ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 27 ЯНВАР

Соли 1935 – Дар бораи нашри луғати мукаммали русӣ-тоҷикӣ қарор қабул шуд. Шӯрои илмии алифбои нави тоҷикии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Соли 1993 – Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон барқарор шуданд.

Соли 2016 – Озода Раҳмон, яке аз духтарони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъин гардид.

Соли 2019 – Демаркатсияи пурраи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба анҷом расид.

Соли 2021 – Бонки миллии Тоҷикистон ба ҶСП “Скай Катеринг”, ки дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон хӯроки ҳавопайморо таъмин менамояд, иҷозатномаи хизматрасонии махсус бо асъори хориҷӣ дод.

Соли 2022 – Раисони шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат, Роғун ва роҳбари ширкати “Барқи тоҷик” нав шуданд.

Соли 2022 – Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи нав рух дод, ки дар натиҷа ду тоҷик кушта ва 10 тани дигар захмӣ шуданд.

Соли 2022 – Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ сармураббии нави тими миллии футболи Тоҷикистон шуд.

Петр Шергт

Таҳти роҳбарии ӯ дастаи Тоҷикистон  24 бозӣ анҷом дода, дар 11 бозӣ пирӯз шуда, 7 бор мусовӣ кардааст. Дар давраи роҳбари ӯ мунтахаби Тоҷикистон бори аввал, ба Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт ва ба марҳилаи чорякниҳоӣ рафт. Бинобар анҷоми муҳлати шартнома дар аввали соли 2024 ӯ аз вазифаи сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон рафт.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1940 –  Мавлуди Сорбон, Нависандаи халқии Тоҷикистон.

Нависандаи нозукбаёни тоҷик Сорбон (Пури Ҳамроҳ) имрӯз 85-сола шуд. Мавсуф 27-уми январи соли 1940 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омада, факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Муддати мадиде дар кори рӯзноманигорӣ ҳам машғул шудааст.

Сорбон

Сорбон яке аз нависандагони маъруф ва соҳибноми тоҷик аст. Асари “Ҷӯгӣ”-и ӯ яке аз беҳтарин асарҳои муосир дар адабиёти тоҷик дониста мешавад. Ҳамчунин ӯ муаллифи қиссаву романҳои маъруфи “Занги аввал”, “Санги сипар”, “Марди танҳо”, “Достони писари Худо” ва чандин маҷмӯаи гуногунмуҳтаво аст.

Ҳикояҳои Лев Толстой, Фёдор Достоевский, «Пӯлод чӣ тавр обутоб меёбад”-и Николай Островский, романи “Ман офтобро мебинам”-и Нодар Думбадзе, қиссаи “Киштии сафед”-и Чингиз Айтматовро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Азия-Плюс дар ҷашни 80-солагии нависанда дар бораи зиндагиаш, буҳрони маънавӣ дар ҷомеа, фарқи адабиёти замони шӯравӣ аз Тоҷикистони навин ва масоили дигар мусоҳиба анҷом дода буд, ки дар матлаби Сорбон: Кори ман сиёсатбозӣ нест... метавонед мутолиа кунед.

Соли 1948 – Мавлуди Савринисо Сабзалиева, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

Савриниссо Сабзалиева

Савринисо Сабзалиева яке аз ҳунарпешагони муваффақ ҳам дар синамо ва ҳам дар театр буда, ҳамчунин дар дубляжи як қатори филмҳо низ саҳм дорад. Баъди хатми Донишкадаи санъати Тоҷикистон аввал дар Театри давлатии ба номи Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ карда, баъдан дар мактаби мусиқии бачагонаи шаҳри Хоруғ муддате дарс гуфтааст.

Дар саҳнаи театр бо иҷрои нақшҳо дар намоишномаҳои “Рӯдакӣ”, “Отелло”, “Дод аз дасти ақл” дар хотирҳо мондааст. Дар синамо бошад, дар филмҳои тоҷикии “Духтарони суғдӣ”, “Асрори нӯҳ пайғамбар”, “Гумгаштапайдо”, “Иштибоҳ”, “Вохӯрӣ дар дараи марг” ва ғайра нақш бозидааст.

Соли 1964 – Мавлуди Маҳмадқул Каримов, кимиёгар, доктори илмҳои кимиё.

Соли 1983 – Мавлуди Шукрулло Хайрзода, иқтисоддон, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод ва муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон.

Соли 2022 - Далер Лоҳутӣ, файласуф, забоншинос ва тарҷумон, писари Абулқосим Лоҳутӣ дар синни 87-солагӣ дар Маскав аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имруз, рӯзи аз муҳосираи фашистӣ комилан озод шудани Ленинград ҷашн гирифта мешавад. Соли 1941 Гитлер дар канори Ленинград амалиёти ҷангӣ cap карда, 8 сентябр шаҳрро ба муҳосира гирифт. 27 январи соли 1944 артиши шӯравӣ мухосираро, ки 872 рӯз давом карда буд, комилан барҳам доданд.


Имрӯз Рӯзи байналмилалии ёдбуди қурбониёнии Ҳолокост таҷлил мешавад. Ин рӯз аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ 1-уми ноябри соли 2005 тасдиқ шудааст.


Имрӯз, рӯзи кашфи Антарктида таҷлил мешавад. 27 январи соли 1820 аввалин экспедитсияи русҳо ба Антрктида бо сардории Таддей Беллингсгаузен пас аз шаш моҳ ба қитъаи ҷанубӣ расид. Дар маҷмӯъ, сафар 750 рӯз давом карда, 28 ҷазира дар баҳрҳои ҷанубӣ ва як соҳили қаблан номаълуми материк кашф карда шуданд.


Дар ҳамин рӯз, "Кайҳон моликияти тамоми инсоният" эълон карда шудааст. 27 январи соли 1967 “Дар бораи меъёрҳои фаъолияти давлатҳо дар тадқиқ ва истифодаи фазоӣ кайҳон, аз ҷумла Моҳ ва дигар ҷисмҳои осмонӣ” созишнома ба имзо расид. Имруз зиёда аз 100 мамлакат иштирокдори ин Шартнома мебошанд.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 27 ЯНВАРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо -3+2º, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11º сард, рӯзона -1+4º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона 4+9º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 10-15º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард, рӯзона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 28-32º сард, дар баъзе минтақаҳо то 39-41º сард, рӯзона 13-18º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 11-13º сард, рӯзона 0-2º сард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.