5 феврали соли 2025 дар шаҳри Душанбе Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки Осиёгии Рушд дар Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) мизи мудаввар дар мавзуи “Натиҷагирии 29-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП29)” бо иштироки раиси Кумита Баҳодур Шерализода, директори кишварии Бонки Осиёгии Рушд дар Тоҷикистон, ҷаноби Ко Сакамото ва муовини роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF) дар Тоҷикистон хонум Эри Двиведи баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин ҷамъ овардани ҷонибҳои калидии манфиатдор, намояндагони вазорату идораҳои кишвар, коршиносон, шарикони рушд ва бахши хусусӣ барои муҳокима ва таҳлили натиҷаҳои Конфронси 29-уми Тарафҳои (COP29) Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (UNFCCC) ва дар асоси ҳадафҳои иқлимии кишвар муайян намудани пешниҳод оид ба қадамҳои оянда барои КОП30 буд.
Дар чорабинии мазкур аз ҷониби намояндагони Кумита 2 рӯйнамо пешкаш гардиданд, ки дар онҳо натиҷаҳои бадастовардаи зерин матраҳ гардиданд:
- Баррасии гуфтушунидҳо ва фаъолияти павилиони милии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи COP29;
- Натиҷаҳои COP929 ва таъсири онҳо ба маблағгузории иқлимӣ аз ҷониби шарикони рушд;
Мизи мудаввар бомуваффақият натиҷаҳои COP29-ро аз нуктаи назари гуфтушунидҳо дар павилиони миллии "Пиряхҳо-2025" ва таъсири васеътар ба маблағгузории иқлимӣ муайян кард. Мубоҳисаҳо на танҳо дастовардҳои COP29-ро таъкид карданд, балки инчунин қадамҳои минбаъдаро барои тайёрӣ дар сатҳи зарурӣ ба COP30 пешниҳод намуданд. Иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки таҳкими ин натиҷаҳо тавассути таҳкими ҳамоҳангсозӣ, банақшагирии стратегӣ ва сафарбар кардани дастгирии байналмилалӣ барои пешбурди ҳадафҳои иқлими Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ дар амалҳои глобалӣ оид ба тағирёбии иқлим муҳим хоҳад буд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2025
Гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон: харита ва реҷаи кори онҳо
Пагоҳ сокинони Тоҷикистон гирифти Моҳро мушоҳида карда метавонанд?
Маош ва мақоми омӯзгорон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ гуна аст?
Ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Ӯзбекистон коҳиш меёбад. Сабаб чист?
Пагоҳ парвозҳои мустақим байни Тоҷикистону Қирғизистон барқарор мешавад
Миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон 16 санади нави ҳамкорӣ имзо шуд
Соли 2024 муҳоҷирон ба буҷети Русия 123 млрд рубл андоз пардохт карданд
Созишномаи ниҳоии марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон имзо шуд
ВКД ба шаҳрвандон ҳушдор дод, ки аз бурдани ҳазориспанд ба Русия худдорӣ кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста