Рӯзи 20-уми декабр Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) анҷумани навбатии худро баргузор мекунад. Дар ин бора аз ин ҳизб ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, дар анҷуман масъалаи омодагӣ ба интихоботи парлумонии оянда ва ширкати номзадҳо дар он баррасӣ мешавад.
Ба гуфтаи манбаъ, анҷуман соати 10:00 дар толори Қасри варзиши шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
ҲДТ дар моҳи майи соли равон шоҳиди як тағйироти ҷиддии дохилӣ шуд. Гурӯҳе худро ҳамчун узви ҲДТ эълон карда, Саидҷаъфар Усмонзода роҳбари он ва вакили парлумонро барканор ва Шаҳбози Аброр, рӯзноманигори ҷавонро раис интихоб карданд.
Саидҷаъфар Усмонзода ин тағйиротро ғайриқонунӣ хонда, ба Вазорати адлия барои ҳалли масъала муроҷиат карда буд. Вале ин ниҳод номзадии Шаҳбози Аброрро ҳамчун раиси ҲДТ тасдиқ кард.
Баъди чанд рӯз Саидҷаъфар Усмонзода, ки ҳамчунин вакили парлумон аз ҲДТ буд, аз сӯи Додситонии кулли Тоҷикистон барои талоши табаддулот ва ғасби қудрат боздошт гардид. Баъдан Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини аввали ӯ дар ҳизб ва чанде аз дигар чеҳраҳои шинохтаи сиёсӣ низ дастгир шуданд.
Баъди боздошти Аҳмадшоҳ Комилзода, ба ҷои ӯ Алишер Идизода, рӯзноманигори тоҷик, муовини аввали раиси ин ҳизб интихоб гардид.
Бояд гуфт, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад. То ҳол аз 7 ҳизби расмӣ дар Тоҷикистон ягонтоаш барнома ва номзадҳои худро эълон накардаанд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста