ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 3 ЯНВАР

Соли 2007 – Дар шаҳри Душанбе аввалин маркази миллии омӯзишӣ дар Осиёи Марказӣ барои омодасозии кадрҳо дар самти мубориза бо савдои инсон ифтитоҳ ёфт.

Соли 2014 – Дар Эрон миллиардер Бобак Занҷонӣ, муассиси ҶСК “Холдинг Конт Групп Тоҷикистон”, ки сохторҳои он аз ҷумла терминали нақлиётии “Asian Express” дар Душанбе ва ширкатҳои дигарро дар бар мегирифт, боздошт шуд.

Соли 2019 – Маҷаллаи байналмилалии  “Financial Times” Тоҷикистонро ба рӯйхати ҳашт давлате ворид намуд, ки ба сайёҳон барои ташриф дар соли 2019 тавсия медиҳад.

Соли 2021 – Футболбози машҳури тоҷик ҳимоятгар Раҳматулло Фузайлов сармураббии дастаи футболи “Истаравшан” таъин гардид. Қаблан ин вазифаро Алиёр Ашурмамадов иҷро мекард.

Раҳматулло Фузайлов

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1891 – Зодрӯзи Мирзораҳмат Алимов, ҳунарманд-наққош, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ;

Соли 1947 –  Мавлуди Тағоймурод Солеҳов, физикдони тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика;

Соли 1949 –  Зодрӯзи Наврӯз Гулзода, забоншинос, номзади илмҳои филология;

Соли 1949 – Мавлуди Саидҷалол Саидов, тарҷумон ва рӯзноманигори тоҷик.

Саидҷалол Саидов солҳо дар риштаи журналистика фаъолият карда, баъдтар ба кори эҷодӣ пардохтааст. Як муддат директори киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” буд. Баъдан ёвари Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон буд ва соли 2012 ба нафақа баромад. “Хидматгузори се хоҷа, ё вазири як дарбор”, “Чакидаҳо аз андешаҳо”, “Бофтаҳо аз тофтаҳо”, “Омӯзонда, омӯхтем” аз чакидаҳои қалами ӯянд.

Соли 1949 – Мавлуди Турсунбой Аҳмадов, доктори илмҳои кишоварзӣ;

Соли 1953 – Зодрӯзи Тошпӯлод Гулмуродов, ҷарроҳи тахассуси дараҷаи олӣ, доктори илмҳои тиб, Барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино;

Соли 1957 – Мавлуди Аслиддин Сатторов, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон;

Аслиддин Сатторов
акс за саҳифаи фейсбукаш

Аслиддин Сатторов соли 1957дар деҳаи Варзи Манори ноҳияи Айнӣ зода шуда, Институти кишоварзии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур)-ро хатм кардааст. Аммо шавқу ҳавасе, ки ба санъат дошт, ӯро ба ин ҷода овард.  “Ошиқӣ хоҳӣ, ки то поён барӣ”, “Деҳқон”, “Хуш омадӣ”, “Тоҷикистон”, “Як рӯзи умр”, “Падарҷон”, “Интизорӣ” аз шумули маъруфтарин таронаҳои ӯ мебошанд.

Соли 1961 – Мавлуди Александр Азимов, футболбоз, бозигари дастаи “Помир”;

Соли 1963 – Зодрӯзи Очил Зоҳидов, файласуф, доктори илмҳои фалсафа;

Соли 1978 – Зодрӯзи Озода Раҳмон, ходими давлатӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон.

Озода Раҳмон

Озода Раҳмон, яке аз духтарони Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон, соли 1978 дар Данғара зода шудааст. Ӯ ходими давлатӣ, Сафири фавқулода ва мухтори дараҷаи 2, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аст.

Ӯ солҳои 1995-2000 дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва солҳои 2004-2006 дар Донишгоҳҳои Ҷорҷтаун ва Мериленди ИМА (бахши забономӯзӣ) таҳсил намудааст. Аз 27 январи соли 2016 Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон мебошад. Пеш аз ин дар Вазорати корҳои хориҷӣ то ҳайси муовини вазир кор кардааст.

Соли 1501 – Алишер Навоӣ, шоир, муттафакири ӯзбек, ки ба забони форсӣ низ эҷод мекард, дар Ҳирот аз олам даргузашт. Ӯ дар осори ӯзбекии худ бо тахаллуси "Навоӣ" ва дар ашъори тоҷикиаш бо тахаллуси "Фонӣ" шеъру асарҳо эҷод кардааст.

Алишер Навоӣ бо Абдураҳмони Ҷомӣ, орифу шоири форс-тоҷик робитаи қавии устоду шогирдӣ дошт.


Соли 2010 – Муҳаммадраҳими Сайдар, журналисти маъруфи тоҷик дар бемористони шаҳри Тулаи Русия дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

3 январ дар ҷаҳон як иди ғайриодӣ таҷлил мешавад – ин санаро ҳамчун Рӯзи пайдоиши найча барои "коктейл" ҷашн мегиранд.

Дар ибтидо, найча барои нӯшидани "коктейл"-ҳо аз пояҳои холии гиёҳҳои ғалладона, ба монанди ҷуворӣ сохта мешуд. Тибқи ривоят, аввалин найчаи сунъӣ барои "коктейл"-ро соҳибкори амрикоӣ Марвин Стоун, ки соҳиби корхонаи истеҳсоли найчаи қоғазӣ барои сигор буд, ихтироъ кардааст.

62 сол пеш аввалин парвози ҳавопаймои "Ил-62" дар Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом ёфт. "Ил-62" барои интиқоли гурӯҳҳои то 60 кас дар масофаи муайян бо роҳпаймоии 10 ҳазор км пешбинӣ шуда буд.

Дар оғози солҳои 1990 ҳавопаймо аз ҷиҳати техникӣ кӯҳна гардид. Он керасини зиёд сарф мекард. Аз миёнаи солҳои 1990 истифодаи "Ил-62" коҳиш ёфт ва соли 2005 ширкати “Аэрофлот”, ки яке аз бузургтарин истифодабарандагонаш буд, аз он даст кашид. Ҳамагӣ 276 ҳавопаймои "Ил-62" сохта шуда, охиринаш соли 2004 барои ҳукумати Судон истеҳсол гардид.


65 сол пеш Аляска ҳамчун 49-умин иёлоти ИМА шинохта шуд ва ба бузургтарин иёлот аз рӯи масоҳат табдил ёфт.

Ҳанӯз соли 1812 тоҷири рус Иван Кусков дар Аляска шаҳраки Форт Русро таъсис дод, ки он барои даҳсолаҳо ҳамчун нуқтаи пуштибонӣ барои Ширкати русӣ-амрикоӣ, ки ба шикори ҳайвоноти пӯстдор ва савдо дар қитъаи Амрико машғул буд, хидмат мекард.

30 марти соли 1867 созишномаи фурӯши Аляска ва ҷазираҳои Алеут аз ҷониби Русия ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имзо шуд. Дар моҳи октябри ҳамон сол, Аляска расман ба ИМА дода шуд. Русия барои нимҷазираи 700-километраи Аляска 7 миллион 200 ҳазор доллар гирифт.


 

ВАЗЪИ БОДУ ҲАВО БАРОИ 3 ЯНВАРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона ва рӯзона 0+5º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона ва рӯзона -4+1º.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 0+5º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 9+11º гарм, дар шарқи вилоят шабона 16-21º сард, рӯзона 2-7º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона ва рӯзона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзе ҳолатҳо барф меборад. Ҳарорат: шабона 4-6º сард, рӯзона -1+1º.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.