Аз 11 то 19-уми декбари соли равон дар шаҳри Душанбе вохӯрии нахустини гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади ду давлат баъд муайян крадани хатти марз баргузор шудааст.

Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Манбаъ навиштааст, ки дар мулоқот ҷонибҳо корро бо мақсади таҳияи минбаъдаи ҳуқуқии гузариши хатти лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон шуруъ карданд.

“Ҷонибҳо корҳоро дар ин самт дар мулоқоти навбатӣ, ки дар ҳудуди Қирғизистон баргузор мегардад, идома медиҳанд,- омадааст дар хабар.

Дар ҷамъбасти мулоқот Протоколи дахлдор ба имзо расида, вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардидааст.


Мисли ҳарвақта ҷузъиёти ин мулоқот гуфта намешавад.

Бояд гуфт, ки ин нахустин вохӯрии гурӯҳҳои типографӣ ва ҳуқуқии ду кишвар дар самти таъин ва аломатгузории марз байни ду кишвар баъди маълум крадани хатти марз аст.

Тоҷикистон ба Қирғизистон рӯзи 4-уми декабр эълон карданд, ки хатти сарҳади давлатӣ байни ду кишварро пурра маълум кардаанд. Вале ҳарду ҷониб ҳам дар бораи тафсилоти тавофуқи ҳосилшуда, махсусан дар бораи он ки кадом қитъаҳо бо кадом шарту шароит тақсим шуданд, иттилоъ наддоданд.

Дар як наворе, ки баъди ба тавофуқ расидани ҷонибҳо нашр шуд, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев ин тавофуқро таърихӣ ва фарогир номиданд.

Ҳамчунин, онҳо гуфтанд, ки ба гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон супориш дода шудааст, ки ба раванди таҳияи ҳуҷҷатҳои ниҳоии делимитатсия шуруъ намоянд.

Ҷонибҳо ҷузъиёти тавофуқи ҳосилшударо ошкор накарданд.

Вале Содир Ҷабборов расиҷумҳури Қирғизстон дар як суҳбаташ бо расонаҳо ду ҳафта пеш гуфт, қитъаҳои баҳсии марзӣ байни ду кишвар баробар ё 50 бар 50 тақсим карда шуданд ва баъзе қитъаҳо бо шароити баробар тақсим шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар як нишасти матбуотӣ гуфт, моҳи январи соли оянда ҳуҷҷатҳои марбут ба сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон ба парлумони ин кишвар ворид мешавад ва он гоҳ ҷузъиёти созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор мекунанд. Дар ин бора хабаргузории АКИpress хабар додааст.

Бояд гуфт, тайи як соли охир мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои тавофуқ дар бораи марзи давлатӣ музокироти фаъол доранд. Қабл аз ин, ҷонибҳо чандин маротиба дар хоки ҳамдигар сари мизи музокира нишаста буданд. Аммо ҳамеша ҷузъиёти музокирот ошкор намешуд.

Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шуда буд. Дар охирин муноқишаи марзӣ, ки соли 2022 рӯх дод аз таҷҳизоти пуриқтидори ҷангӣ истифода шуд, ки за ҳарду тараф садҳо нафар ҳалок шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.