Субҳи имрӯз, 5-уми декабр Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар бинои нави Додгоҳи олии Тоҷикистонро ифтитоҳ ва бо додрасҳои тоҷик мулоқот кард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии перзиденти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, мулоқоти сарвари давлат бо додрасҳо дар бинаи нави Додгоҳи олӣ, ки дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷойгир аст, баргузор шуд.
Ҷузъиёти дигари ин мулоқот то ҳол маълум нест. Дирӯз як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки Эмомалӣ Раҳмон бурду бохти низоми додрасиро дар ин мулоқот ба баррасӣ мекашад.
Бинои Суди Олӣ аз 15 ошёна иборат буда, сохтмони он аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи қариб 185 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо сифати баланд ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ анҷом дода шудааст.
Ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои нави Суди Олӣ дорои 171 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, 8 толори муҳокимаи судӣ, бойгонии парвандаҳои судӣ, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, ҷойи нигоҳдории судшавандаҳо, толор барои конфронсҳои матбуотӣ, китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, ҳамаи ҳуҷраҳо тибқи стандартҳои матлуб ҷиҳозонида шудааст.
Дар таҳхонаи бино таваққуфгоҳ барои 25 воситаи нақлиёт мавҷуд аст.
Ёдовар мешавем, ки бори охир 5 соли пеш, 21 ноябри соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти додгоҳӣ мулоқот карда буд.
Дар Тоҷикистон беш аз 400 додрас амал мекунад, ки онҳо бо фармони президент таъин ва озод мешаванд.
Шикоятҳо дар бораи фаъолияти додрасҳо ҳам дар ҷомеа кам нест ва бархе аз фаъолияти нодурусти онҳо шикоят мекунанд.
Ҳатто Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо кормандони мақомоти судӣ дар соли 2019 аз фаъолияти додрасҳои тоҷик интиқод карда буд.
Ӯ гуфта буд, ки “амали коррупсионӣ на танҳо обрӯ ва нуфузи мақомоти судиро паст мекунад, балки эътимоди мардум ва эътибору эҳтироми давлатро коста мегардонад”.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста