Намояндагони Тоҷикистон ва Малдив рӯзи 26-уми ноябр созишномаи бекор кардани талаботи раводидро барои шаҳрвандони ҳарду тараф имзо карданд. Маросими имзои Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Малдив оид ба мутақобилан бекор кардани талаботи раводид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шудааст. Дар ин хусус Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои ин ниҳод, санади мазкурро Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва Созмон Али Насир Муҳаммад, намояндаи доимии Малдив дар ин созмон, имзо карданд.
Гуфта мешавад, ки дар асоси созишномаи баимзорасида, шаҳрвандони ҳар ду кишвар аз талаботи раводид ҳангоми ворид, хориҷ, убур ва муваққатан бубудош дар ҳудуди яке аз тарафҳо ба муддати сӣ (30) рӯз озод мебошанд.
“Ин созишнома ба муҳлати номуайн баста шуда, пас аз сӣ (30) рӯз аз лаҳзаи гирифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ, тариқи роҳҳои дипломатӣ, аз ҷониби тарафҳо оид ба анҷом расонидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо кардани ин Созишнома зарур аст, эътибор пайдо мекунад”, - менависад ВКХ.
Бояд гуфт, ки Малдив кишвари иборат аз 1 ҳазору 196 ҷазира аст, ки дар қисме аз онҳо одамон зиндагӣ намекунанд. Ягона фурудгоҳи қабули парвозҳои байналмилалӣ дар ҷазираи Ҳулуле, 2 км дуртар аз шаҳри Мале ҷойгир мебошад.