Имрӯз Палатаи ҳисоб (08:00), Агентии омор (09:00), Бонки миллии Тоҷикистон (10:00), Хадамоти гумрук (10:00), Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон (09:00) оид ба фаъолияти худ дар соли 2024 ба журналистон ҳисобот медиҳанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 12 ФЕВРАЛ

Соли 1958 – Ба шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) аввалин чархболи МИ-1 ворид гардид.

Соли 1990 – Ҳодисаҳои маъруф бо номи “Баҳманмоҳи хунин” оғоз гардиданд. Дар ин рӯз гурӯҳе аз мардум дар назди бинои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ҷамъ омада, истеъфои роҳбарияти ҷумҳуриро талаб карданд. Тазоҳурот ба бетартибиҳо ва задухӯрдҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ табдил ёфт. Дар натиҷа чандин нафар кушта ва захмӣ шуданд. Барои барқарор кардани тартибот, дар шаҳр вазъияти фавқулода эълон гардид.


Ин рӯйдодҳо ҳамчун оғози нооромиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон дониста мешаванд, ки баъдан ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Баъзе таҳлилгарон бар он назаранд, ки ин ҳодисаҳо натиҷаи иғвоангезии гурӯҳҳои манфиатдор буданд, ки мехостанд вазъияти сиёсиро ноором созанд ва ба ҳадафҳои худ бирасанд.

Соли 2010 –  Дар Вашингтон аввалин машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Амрико баргузор гардид.

Соли 2011 – Дар Тоҷикистон барои аввалин бор технологияи 4G ба таври санҷишӣ фаъол гардид.

Соли 2018 – Мақомоти Душанбе қарор қабул карданд, ки сокинони биноҳои баландошёна наметавонанд либосҳои шусташударо дар пешайвонҳои кушод ва берун аз тиреза хушк кунанд.

Соли 2020 – Директори собиқи ширкати сохтмонии “Манзили дастрас” ба 21 соли зиндон маҳкум шуд. Панҷ шарики ӯ аз 8 то 16 сол ҳукм гирифтанд.

Соли 2021 – Руҳонии тоҷик Эшони Сироҷиддин ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд.

Соли 2022 – Мӯҳлати дубора сабти ном кардани симкортҳо бо шиносномаҳои нав дар Тоҷикистон дигарбора тамдид шуд. Ин мӯҳлат то 15 феврали 2023 эътибор дошт.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1463 – Мавлуди Фахруддин Алии Сафӣ, шоир, ориф ва нависандаи форс-тоҷик, писари Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва муаллифи “Латоифу-т-тавоиф”.

Фахриддин Алии Сафӣ нависанда, мутарҷим ва муаррихи машҳури асри XVI буда, дар Ҳирот ба дунё омадааст. Ӯ фарзанди Ҳусайн Воизи Кошифӣ буда, чун падараш олиму воиз, фақеҳу муҳаддис, муфассири Қуръон ва шоиру нависандаи тавонои замони худ ба шумор мерафтааст.

Яке аз осори маъруфи ӯ “Латоиф-ут-тавоъиф” мебошад, ки маҷмӯаи ҳикоёт ва латифаҳои таърихӣ буда, маълумоти арзишмандро дар бораи шахсиятҳои маъруфи замонаш гирд овардааст. Ин китоб манбаи муҳими омӯзиши таърихи фарҳанг ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ мебошад.

Соли 1919 – Мавлуди Бахтулҷамол Карамхудоев, ҳунарпешаи театр ва коргардони тоҷик.

Бахтулҷамол Карамхудоев

Соли 1936 аввалин театри касбии Помир таъсис ёфт ва Карамхудоев яке аз аъзоёни асосии он буд. Саҳми ӯ дар рушди театри Помир босазо арзёбӣ мешавад. Ӯ дар давоми фаъолияти худ зиёда аз 45 нақш офаридааст, аз ҷумла дар намоишномаҳои маъруфи “Қишлоқи тиллоӣ”, “Майсара”, “Макр ва муҳаббат”, “Оршин мололон” ва ғайра.

Ӯ аз соли 1944 ба коргардонӣ пардохта, беш аз 48 намоишнома ба саҳна гузоштааст.

Соли 1927 – Зодрӯзи Холмурод Шарипов, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, олим ва нависандаи тоҷик.

Холмурод Шарифов
Акс аз tajikistantimes.tj

Ӯ  муддате ҷонишини мудири шуъбаи идеологияи КМ ҲК Тоҷикистон, муовини аввали вазири маданият ва солҳои 1968-1979 мудири шуъбаи маданияти КМ ҲКТ, раиси Кумитаи табъу нашри Тоҷикистон, солҳои 1990-1996 раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ, солҳои зиёд узви Кумитаи шӯравии ҳамдилии мамолики Осиёву Африқо, узви КМ ҲКТ, депутати Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 8-11) будааст.

Солҳои 1990-2002 раисии Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба адабиёт, санъат ва меъмориро бар уҳда дошт. Холмурод Шарипов 26-уми декабри соли 2017 аз олам чашм пӯшид.

Соли 1931 – Мавлуди  Муҳиддин Зоиров, ходими шӯравӣ, котиби якуми кумитаи вилоятии Бадахшони Кӯҳии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, вазири кишоварзии Тоҷикистони Шӯравӣ.

Соли 1961 – Мавлуди Азизи Азиз, нависандаи тоҷик, роҳбари шӯъбаи адабиёти бачагонаи Иттифоқи нависандагон.


Азизи Азиз, ки ҳамчун нависандаи бачагон маъруфият дорад, зодаи ноҳияи Деваштич буда, Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷандро хатм кардааст. Ӯ солҳо ҳамчун омӯзгор ва баъдтар ҳамчун муҳаррир дар ҳафтаномаву маҷаллаҳо фаъолият намудааст. Ҳоло роҳбари шӯъбаи адабиёти бачагонаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Ӯ асосан барои бачаҳо эҷод мекунад. Гулчини офаридаҳояш дар китобҳои “Афсона ва ҳикояҳо”, “Хандонак”, “Қиссаи пирамарди тоҷик ва сарлашкари муғул”, “Фил аз чӣ метарсад?”, “Афсонаи тарс”, “Ҷануб кадом тараф аст?” ба чоп расидаанд.

“Азия-Плюс” соли гузашта оид ба кору пайкори Азизи Азиз ба муносибати 64-солагиаш мусоҳиба анҷом дод, ки дар ин ссилка метавонед хонед

Соли 1967 – Зодрӯзи Маҳмаддовуд Саломиён (Саломов), адабиётшинос ва ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Соли 1974 – Зодрӯзи Ашӯрбой Солеҳзода, собиқ ректори Донишкадаи молия ва иқтисод ва ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, ҳоло муовини аввали вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Соли 1986 – Мавлуди Ҷаҳон Қурбонов, муштзани маъруфи тоҷик.

Соли 1988 – Зодрӯзи Дилшод Восиев, собиқ футболбози тими миллии футболи Тоҷикистон.

Соли 1984 – Абдулаҳад Қаҳҳоров, ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистони Шӯравӣ дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии илм ва инсонгароӣ ё Рӯзи Дарвин таҷлил мешавад. Ин сана ба рӯзи таваллуди олими машҳури англис, табиатшинос Чарлз Дарвин рост меояд. Ин рӯз на танҳо барои қадрдонии кашфиёти Дарвин, балки барои таблиғи илм ва арзишҳои инсонӣ ҷашн гирифта мешавад.


Имрӯз зодрӯзи Авраҳам Линколн, 16-умин президенти ИМА (1861-1865) ва аввалин президенти ҳизби ҷумҳурихоҳ (1854) аст. Линколн яке аз бузургтарин шахсиятҳои сиёсӣ дар таърихи ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Акси ӯро метавон дар доллари амрикоӣ дид ва номи ӯро як ширкати автомобилсозӣ низ истифода мебарад.

Яке аз дастовардҳои асосии ӯ барҳам додани ғуломдорӣ буд, ки қадами муҳиме дар таъмини озодии воқеии инсон ба ҳисоб мерафт.


Рӯзи байналмилалии агентиҳои ақди никоҳ низ ҳамасола 12 феврал таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн бори аввал 1 декабри соли 2010 дар Департаменти моликияти зеҳнии Вазорати маориф ва илми Украина ба қайд гирифта шуда, аз ҷониби агентиҳои ақди никоҳи ИМА, Канада, Олмон, Фаронса, Италия, Испания, Швейтсария ва Русия дастгирӣ ёфт.

Мақсади ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба фаъолияти агентиҳои ақди никоҳ ва густариши хизматрасониҳои онҳо мебошад.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 12 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11º сард, рӯзона 1-6º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, шабона асосан бебориш (0,0-0,5мм), рӯзона бориши сусти борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1º, рӯзона 3+8º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1-6º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1º, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, рӯзона -2+3º.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард, рӯзона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 20-25º сард, дар баъзе минтақаҳо то 28-30º сард, рӯзона  9-14º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм), танҳо саҳаргоҳон боришоти сусти барф дар назар аст. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона -1+1º,  рӯзона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, баъзе ҳолатҳо барф меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 8-10º сард, рӯзона 0-2º сард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.