ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 10 ЯНВАР

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таҷлил мегардад. Соли 2007 маҳз дар ҳамин рӯз ин Агентӣ таъсис ёфтааст. Аз соли 2017 инҷониб 10 январ ҳамчун иди касбии кормандони ин идора таҷлил мешавад.

Соли 1935 – Дар Тоҷикистон ноҳияи Регар таъсис дода шуд. Ин ноҳия 7-уми феврали соли 1978 расман ба ноҳияи Турсунзода тағйири ном кард ва дертар мақоми шаҳрро гирифт.

Соли 1965 – Фабрикаи қаннодии “Ширин” дар Душанбе расман ифтитоҳ гардид.

Соли 2001 – Тоҷикистон бо Фонди Кувайт оид ба ҷудо намудани 16,25 миллион доллар қарз барои сохтмони шоҳроҳи “Шкев-Зиғар” созишнома ба имзо расонид.

Соли 2003 – Саидбек Чолов, ки муовини сардори Раёсати гумруки шаҳри Душанбе буд, бо қарори додгоҳ ба 6 соли зиндон маҳкум гардид. Тибқи иттилои манбаъҳо, парвандаи ҷиноӣ нисбати ӯ бар асоси иттиҳомоти марбут ба қонуншиканиҳои молиявӣ ва фасодкорӣ оғоз шуда буд.

Соли 2014 – Қисми аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо иқтидори 50 мегаватт/соат ба истифода дода шуд.

Соли 2021 – Ба парлумони Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, ки ба Кодекси оила ҷиҳати маҳрум кардан аз ҳуқуқи волидайнӣ барои хушунати ҷинсӣ тағйирот ворид карда шавад.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1918 – Зодрӯзи Самариддин Саъдиев, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

Самариддин Саъдиев

Самариддин Саъдиев дар филми бадеӣ-мазҳакавии “Ман бо духтаре вохӯрдам” яке аз нақшҳои асосӣ – нақши “мӯзадӯз”-ро иҷро кардааст. Ҳамчунин дар як қатор филмҳои маъруфи тоҷикӣ – “Вақти зангирии писар расид”, “Қиссаҳои хурд дар бораи бачаҳое, ки…”, “Тӯфон дар водӣ”, “Бо завқ нигоҳ кун” нақш офаридааст.

Ӯ солҳо дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ 29-уми майи соли 1983 дар синни 65-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1930 – Мавлуди Нусратулло Абдулҳақов, арбоби давлатӣ ва низомӣ, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон.

Соли 1930 – Зодрӯзи Борис Наматиев, ҳунарпешаи театр, овозхон ва навозанда.

Соли 1947 – Зодрӯзи Исомиддин Салоҳиддинов, ходими давлатӣ, собиқ мушовири президенти Тоҷикистон.

Исомиддин Салоҳиддинов

Исомиддин Салоҳиддинов солҳо дар вазифаҳои гуногуни идорӣ фаъолият бурда, 10 сол (1998-2008) мушовири президенти Тоҷикистон буд. Аз соли 2008 то соли 2014 роҳбарии анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – “Пайванд”-ро ба уҳда дошт.

Ӯ 7 ноябри соли 2014 пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 67-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1947 – Зодрӯзи Шодӣ Солеҳ, ҳунарпешаи шинохта, коргардон ва драматурги тоҷик.

Ӯ бо иҷрои як қатор нақшҳо ва ба саҳна овардани чанд намоишнома дар санъати театру синамои тоҷик худро муаррифӣ кардааст. Солеҳов дар филмҳои “Ҳафт домоди рабудашуда”, “Достони Сиёвуш”, “Ашк ва шамшер” нақш офарида, худ намоишномаҳои “Муҷассама”, “Ятимҳои бехона”-ро рӯйи саҳна овардааст.

Ӯ махсусан дар жанри ҳаҷв ҳунари воло дошт ва дар садҳо намоишномаву саҳнаҳои ҳаҷвии телевизонӣ нақш бозидааст.

Шодӣ Солеҳ

Ҳамчунин муаллифи 20 асари саҳнавӣ, 200 саҳначаи хурди ҳаҷвӣ ва беш аз 100 сенарияи телевизионию радиоӣ аст. 

Соли 1950 – Мавлуди Абдураҳмон Азимов, собиқ муовини сарвазири кишвар ва фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон.

Абдураҳмон Азимов дар давоми фаъолияти худ дар қудрати низомӣ ёвари раиси Кумитаи амнияти миллӣ, раиси Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва солҳои 1996 – 1999 муовини Сарвазири Тоҷикистон буд. Азимов инчунин вакили палатаи поёнии парлумон буд ва дар он Кумита оид ба мудофиа ва амниятро сарварӣ мекард.

Абдураҳим Азимов

Ӯ 15-уми майи соли 2020 аз бемории дил дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1950 – Зодрӯзи Атобек Амирбеков, математик, муаллифи китобҳои илмию методӣ барои хоннадагони мактаб.

Соли 1955 – Зодрӯзи Абдушукур Раҷабзод, донишноманавис, донишманди улуми биология. Яке аз муаллифони “Энсиклопедияи милли тоҷик”. Ӯ яке аз қомуснигорони маъруфи кишвар буда. Махсусан дар илми тиб ва биология асарҳои зиёд таълиф намудааст.

Абдушукур Раҷабзод

Аз ҷумла дар табъу нашри китоби ҳаштҷилдаи “Энсиклопедияи Советии Тоҷик”, “Энсиклопедияи миллии тоҷик” ва як қатор донишномаҳои дигари соҳавӣ низ саҳми арзанда дорад.

Соли 1958 – Мавлуди Рустам Аҳадов, коргардони филм, садобардор.

Соли 1958 – Зодрӯзи Қироншоҳ Шарифзода, рӯзноманигор, муҳаққиқи таърихи журналистика.

Қироншоҳ Шарифзода рӯзноманигори маъруф, муҳаққиқи таърихи журналистика ва устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Ӯ фаъолияти касбии худро аз рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” оғоз намуда, солҳои зиёд дар нашрияи парлумонии “Садои мардум” ҳамчун шореҳ фаъолият дошт.

Қироншоҳ Шарифзода

Қироншоҳ Шарифзода муаллифи 8 китоб ва тадқиқоти амиқ дар соҳаи таърихи журналистика, аз ҷумла рӯзномаи аввалини тоҷикӣ – “Бухорои шариф” мебошад. Ӯ устоди вораста ва шахсияти шариф дониста мешавад, ки дар тарбияи наслҳои нави рӯзноманигорон саҳми бузург гузоштааст. Пиромуни зиндагӣ ва эҷодиёту фаъолияти ӯ дар маводи Инсони шарифу рӯзноманигори вораста. Қироншоҳ Шарифзода 66-сола шуд, ки соле пеш “Азия-Плюс” бахшида ба мавлудаш нашҳр карда буд, мутолиа кунед.

Соли 1961 – Зодрӯзи Давлатшоҳ Гулмамадзода, сафири ҳозираи Тоҷикистон дар Русия ва муовини пешини сарвазири Тоҷикистон.

Ӯ яке аз чеҳраҳои матраҳи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода солҳо ба дар  бахши заминсозии кишвар, аз ҷумла, раиси Кумитаи заминсозии кишвар (2001-2006), баъдтар директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006-2008), сонитар қариб 7 сол раиси вилояти Хатлон (2013-2019), ҳамчунин, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист (2019-2020) кор кардааст.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода

Аз соли 2020 то 2021 муовини сарвазири Тоҷикистон буд. Ҳоло аз августи соли 2021 сафири Тоҷикистон дар Русия, яке аз кишварҳои шарики стратегии Тоҷикистон мебошад.

Соли 1964 – Зодрӯзи Абдушариф Боқизода, донишманд ва ховаршиноси тоҷик.

Абдушариф Боқизода яке аз пажӯҳишгари улуми исломӣ буда, таърихи исломро омӯхта, асарҳои зиёде дар ин ришта таълиф кардааст. “Таърихи ислом”, “Имоми Аъзам бузургмарди таърихи башарият”, “Тафсири навини Қуръони карим” аз ин қабиланд.

Солҳои охири зиндагиаш ӯ дар Энсиклопедияи миллии тоҷик фаъолият мекард ва 27 сентябри соли 2024 дар синни 60-солагӣ аз олам даргузашт.

Абдушариф Бақозода

Соли 1997 – Ашӯр Сафар, Шоири халқии Тоҷикистон дар синни 68-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 2022 Ҳокими Азиз, яке аз журналистони шинохтаи телевизион ва муаллифи барномаи машҳури "Суҳбати мардона" дар телевизон бар асари беморӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

10 январи соли 1863 дар шаҳри Лондон, Британияи Кабир аввалин хати метро дар ҷаҳон ифтитоҳ шуд. 

Ин хатро ширкати "Metropolitan Railway" сохта буд ва он ҳамчун роҳи оҳани зеризаминӣ барои ҳамлу нақли мусофирон истифода мешуд. Аввалин хати метро Лондонро бо минтақаҳои дигар пайваст мекард ва имрӯз Лондон дорои яке аз васеътарин шабакаҳои метро дар ҷаҳон аст.

Аввалин метро дар Лондон

10 январи соли 1946 дар Лондон иҷлосияи якуми Ассамблеяи Генералии СММ оғоз ёфт. Ҷолиб ин аст, ки ин сана ба солгарди ташкил ёфтани Лигаи Миллатҳо — ҳаракати умумиҷаҳонии сулҳ ва ҳамкории байни халқҳо, ки 10 январи соли 1920 таъсис ёфта буд, рост меояд. Он аввалин ташкилоти байналхалқии сиёсӣ гардид. Ин ташкилот 18-уми апрели соли 1946 барҳам дода шуд  ва дороиҳо ва уҳдадориҳои он ба СММ интиқол дода шуд.

Имрӯз дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи одамони вижа ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба шахсоне, ки тарзи тафаккури фарқкунанда ва хос доранд, бахшида шудааст. Онҳо ҳамеша қолаб ва меъёрҳоро рад карда, бо андешаҳои нав дар бораи дигаргун сохтани ҷаҳони мавҷуда фикр мекунанд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 10 ЯНВАРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6º сард, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14º сард, рӯзона -1+4º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1-6º сард, рӯзона 6+11º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1-6º сард, рӯзона 3+8º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 13-15º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 13-18º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард, рӯзона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 30-35º сард, дар баъзе минтақаҳо то 43-45º сард, рӯзона 11-16º сард,  дар баъзе минтақаҳо то 19-21º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 1-3º хунук, рӯзона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 3-5º сард, рӯзона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 15-17º сард, рӯзона 1-3º сард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.