Дар раддабандии нави донистани забони англисӣ, ки пойгоҳи EF SET тартиб додааст, Тоҷикистон дар соли 2024 нисбат ба соли гузашта ду зина боло рафта, миёни 116 давлати дунё мақоми 109-умро соҳиб шудааст. Ин нишондоди пасттарин дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.
Тоҷикистон ин мавқеъро бо касби 412 хол (холи баландтарин 700) соҳиб шудааст. Ин нишондод дар муқоиса бо соли пеш 3 зина беҳтар аст. Соли гузашта Тоҷикистон дар ин раддабандӣ ҷойи 112-умро касб карда буд.
Байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қирғизистон (бо касби зинаи 88-ум) пешсаф аст. Ӯзбекистон мавқеи 98-ум ва Қазоқистон зинаи 103-юмро дар ин раддабандӣ касб кардаанд, ки мутаносибан дар Осиёи Марказӣ мавқеи дуюм ва сеюм мебошад. Дар бораи Туркманистон маълумот нест.
Ҳолланд, Новегия, Сингапур ба сегонаи пешсафи кишварҳое ворид шудаанд, ки сокинонаш забони англисиро хуб медонанд.
Раддабандии мазкур дар асоси санҷиши дониши 2,1 миллион калонсолони 116 давлат, аз ҷумла 35 давлати Аврупо, 24 кишвари Африка, 23 Осиё, 21 давлати Амрикои Лотинӣ, 13 давлати Ховари Миёна, ки 54 дарсадашон занҳо ва 46 дарсадашон мардҳо будааст, тартиб дода шудааст.
Соли 2023 Тоҷикистон байни 113 давлат бо касби 388 хол дар зинаи 112-ум қарор гирифта буд. Соли соли 2021 бошад байни 112 кишвар бо 405 хол дар зинаи 103-юм ва соли 2020 байни 100 кишвар бо 381 хол дар зинаи охирон қарор гирифта буд.
EF SET санҷиши онлайнии стандартикунонидашудаи забони англисӣ буда, ба таври тестӣ онлайн супорида мешавад. Ин сомона барои ҳар як корбари интернет дастрас буда, имкон медиҳад ҳар нафари хоҳишманд дар ин рейтинг имтиҳон супорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста