ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 26 ЯНВАР

Соли 1963 – Фурудгоҳи нави "Душанбе" ба кор оғоз кард.

Соли 2004 – Гвардияи Президент ба Гвардияи миллии Тоҷикистон табдили ном кард.

Соли 2011 – Ҳукумати Тоҷикистон барои издивоҷ бо хориҷиён маҳдудият ҷорӣ кард.

Соли 2015 – Президенти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки соли 2015 дар ҷумҳурӣ “Соли оила” эълон карда шавад.

Соли 2016 – Ҳукумат ширкати “Тоҷик Эйр”-ро аз Фурудгоҳи пойтахт ҷудо карда, онро ба феҳристи корхонаҳои тобеи Вазорати нақлиёт ворид кард.

Соли 2017 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз нав Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб гардид.

Соли 2019 – Рустами Эмомалӣ. раиси шаҳри Душанбе қарореро имзо кард, ки тибқи он ҳамаи кормандоне, ки дар бозорҳо, марказҳои савдо, марказҳои хизматрасонии маишӣ, мағозаҳо ва нуқтаҳои хӯроки ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд, новобаста аз шакли моликият, бояд бо либоси ягонаи корӣ таъмин бошанд.

Соли 2021 – Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба парлумони кишвар изҳор дошт, ки дар кишвар коронавирус вуҷуд надорад, вале хоҳиш кард, ки дар бораи пӯшидани ниқоб фаромӯш накунанд. Ҳамчунин, вай супориш дод, ки деҳқонон аз пардохти андози заминӣ барои як сол озод карда шаванд.

Соли 2023 – Дар Тоҷикистон фаъолияти ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон», ки пештар ба шаҳрвандон кумаки ҳуқуқии ройгон мерасонд, қатъ гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1935 – Мавлуди Наримон Бақозода, шоири бачагонаи тоҷик.

Наримон Бақозода

Наримон Бақозода адиби номдори тоҷик имрӯз 90-сола шуд. Ӯ ҳаёти худро ба эҷоди шеъру достон барои кӯдакону наврасон бахшида, 26-уми январи соли 2009 дар рӯзи мавлудаш бар асари сактаи қалб аз олам даргузашт.

Наримон Бақозода барои кӯдакону наврасон як силсила шеъру достон офаридааст, ки дар маҷмӯаҳои “Гулдара”, “Шеърҳо, афсонаҳо, чистонҳо”, “Сурнайчӣ”, “Оши ҳалол”, “Чӣ хуш аст?”, “Дафтари мо – кони панҷ” ва ғайра фароҳам омадаанд.

Ҳамчунин ӯ муаллифи аввалин либреттои операи бачагонаи тоҷик “Хонаи заргӯшбибӣ” ва драмаҳои “Бузаки ҷингилапо”, “Бахтатро бедор кун” аст.

Соли 1973 – Зодрӯзи Ҷасур Халилов, оҳангсоз, роҳбари бадеии гурӯҳи “Авесто”.

Ҷасур Халилов

Ҷасур Халилов дар оилаи Суръат Халилов, композитори тоҷик ба дунё омадааст. Ӯ намояндаи насли ҷавонтарини композиторони Тоҷикистон аст ва дар ҷодаи мусиқии эстрадӣ эҷод мекунад.

Соли 1995 – Рустами Қосим, овозхони тоҷик дар 25-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 2009 – Наримон Бақозода, шоири бачагонаи тоҷик дар синни 74-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 2018 – Султон Наврӯзов, файласуф, доктори илмҳои фалсафа дар 78-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола, 26 январ дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии гумрук таҷлил мешавад.


Дар ҳамин рӯзи соли 1953 дар Брюссел нахустин иҷлосияи Шӯрои ҳамкориҳои гумрукӣ баргузор шуд, ки соли 1994 номи кунунии худ – Созмони ҷаҳонии гумрукро гирифт. Пас аз 30 сол, соли 1983, ин рӯз ҳамчун ҷашни ҳамасолаи Рӯзи байналмилалии гумрук интихоб шуд. Дар ҳоли ҳозир, Созмони ҷаҳонии гумрук 185 кишварро дар узвияташ дорад, ки беш аз 98% тамоми тиҷорати байналмилалиро идора мекунанд.

Имрӯз Рӯзи умумиҷаҳонии маданияти экологӣ таҷлил мешавад. Эъломияи Стокголм, ки соли 1972 дар Конфронси СММ оид ба проблемаҳои экологӣ қабул шуда буд, такони асосии рушди маърифати экологӣ маҳсуб мешавад. Дар конфронс бори нахуст консепсияи рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар эъломия 26 принсипи ҳифзи муҳити зист номбар шудааст, ки то имрӯз риоя мешаванд.


Ҳадафҳои асосии Рӯзи умумиҷаҳонии маданияти муҳити зист нишон додани аҳамияти таълими экологӣ ҳамчун як фанни илмӣ аст, ки ҷанбаи иҷтимоии мушкилоти экологиро таъкид мекунад ва ба рушди огоҳӣ, дониш, малака ва ҳавасмандии зарурӣ барои ҳал ва пешгирии ин мушкилот нигаронида шудааст.

26 январи соли 1924 Петроград ба Ленинград ивази ном кард. Баъди вафоти Ленин карор дода шуд, ки ба Петроград исми Ленинград дода шавад. Шаҳр ба номи таърихиаш – Санкт-Петербург соли 1991 баргашт.


Соли 1905 дар ҳамин рӯз дар Африқои Ҷанубӣ бузургтарин алмоси ҷаҳон истихроҷ карда шуд. Дар кони “Премер” бузургтарин алмос дар таърихи инсон кашф карданд, ки вазнаш 621,2 грамм буд.


Он ба шарафи кашфкунанда ва соҳиби кон, Томас Куллинан “Куллинан” номида шуд. Соли 1907 ин санг ҳамчун тӯҳфа ба шоҳи Англия Эдвард VII чун аломати оштӣ пас аз ҷанги Бур тақдим карда шуд. Ҳоло арзиши аслии “Куллинан” ба арзиши 94 тонна тилло баробар аст.

26 январи соли 1500 аврупоиҳо бори аввал ба хоки Бразилия қадам гузоштанд. Муваффақияти кашфкунандаи ҳудудҳои ба Бразилияи муосир мансуб ба Висенте Янес Пинзон, баҳрнавард, сайёҳ ва конкистадори испанӣ тааллуқ дорад.


Висенте Янес Пинзон солҳои 1492-1493 дар экспедитсияи якуми Кристофер Колумб ба ҷаҳони нав иштирок карда буд. Соли 1499 ӯ ба саёҳати мустақил, ба соҳилҳои Америкаи Ҷанубӣ баромад. Киштии ӯ ба тӯфон дучор шуд ва 26 январи соли 1500 дар соҳили давлати муосири Бразилия – Пернамбуко ба поён расид.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 26 ЯНВАРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо -3+2º, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11º сард,  рӯзона -1+4º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона 4+9º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 10-15º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард, рӯзона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 28-32º сард, дар баъзе минтақаҳо то 39-41º сард, рӯзона 13-18º сард.    

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 13-15º сард, рӯзона 0-2º сард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.