ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 19 ЯНВАР

Соли 1935 – Ноҳияи Регар таъсис ёфт. 6-уми декабри соли 1979 ба ифтихори Қаҳрамони Тоҷикистон ва шоири маъруфи тоҷик Мирзо Турсунзода ин ноҳия номи шаҳри Турсунзода гирифт.

Соли 1936 – Ноҳияи Қумсангир таъсис дода шуд. Маркази ин ноҳия шаҳраки Дӯстӣ мебошад. Соли 2016 номи ноҳияи Қумсангир ба ноҳияи Ҷайҳун тағйир дода шуд.

Соли 1936 – Ноҳияи Нуробод бо номи ноҳияи Дарбанд дар таркиби вилояти Ғарми Тоҷикистони Шӯравӣ таъсис ёфт. То соли 1991 он ноҳия Комсомолобод ном дошт. Сипас, номи он дубора ба ноҳияи Дарбанд иваз карда шуд. 7-уми апрели соли 2003 ноҳия номи Нурободро гирифт.

Соли 2011 – Дар Рашт корҳо барои муайян ва безараргардонии гурӯҳи мусаллаҳи Мулло Абдулло оғоз гардид.

Соли 2018 – Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар гузаронидани борҳои роҳи оҳан тариқи қаламрави худ аз 30 то 50 фоиз тахфиф ҷорӣ кард.

Соли 2022 – Шаҳрдории Душанбе аз тахриби бинои истиқоматие, ки дар он шоирону нависандагон зиндагӣ мекунанд, хабар дод. Ба ҷои он шаҳрчаи “Олимақом” месозанд.

Соли 2024 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар бораи то 30% ихтисор кардани кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ фармон имзо кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1950 – Зодрӯзи Меҳриниссо Бобобекова, шоир, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон.

Соли 1952 – Мавлуди Муин, сарояндаи маъруфи форсизабони Эрон

Муин

Муин, ки номи пуррааш Насруллоҳ Муин Наҷафободӣ аст, аз машҳуртарин сарояндагони Эрон аст, ки сурудҳояш дар тамоми ҷаҳон, махсусан кишварҳои форсизабон маъруф аст.

Ӯ бо сабабҳои сиёсӣ тарки ватан карда, дар Амрико зиндагӣ мекунад. Аммо ҳеҷ гоҳ дур аз ёди ватан набудааст, чуноне суруди “Бозам михом ба Исфаҳон баргардам” пурсӯзу гудоз иҷро намудааст.

Муин 23 албоми сурудҳо дорад, аз ҷумла “Хотираҳо”, “Дилам танге”, “Оғуш”, “Таркам накун”, “Ошиқ ки бошӣ”, “Девонагӣ накун” аз ҷумлаи сурудҳои маъруфи ӯ мебошанд.

Соли 1958 – Мавлуди Марҳабо Ҷабборӣ, омӯзгор ва сиёсатмадор, доктори илмҳои филология, собиқ муовини Сарвазири Тоҷикистон.

Соли 1980 – Зодрӯзи Садриддин Наҷмиддин, сарояндаи тоҷик.

Садриддин Наҷмиддин

Садриддин Наҷмиддин яке аз маъруфтарин сарояндагони тоҷик дар замони муосир аст. Дар тӯли фаъолияти ҳунарӣ Садриддин зиёда аз 100 таронаи шинохташуда иҷро кардааст, ки бисёре аз онҳо дар Тоҷикистон ва берун аз он маъруфанд.

Ӯ дар Русия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон ва кишварҳои Аврупо консертҳои худро баргузор кардааст. Соли 2018 ӯ ҷоизаи “Ситораи сол”-и фестивали мусиқии Тоҷикистонро соҳиб шуд.

Садриддин Наҷмиддин чанд сол пеш Тоҷикистонро тарк кард ва айни ҳол дар Канада зиндагӣ мекунад.

Соли 2015 – Суҳроб Шарипов, сиёсатмадори маъруф ва раиси пешини Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон дар 51-солагӣ аз олам чашм баст.

Ӯ соли 1988 факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносовро хатм намудааст. Сипас то соли 1993 дар шуъбаи аспирантураи ҳамин донишгоҳ таҳсил намуда, то соли 1998 дар ҳамин даргоҳи илм кору фаъолият кардааст.

Суҳроб Шарифов

Соли 1998 ба ватан баргашта, солҳои 1998-2001 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сардори раёсат, солҳои 2001-2003 дар дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба ҳайси муовини сардори шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилӣ, солҳои 2003-2005 ёрдамчии Президенти Тоҷикистон, солҳои 2005-2011 директори Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст. Аз соли 2011 то дами марг вакили палатаи поёнии парлумони кишвар буд.

Соли 2016 – Борис Наматиев, ҳунарпешаи театр, овозхон ва навозандаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 2021 – Ҳабибулло Абдураззоқов, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон ва коргардони маъруфи тоҷик дар синни 84-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Ҳабибулло Абдураззоқов яке аз чеҳраҳои барҷастаи театру синамои тоҷик буда, 11-уми декабри соли 1937 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Фаъолияти эҷодии ӯ беш аз 60 солро дарбар мегирад, ки дар ин муддат дар беш аз 30 филми тоҷикӣ ва шӯравӣ нақш офаридааст. Аз ҷумла дар саҳнаи театр нақши Карл Моор дар “Роҳзанҳо”, Чатский дар “Мусибат аз ақл”, Ёдгор дар “Дохунда”-ро офаридааст. Дар синамо дар филмҳои “Марги судхӯр”, “Хиёнат”, “Достони Сиёвуш”, “Муҳосира”, “Одам пӯсташро иваз мекунад” нақш иҷро кардааст.

Дар ин пайванд охирин мусоҳибаи Ҳабибулло Абдураззоқов, ки оид ба фаъолияти эҷодӣ ва солҳои охири зиндагии ӯ бахшида шудааст, хонед.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

18 январи соли 1955 Президенти ИМА Дуайт Эйзенхауэр аввалин нишасти матбуотии телевизиониро дар ҷаҳон баргузор кард.


Ӯ барои аввалин бор ба телевизион ва маҷаллаҳои хабарӣ иҷозат дод, ки наворҳои нишасти матбуотиро пахш кунанд. Нишасти матбуотии 33-дақиқагӣ то 28 дақиқа кӯтоҳ карда шуд ва аз онҷо ибораи машҳури “Ҳамаашро баъдтар бурида мепартоянд...” пайдо шуд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 19 ЯНВАРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13º сард, рӯзона 0-5º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 4+9º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбӣ бориши барф ва дар шарқи вилоят асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 8-13º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард, рӯзона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 28-33º сард, дар баъзе минтақаҳо  то 41-43º сард, рӯзона аз 12-17º то 20-25º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои  тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 8-10º сард, рӯзона -1+1º мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.