани корхонаи пойафзолро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иқдоми ибратбахш номиданд”, - омадааст дар хабар.
Таҷҳизоти коргоҳ аз насли нав буда, дар 16 хати истеҳсолӣ насб гардидааст. Технологияи коргоҳ каммасраф буда, 50 фоиз ба таври худкор фаъолият мекунад. Коргоҳи пойафзолбарорӣ дар як сол вобаста ба талабот аз 30 ҳазор то 50 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол менамояд. Талоботи солонаи сокинони ноҳия ба пойафзол 165 ҳазор ҷуфт буда, соҳибкорон ният доранд, ки дар оянда иқтидори истеҳсолии корхонаро васеъ намоянд.
Ифтитоҳи мактаби махсуси варзишӣ оид ба футбол
Инчунин, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст.
Корҳои бунёдӣ дар ин иншооти варзишӣ моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, дар майдони 7 гектар дар муҳлати бештар аз 1 сол бо ҷалби қариб 30 нафар бинокорони маҳҳалӣ мутобиқи талаботи замони имрӯза ба итмом расидааст.
Муассисаи мазкур аз варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст, майдончаи варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ, либосивазкунӣ ва маҷлисгоҳ барои 40 нафар иборат мебошад.
Пас аз ин, шоми 18-уми ноябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуда ва сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров ва омодагии сокинони вилоятро барои истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ натиҷагирӣ кардааст.
Масъулини вилоят вазифадор гардидаанд, ки ислоҳи камбудиву норасоиҳои мавҷудаи сохтмонро таъмин намуда, ба бунёду таҷдиди иншооти нақшавӣ бо санъати баланди меъморӣ суръат бахшанд ва сифати корҳои сохтмонро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Субҳи имрӯз, 19-уми ноябр, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд рафт ва сафари кориаш ҳамоно идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки сафари кории расиси ҷумҳури кишвар ба вилояти Суғд рӯзи 17-уми ноябр оғоз шуда буд.
Додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб: “Марги сарбоз Ботир Эргашев таҳқиқ мешавад”
Тоҷикистон дар раддабандии донистани забони англисӣ се зина боло рафт
“Тоҷиконро дар Русия озор медод”. Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони сӯйиқасд ба ҳамватанонаш
Боз як тағйирот дар Ҳизби демократи Тоҷикистон. Ба ҷои Аҳмадшоҳ Комилзода муовини нав интихоб шуд
Дар моҳи октябр Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи 3,8 млн доллар барқ интиқол дод
Нақшаи даъвати ҳарбии тирамоҳӣ 100% иҷро шуд
Интиқоли барқи “Роғун” ба Қазоқистон. Бо кадом шарту шароит амалӣ хоҳад шуд?
Амалиёти “зидди тамбашавӣ” дар роҳҳои Душанбе. Беш аз 1000 нақлиёт ба ҷаримагоҳ интиқол ёфт ва ронандагон ҷарима шуданд
“Мо чизе намедонем”. Мурофиаи дуюми чеҳраҳои шинохта боз дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста баргузор шуд
Муштзани тоҷик дар Чин пирӯзӣ ба даст оварда, мукофотпулии хуб гирифт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста