Дар ҷумҳурии Чувашистон аз 1-уми апрели соли ҷорӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ кор дар соҳаҳои тиҷорати чаканаи машрубот ва тамоку, нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла, таксӣ, ҳамчунин дар бахшҳои маориф, фарҳанг, варзиш ва фароғат манъ мешавад.
Дар ин бора расонаҳои Русия хабар дода, навиштаанд, ки фармони дахлдорро Олег Николаев, раиси ҷумҳури Чувашистон имзо кардааст.
Гуфта мешавад, ки ҳадафи ин кор коҳиши қонуншиканиҳо дар соҳаи муҳоҷират ва таъмини кор барои шаҳрвандони дохилӣ аст.
Бар асоси фармони дахлдор, корфармоён бояд то 1-уми апрел шумораи коргарони хориҷии худро бознигарӣ кунанд ва онҳоро ба муқаррароти нав мутобиқ созанд.
Гуфта мешавад, ки ин мамнуъият ба шаҳрвандони Қазоқистон, Арманистон, Беларус ва Қирғизистон, ҳамчунин мутахассисони баландихтисос, ки ҳаққи кор бидуни иҷозатнома дар Русияро доранд, дахл надорад.
Бояд гуфт, Чувашистон яке аз камтарин минтақаҳои Русия буд, ки дар он ҷо кор дар соҳаҳои гуногун барои муҳоҷирон манъ нашуда буд. Акнун ин минтақа низ ба рӯйхати минтақаҳое шомил шудааст, ки муҳоҷирон дар онҳо қариб дар ҳеҷ куҷо кор карда наметавонанд.
Қобили зикр аст, ки пас аз ҳодисаи "Крокус" дар Маскав фишору таъқиб ва боздошту ихроҷи муҳоҷирон дар Русия афзуд. Маҳз баъди ин ҳодиса мақомоти Русия ба маҳдуд кардани ҳуқуқи муҳоҷирон дар ин кишвар оғоз карданд.
Чанде пеш расонаҳои Русия хабар дода буданд, ки соли гузашта дар беш аз нисфи ин кишвар ва ё 47 минтақаи он кор барои муҳоҷирон манъ ва маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд.
Маҳдудиятҳои зиёдтар дар минтақаи Краснодар (дар 99 соҳа) ҷорӣ шуда, дар ҷойи дуюм вилояти Твер (82) қарор дорад. Аз ҳама камтар маҳдудиятҳо дар вилояти Воронеж (10 соҳа) амал мекунанд.
Соли 2025 барои муҳоҷироне, ки нияти кору зиндагӣ дар Русияро доранд, тағйироти зиёд мешавад. Шурӯъ аз ҳамин сол муҳоҷирони ғайриқонунӣ зери назорати қатъӣ хоҳанд буд, бинобар ин риояи ҳама қоидаҳои нав муҳим аст. Ин қоидаҳо кадомҳоянд? Дар ин мавод талош кардем, ки онҳоро муфассал шарҳ диҳем.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста