Исфандиёри Саъдулло, раиси нави Хадамоти алоқа тасдиқ кард, ки ҳоло “Почтаи тоҷик” ба Русия мактуб ё бор намефиристад ва гуфт, ки байни ин корхона ва Почтаи Русия “баъзе мушкилот” ва “ихтилофи назар” вуҷуд дорад.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи “Азия-Плюс” гуфт, ки мушкили байни ин ду почта аз моҳи июли соли гузашта ба миён омадааст ва ҳоло аз пайи рафъ кардани он чораҳо андешида истодаанд.
Ба гуфтаи Исфандиёри Саъдулло, байну ду ниҳоди хидматрасон “дар мавриди ҳисоббаробаркуниҳо ихтилофи назар ҳаст”.
“Ман дар “Почтаи тоҷик” будам ва бо фаъолияти онҳо шинос шудам. Мушкилоти зиёд ҳаст. Мушкилиҳо ҳалли худро талаб менамояд. Фаъолияти “Почтаи тоҷик” ва “Почтаи Русия” каме дуруст ба роҳ монда нашудааст. Мо ин масъаларо аллакай баррасӣ кардем. Роҳҳои ҳаллашро меёбем ва (фаъолияти дуҷонибаро – аз идора) барқарор мекунем”, - гуфт раиси нави Хадамоти алоқа.
Ӯ дар мавриди шикояти сокинон аз нархи гарони хидматрасонии “Почтаи тоҷик” гуфт, ки “нархномаро Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъйин мекунад” ва “дар ин байн хидматрасониҳои ширкатҳои миёнаравро низ ба назар мегиранд”.

Бояд гуфт, ки моҳи ноябри соли 2024 хонандагон бо исроли мактуб ба идораи “Азия-Плюс” нигаронӣ карда буданд, ки “Почтаи тоҷик” ба Русия мактуб ё ҳар гуна бори дигар равон намекунад.
Барои санҷиши вазъ мо ба чанд шуъбаи “Почтаи тоҷик” дар Душанбе муроҷиат кардем. Дар ҳама нуқтаҳо бори моро барои ба Русия равон кардан қабул накарданд ва гуфтанд, ки Русия “борҳои “Почтаи тоҷик”ро қабул намекунад”.
Аммо он замон, Фаридун Қурбонов, директори “Почтаи тоҷик” дар суҳбати телефонӣ ин мушкилро рад карда, изҳор дошта буд, ки “мактубҳо ба Русия фиристода мешаванд”.
Ба гуфтаи муроҷиаткунандагон, дар “Почтаи тоҷик” тавсия додаанд, ки ба хадамоти хусусии “Почтаи аср” муроҷиат кунанд, аммо нархи ин почтаи хусусӣ чанд маротиба гаронтар аст. Мо он вақт кӯшиш крадем фаҳмем, ки чаро почтаи давлатӣ ин хидматрасониро иҷро карда наметавонад, аммо почтаи хусусӣ метавонад – ҷузъиётро дар ин матлаб мутолиа кунед.
Ҷолиб ин аст, ки почтаи давлатӣ интиқоли борро 30-50 рӯзи корӣ ваъда медиҳад, почтаи хусусӣ онро дар 5-7 рӯз мерасонад, гарчанде ҳарду аз як ҳавопаймо истифода мебаранд.
Нархи хидматрасонии Почтаи тоҷик низ нисбат ба дигар почтаҳои давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ гаронтар аст. Барои санҷиш, мо қимати ирсоли мактуб ва борро аз пойтахтҳои Осиёи Марказӣ ба Маскав муқоиса кардем.
Нархи ирсоли мактуб дар Туркманистон дар сомонаи “Почтаи Туркманистон” нишон дода нашудааст.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2025
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста