Ҷашни Соли нави 2025 дар Тоҷикистон бе барф мегузарад. Дар аксари минтақаҳои кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе борон меборад ва барф танҳо дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ меборад, хабар медиҳад Маркази обуҳавошиносии кишвар.
Обуҳавошиносон дар ин рӯзҳо ҳавои абрнокро пешгӯйӣ мекунанд. Дар кӯҳҳо ва баландкӯҳҳо борону барф меборад, аммо дар минтақаҳои паст, аз ҷумла вилояти Хатлон ва Суғд ҳаво каме гармтар буда, боридани барф дар назар нест.
Дар Душанбе, шаби 31 декабр ва 1 январ ҳарорати ҳаво аз +2 то +4 дараҷа гарм хоҳад буд. Рӯзона ҳарорат аз +11 то +13 дараҷа гарм мешавад. Суръати шамол 4–9 м/с аз самти ғарб хоҳад буд.
Дар вилояти Суғд низ ҳаво гарм хоҳад буд. Шабона ҳарорат аз -3 то +2 дараҷа ва рӯзона аз +2 то +7 дараҷа гарм мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳии Суғд шабона сардиҳо аз -7 то -14 дараҷа эҳтимол доранд.
Дар вилояти Хатлон шаби 31 декабр ва 1 январ ҳарорат аз -2 то +3 дараҷа ва рӯзона аз +7 то +12 дараҷа гарм хоҳад буд. Суръати шамол аз самти шарқ 5–10 м/с мевазад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар қисмати ғарбии вилоят, шабона ҳарорат аз -5 то -10 дараҷа сарду рӯзона аз -2 то +3 дараҷа хоҳад буд. Дар шарқи вилоят, дар минтақаҳои кӯҳӣ, сардиҳои шадид то -30 ва ҳатто -40 дараҷа шабона эҳтимол дорад. Ҳарорати рӯзона аз -5 то -10 дараҷа мешавад.
Соли нав ба Тоҷикистон ҳарорати мӯътадил, дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ борон ва барф меорад, аммо зимистони сарду барфӣ барои аксари сокинони кишвар эҳсос намешавад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста