Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар кишвар рӯзи 16-уми ноябр пурра иҷро шудааст. Дар ин бора Вазорати дифои кишвар хабар медиҳад.

Ин ниҳод дар сомонааш навишт, ки иҷрои пеш аз муҳлати нақшаи даъвати ҳарбии тирамоҳӣ ба тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ байни мардум, баланд гардидани масъулияти ҷавонон, фароҳам овардани шароитҳои беҳтари хидмат ва фаъолияти хуби комиссияҳои даъватӣ рабт дорад.

Вазорат гуфтааст, бо вуҷуди он ки нақша пурра иҷро шуд, вале “бо мақсади баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон” фаъолияти комиссияҳои давъатӣ то охири моҳи ноябр идома меёбад.

“Дар даъвати тирамоҳии имсола шумораи шаҳрвандони ихтиёрӣ нисбат ба солҳои пешин ниҳоят зиёд буда, бештари довталабони хизмати ҳарбиро ҷавонписарони дорои маълумоти олӣ, фарзандони шахсони мансабдор ва хатмкардагони Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-и Вазорати мудофиа, ки асосан мутахассисони касбу соҳаҳои гуногунро барои Қувваҳои Мусаллаҳ омода менамояд, ташкил медиҳанд”, - гуфтааст ин ниҳод.

Вале коршиносон мегӯянд, барвақттар оғоз намудани маъракаи даъват аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва истифодаи роҳҳои ғайриқонунии даъватӣ аз сӯи бархе коммиссияҳои давъатӣ сабаби нисбат ба солҳои пеш тезтар иҷро шудани нақшаи даъват ба сафи артиш шудааст.

Иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии исмола дар мобайни моҳи ноябр дар ҳолест, ки соли гузашта хабари иҷрои даъвати тирамоҳӣ бо гузашти чанд рӯз аз анҷоми санаи расмии ин маърака расонаӣ шуда буд.

Имсол, аввал ВМКБ, баъдан, вилояти Хатлону шаҳри Душанбе ва бархе аз шаҳру навоҳии тобеи марказ аз иҷрои нақшаи даъват хабар дода буданд.

Бо ин вуҷуд, сарусадо атрофи ҷалби иҷбории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ имсол низ расонаӣ шуд. Ҳарчанд вазири дифоъ пеш аз оғози маъаракаи даъват гуфта буд, ки аз роҳҳои ғайриқонунии даъват даст кашанд ва даст ба фасод назананд

Новобаста ба ин, сарусадоҳо дар бораи “сарбозшикор” ё худ облава вуҷуд дошт ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар дар ин робита нигаронӣ карда буданд. Вале мақомот мегӯянд, баъди додани даъватнома агар ҷавонон ба коммисариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомот ҳақ доранд, онҳоро зӯран ба коммисариат биёранд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.