ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони хадамоти гумрук таҷлил мегардад. Ин сана ба таъсиси мақомоти гумруки кишвар иртибот дорад, ки 22 январи соли 1993 бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гумрук” расман оғоз ёфт.
Мақомоти гумрук яке аз сохторҳои муҳими давлатӣ буда, масъули назорат ва танзими ҳаракати молу маҳсулот аз сарҳадоти кишвар мебошанд. Онҳо ба таъмини амнияти иқтисодӣ, пешгирии қонуншиканиҳо, аз ҷумла қочоқи мол ва дигар амалиёти ғайриқонунӣ масъуланд.
Соли 1960 – пойгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Помир ташкил шуд.
Соли 1992 – Бо дархости Тоҷикистон дар Минск роҳбарони кишварҳои ИДМ қарор қабул карданд, киба Тоҷикистон Қувваҳои якҷояи сулҳоварро фиристанд.
Соли 1993 – Дар Панҷакент навбати аввали корхонаи тиллокании Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Соли 2010 – Дар Душанбе ҳукми гурӯҳи салафиҳо ва роҳбари онҳо Сироҷиддин Абдураҳмонов эълон гардид. Ӯ ба 7 сол зиндон маҳкум шуд. Ӯ дар асоси қонуни авф соли 2013 аз зиндон озод ва дубора соли 2021 барои "ташкили фаъолияти созмони ифротгароӣ гунаҳкор донистанд" 5,5 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Соли 2010 – Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон таъсис ёфт.
Соли 2011 – Дар Хуҷанд аз ду амали террористӣ пешгирӣ шуд, ки яке дар назди бинои Раёсати ВКД ва дигаре дар назди Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар вилояти Суғд ба нақша гирифта шуда буд.
Соли 2021 – Бинои нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1904 – Мавлуди Аркадий Ҳайдар, нависанда, муаллифи асарҳои бачагона ва филмноманависи рус.
Аркадий Ҳайдар нависандаи маъруфи шӯравӣ буд, ки асарҳояш асосан барои кӯдакон ва наврасон навишта шудаанд. Асарҳои машҳури ӯ, ба мисли “Тимур ва дастаи ӯ” ва “Чук ва Гек” арзишҳои дӯстӣ ва адолатро тараннум мекунанд.
Аркадий Гайдар дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун мухбири ҳарбӣ иштирок карда, 26 октябри соли 1941 дар назди Канев, ҳангоми ҳимояи партизанҳо ҳалок шуд. Номи ӯ бо иншои як қатор асарҳои пурарзиш абадӣ шудааст ва дар Тоҷикистон низ маъруфият дорад.
Соли 1966 – Мавлуди Ҳотами Ҳомид, рӯзноманигори тоҷик.
Ҳотами Ҳамид дар риштаи рӯзноманигорӣ солҳо фаъолият карда, муддате хабарнигори “Чархи гардун” ва ҳамзамон солҳои 2000-2004 сармуҳаррири ҳафтаномаи хусусии “Анӯшервон” буд. Ӯ муаллифи чор маҷмӯъа – “Марди нексиришт”, “Набардозмуда”, “Дасти одам – гул”, “Барги андеша” ва маҷмӯъаи ашъори бачагонаи “Гули зардолу” аст.
Соли 2015 – Шамсӣ Низомов, коргардони санъати операи тоҷик дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт.
Шамсӣ Низомов яке аз заминагузорони санъати опреаи тоҷик аст. Ӯ солҳо дар театрҳои Тоҷикистон ба унвони саркоргардон, коргардон ва овозхон фаъолият бурдааст. Ӯ зиёда аз 100 операи оҳангсозони тоҷик ва классикони ҷаҳонро рӯйи саҳна овардааст. Аз ҷумла, “Афсонаи Шерак”, “Лаънаткардаи халқ”, “Бозгашт”, “Рӯдакӣ”, “Ғуломон»-и Зиёдулло Шаҳидӣ, “Евгений Онегин” аз ин қабиланд.
Соли 2020 – Субҳон Кошонов, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, раиси кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” дар синни 66-солагӣ аз олам чашм баст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз рӯзи пайдоиши попкорн (ҷуворимакка) аст.
Ҳанӯз дар ибтидои асри XVI аҳолии бумии Мексика попкорнро на танҳо ҳамчун ғизо, балки барои ороиши мӯй ва ҳамчун гарданбанд низ истифода мебурданд. Аврупоиҳо танҳо соли 1630 дар бораи попкорн огоҳӣ пайдо карданд: 22 январ, мустамликадорони англис дар Амрикои Ҷанубӣ аз сардори қабилаи Кводекуа халтаи попкорн ҳадя гирифтанд. Танҳо ду аср баъд Чарли Крейтон мошини “Поппер”-ро барои пухтани попкорн ихтироъ кард.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 22 ЯНВАРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона ва рӯзона -3+2º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, рӯзона 1-6º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2-7º сард, рӯзона -2+3º.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, рӯзона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 4-6º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят барф ва дар шарқи вилоят асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 8-13º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард, рӯзона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, дар шарқи вилоят шабона 19-24º сард, дар баъзе минтақаҳо то 41-43º сард, рӯзона аз 12-17º то 20-25º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 3+5º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 0+2º гарм мешавад.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони суст меборад. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 5+7º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо барф меборад. Ҳарорат: шабона 8-10º сард, рӯзона 1-3º сард.
“Рӯз аз рӯз вазъ бадтар”. Чаро ва чигуна Русия фаъолияти муҳоҷиронро маҳдуд мекунад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳамсари дузди бадкор”
Барои касбият, ҷасорат ва ҳақиқат. Хонандагон ҳафтаномаи “Азия-Плюс”-ро барои чӣ мехонанд ва дӯст медоранд?
Арабистони Саудӣ ба 35 ҳазор сокини Тоҷикистон кумаки молӣ мекунад
НАВШУДА. Вазири меҳнату раиси Оҷонсии нафақа аз мансаб озод шуданд. Бозхонди Шермуҳаммад Шоҳиён аз раисии Додгоҳи олӣ
Нуриддин Саид аз вазифа барканор ва Носир Саид раиси нави Кумитаи телевизион ва радио шуд
Аз эълони вазъи фавқулода то ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ. Доналд Трамп баъди савгандёдкунӣ корро аз чӣ оғоз кард?
Ҷудокори навраси тоҷик аз Ҷоми Африқо медали тилло ба даст овард
Кӣ ва ё чӣ ба рушди тиҷорат дар Тоҷикистон халал мерасонад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Посухи боғбон ба дузди ҷабрӣ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста