ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ – 25 ЯНВАР
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷлил мегардад.
Соли 1996 – Дар назди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон воҳиди махсуси наҷотдиҳӣ таъсис дода шуд, ки ҳадафи он анҷом додани корҳои наҷотдиҳӣ ва расонидани кумак дар ҳолатҳои фавқулода мебошад.
Соли 2001 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” фармон ба имзо расонид.
Соли 2007 – Президенти Тоҷикистон бо вазири маорифи Эрон масъалаҳои омӯзиш ва таълими забони форсиро дар Тоҷикистон баррасӣ карда буд.
Соли 2012 – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гурӯҳи қочоқбаронро ошкор намуд, ки ба таркиби он кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шомил буданд.
Соли 2016 – Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон пешниҳод дар бораи ҳазфи калиами "Қонуни асосӣ"-ро аз матни Конститутсия тасдиқ намуда, лоиҳаи тағйиротро ба Суди конститутсионӣ ирсол кард.
Соли 2017 – Қарори Ҳукумати кишвар дар бораи қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба имзо расид.
Соли 2021 – Дар бозори “Султони Кабир” дар шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1951 – Зодрӯзи Ҷаҳон Азонзод, дорушинос, ғизошинос ва доктори илмҳои тиб.
Соли 1960 – Зодрӯзи Ҷумъаи Толиб, рӯзноманигори тоҷик.
Дар пайи нашри мақолаҳои интиқодӣ мақомоти қудратӣ ӯро дар соли 2004 8 моҳ зиндонӣ карданд. Пас аз он боз ба рӯзноманигорӣ баргашт. Солҳои 2004—2005 мухбири махсуси Маркази тадқиқоти журналистӣ дар водии Зарафшон. Солҳои 2005—2006 директори иҷроияи Маркази тадқиқоти журналистӣ. Солҳои 2007—2008 директори Оҷонсии иттилоотии «Зарафшон-таймс».
Аз соли 2008 директори Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ, ҳамзамон, аз моҳи марти соли 2009 сармуҳаррири ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Пайкон» буд.
Ҷумъабой Толибов бар асари бемории саратон18 ноябри 2011 дар деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ даргузашт.
Соли 1966 – Зодрӯзи Фаррух Ҳамрализода, иқтисоддон, раиси пешини Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, собиқ раиси Палати ҳисоби Тоҷикистон ва сафири Тоҷикистон дар ИМА. Яке аз кадрҳои собиқадори ҳукумати Тоҷикистон.
Соли 1978 – Ҳабибулло Назаров, арбоби давлатӣ дар 70-солагӣ аз олам даргузашт.
Ҳабибулло Назаров 15 августи соли 1907 зода шуда, аз соли 1935 дар сохторҳои гуногуни мақомоти ҳуқуқи кишвар ба фаъоляит пардохт. Як муддат Вазири адлия ва раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон буд. Соли 1958 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Ҳабибулло Назаров дар ин баробар ба кори эҷодӣ рӯ оварда, маҷмуаҳои “Барои сулҳ”, “Қалами озод”, “Бахти ҷовидон”-ро таълиф намуд.
Баъдан қиссаву романҳояш низ мунташир шуданд. Ӯ дар ҳаммуаллифӣ бо Ҷалол Икромӣ романи ҳаҷвии “Саргузашти Сафармахсум”-ро эҷод кардааст. Як қатор асарҳояш саҳнагузорӣ низ шудаанд.
Соли 2020 – Дар шимоли Тоҷикистон Фотима Мирзоқулова, солхӯрдатарин зани кишвар, ки охири асри XIX таваллуд шуда буд, дар синни 127-солагӣ даргузашт.
Соли 2023 – Мирзо Муллоаҳмад, адабиётшинос ва эроншиноси тоҷик дар синни 74-солагӣ аз олам даргузашт.
Мирзо Муллоаҳмад адабиётшинос ва эроншиноси шинохта буда, перомуни масъалаҳои гуногуни адабиёт, забон, таърих ва фарҳанги тоҷику форс ва роҷеъ ба адибони даврони мухталиф тадқиқот анҷом додааст.
Ба қалами ӯ беш аз 450 асари илмӣ тааллуқ дорад. Ӯ дар бораи эҷоди бузургони классик, аз ҷумла Рӯдакӣ, Фаррухӣ, Қоонии Шерозӣ, Носири Хусрав ва дигарон таҳқиқотҳо анҷом дода, китобҳои алоҳида таълиф ва ё намунаҳои осори онҳоро мураттаб кардааст. Ӯ дар баргардони осори бисёр шоиру нависандагони эронӣ ва пажӯҳиши эҷоди онҳо низ саҳм дорад.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
25 январи соли 1755 Донишгоҳи давлатии Маскав (МГУ) таъсис ёфтааст, ки ҳамасола ин сана таҷлил мешавад. Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов бузургтарин донишгоҳи Русия маҳсуб мешавад, ки дар он донишҷӯён аз минтақаҳои гуногуни кишвар ва хориҷа таҳсил мекунанд.
Аз ҷумла, 6 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов таъсис ёфт.
25 январи соли 1908 дар Боку аввалин маротиба намоиши операи “Лайлӣ ва Маҷнун”, ки аз ҷониби оҳангсози маъруф Узеир Ҳоҷибеков эҷод шудааст, баргузор шуд. Ин рӯйдод боиси рушди минбаъдаи санъати опера дар минтақа ва оғози таърихи операи озарбойҷонӣ гардид.
Опера дар асоси достони ишқи фоҷиавии Лайлӣ ва Маҷнун, ки аз ҷониби шоири форс-тоҷик Низомии Ганҷавӣ дар асри XII навишта шудааст, таҳия гардидааст. Ин достон дар адабиёти Шарқ мақоми баланд дошта, дар фарҳангҳои гуногун таъсири амиқ гузоштааст.
25 январи соли 1949 аввалин маротиба ҷоизаи телевизионии амрикоии “Эмми” супорида шуд. Ин ҷоиза дар чандин бахш тақдим мешавад, аз ҷумла “Беҳтарин филми саҳнавӣ”, “Беҳтарин филми мазҳакавӣ”, “Беҳтарин филми кутоҳ”, “Беҳтарин ҳунарманди синамо”, “Беҳтарин барномаи аниматсионӣ” ва ғайра.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 25 ЯНВАРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, рӯзона -1+4º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 4+9º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1º, рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 4-6º сард, рӯзона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 11-16º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, рӯзона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 24-29º сард, дар баъзе минтақаҳо то 40-42º сард, рӯзона 13-18º сард, дар баъзе минтақаҳо то 20-25º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 9+11º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 4+6º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 6+8º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 12-14º сард, рӯзона 2-4º сард.
Дар бораи макони нерӯ, истеъдодҳо ва оянда. Чаро “Азия-Плюс” дар Тоҷикистон ҳамчун расонаи №1 боқӣ мемонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 январи соли 2025
Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз Додгоҳи олӣ ва Додситонии кул бозбинии парвандаи Аҳмади Иброҳимро хостааст
“Ёддошт” ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон
Идомаи тағйироти кадрӣ. Таъини додситони ҳарбӣ ва ивази муовини Озода Раҳмон
Билохира нахустин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент анҷом ёфт
Аз гӯйишҳои зебои форсӣ то лағви раводиду рушди гардишгарӣ. Ёддошти як вазири баландпояи Эрон аз сафараш ба Тоҷикистон
Кори Зафар Сайидзода ба ҳайси Консули кулли Тоҷикистон дар Екатеринбург ба анҷом расид
Барои пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон $8 миллиард лозим аст. Онро аз куҷо ва чӣ гуна пайдо бояд кард?
Эрон, Уммон ва Куриёи Шимолӣ. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2025 маълум шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста