Электромобилҳо (мошинҳои барқӣ) ба беҳбуди вазъи экологӣ мусоидат мекунанд, зеро газ ихроҷ накарда, ифлосшавии ҳаворо кам менамоянд. Лекин барои электромобилҳо инфрасохтор, аз ҷумла, нуқтаҳои нерӯдиҳӣ лозим аст.
Дар ҷойҳои қулай воқеъ будани чунин нуқтаҳо дар саросари шаҳр электромобилҳоро боз ҳам дастрастар мекунад, яъне шаҳр боз ҳам сабзтару аз лиҳози экологӣ бароҳаттар мешавад.
Дар куҷои Душанбе метавон электромобилро нерӯ дод?
Дар шаҳри Душанбе айни замон 200 нуқтаи нерӯдиҳӣ барои электромобилҳо кор мекунанд, ки дар ноҳияҳои гуногуни шаҳр ҷойгир шудаанд. Онҳо дар як вақт метавонанд то 400 электромобилро нерӯ диҳанд.
То охири сол насби 500 нуқтаи дигар ба нақша гирифта шудааст. Макони ҷойгиршавии онҳоро Шумо метавонед дар сомона ё дар замимаи NERU дарёфт кунед.
Нуқтаҳои нерӯдиҳӣ чӣ қадар иқтидор доранд?
Дастгоҳҳои нерӯдиҳӣ иқтидори аз 60 то 120 киловатт-соатро таъмин мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки электромобил бо батареяи 40 киловатт дар зарфи тақрибан 40 дақиқа метавонад пурра нерӯ гирад.
Аз нуқтаи нерӯдиҳӣ чӣ гуна истифода кардан лозим аст?
Иҷрои амалҳои зерин лозим аст:
- Электромобилатонро дуруст дар нуқта гузоред;
- Василаи нерӯбахшро ба электромобил пайваст намоед;
- Маблағро пардохт кунед. Чӣ гуна? Метавон бо ёрии DC Next маблағро пардохт кард. Ҳамчунин шумо метавонед QR-код-ро, ки дар паҳлӯи нуқтаҳои нерӯдиҳӣ гузошта шудааст, нусхабардорӣ (скан) кунед. Тарзи дигар: дар сомонаи neru.tj шумо бо корти “Корти милли”-и ҳама гуна бонк метавонед пардохт кунед.
- Барои истифода аз нуқтаи нерӯдиҳӣ ба маблағи 50 сомонӣ пешпардохт кунед. Хавотир нашавед - дар муддати 5 дақиқа баъди ба охир расидани нерӯдиҳӣ, маблағи боқимонда ба ҳамёни мобилии шумо баргардонида мешавад.
Оё метавон ҷараёни нерӯдиҳиро то ба охир расидани он боздошт?
Бале шумо дар ҳама гуна вақт тариқи ҳамёни мобилии худ метавонед ҷараёни нерӯдиҳиро боздоред.