ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 20 ФЕВРАЛ
Соли 2002 – Тоҷикистон расман ба Барномаи “Шарикӣ баҳри сулҳ” (Partnership for Peace)-и НАТО ҳамроҳ шуд.
Соли 2006 – Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2”, ки лоиҳаи муштараки Эрон ва Тоҷикистон аст, оғоз гардид.
Соли 2019 – Парлумони Тоҷикистон барои ифтитоҳи гузаргоҳи нави “Боботоғ” дар марзи Ӯзбекистон иҷозат дод.
Соли 2019 – Эмомалӣ Раҳмон бо доираи васеи намояндагони ВАО-и ҳукуматӣ мулоқот кард.
Соли 2023 – Кумитаи меъморӣ ва сохтмон барои санҷиши мустаҳкамии биноҳо ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар гурӯҳҳои корӣ таъсис дод.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1926 – Мавлуди Муқадас Маҳмудов, ҳунарпешаи театр ва коргардони тоҷик, собиқ директори киностудияи “Тоҷикфилм”.

Муқадас Маҳмудов мактаби махсуси артиллерия ва Консерваторияи Маскавро хатм намудааст.
Ӯ солҳо дар Театри академии драмавии Лоҳутӣ, Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият карда, як муддат дар вазифаи директори киностудияи “Тоҷикфилм” ҳам буд. Дар ҳамкорӣ бо композитор Александр Затсепин филмҳои “Рояли сафед”, “Ошпаз ва сароянда”, “Шераки далер”, “Духтарон аз Суғдиён”-ро офаридааст.
Муқадас Маҳмудов 18 апрели соли 1991 вафот кард.
Соли 1929 – Мавлуди Ёқуб Сабзанов, оҳангсози тоҷик.

Ёқуб Сабзанов оҳангсоз ва таронанавис маъруф, ки оҳанги таронаи “Зебида туро либоси атлас” бар пояи шеъри Мирзо Турсунзода яке аз офаридаҳои маъруфи ӯст.
Ӯ то замони муҳоҷираташ ба Амрико дар соли 1992 тайи 37 сол дар муассисаҳои фарҳангии кишвар фаъолият кардааст. Оҳангҳои зиёди ӯ ба таронаҳои “Аз қадат гардам”, “Шаҳри ман”, “Тӯёна”, “Ишқ” ва “Ба дилбар” дар иҷрои ситораҳои шуҳратёре чун Аҳмад Бобоқулов, Ҳанифа Мавлонова, Шоиста Муллоҷонова, Борис Наматиев ва Рафаэл Толмасов хазинаи тилоии радио ва телевизиони Тоҷикистонро зиннат медиҳанд.
Операҳои “Бозгашт” бар пояи достони Аминҷон Шукӯҳӣ, “Имтиҳон”, достонҳои симфонии “Турнаҳо”, “Мақом”, “Ёди Рӯдакӣ” аз осори мусиқиест, ки аз Ёқуб Сабзанов ба ёдгор мондаанд.
Соли 1931 – Мавлуди Дӯстмурод Саидмуродов, арбоби ҳизбию давлатӣ, шарқшинос, собиқ директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон.
Соли 1940 – Мавлуди Ғоиб Сафарзода, шоир.
Соли 1948 – Зодрӯзи Мирзо Муллоаҳмад, адабиётшинос ва эроншиноси тоҷик.
Соли 1950 – Мавлуди Шералӣ Гул, собиқ Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон.

Шералӣ Гул Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-гидротехник хатм намудааст. Фаъолияти кориашро ба сифати муҳандиси корҳои соҳилмустаҳкамкунии идораи системаи обёрии ноҳияи Фархор оғоз намудааст.
Солҳои 1994-2001 раиси ноҳияи Данғара ва солҳои 2001-2006 Раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ буд. Аз 1 декабри соли 2006 то соли 2013 дар вазифаи Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон ифои вазифа кард. Ҳоло бознишаста аст.
Соли 1951 – Мавлуди Сайдамир Зуҳуров, собиқ раиси Кумидати давлатии амнияти миллии Тоҷикистон.

Сайдамир Зуҳуров хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Институти педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буда, фаъоляиташро ба ҳайси омӯзгори фанни таърих дар яке аз мактабҳои ноҳияи Фархор оғоз кардааст.
Шурӯъ аз соли 1983 дар соҳаи амният ба фаъолият пардохта, дар Кумитаи амнияти давлатии ИҶШС дар Афғонистон ва Тоҷикистон, раёсати КДАМ дар минтакаи Кӯлоб фаъолият кардааст.
Солҳои 1992-1995 раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, солҳои 1995-1996 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1996-1999 Вазири амнияти миллӣ, солҳои 1999-2005 муовини сарвазири Тоҷикистон буд.
Соли 2006 сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии Тоҷикистон таъин гардида, то соли 2016 – замони ба нафақа баромаданаш фаъолият кард.
Соли 1953 – Мавлуди Раҳмон Улмасов, фалсафашинос, номзади илмҳои филологӣ
Соли 1985 – Мавлуди Маҳмадалӣ Қурбонзода, иқтисодшинос, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар.
Соли 2021 – Носир Ҳасанов, ҳунарпеша ва коргардони театру синамои тоҷик дар синни 85-солагӣ аз олам чашм баст.
Соли 2022 – Зайналобуддин Кобулӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор дар синни 60-солагӣ аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи байналмилалии адолати иҷтимоӣ таҷлил мешавад. Ин сана дар натиҷаи нишасте, ки моҳи марти соли 1995 дар Копенгаген баргузор гардид, таъсис ёфтааст. Дар ин ҳамоиш ҳадафҳои рушди иҷтимоии ҷомеаи муосир эълон шуданд.

Мақсади таҷлили ин рӯз аз байн бурдани камбизоатӣ, таъмин намудани мардум бо ҷойи кор ва кори арзанда, баробарии ҷинсӣ, инчунин беҳбуд бахшидани адолати иҷтимоӣ ва некӯаҳволии халқ аст.
20 феврали соли 1986 ба мадори Замин истгоҳи илмии “Мир” бароварда шуд, ки барои понздаҳ сол ягона лабораторияи кайҳонии идорашаванда дар ҷаҳон ҳисобида шуд.

Дар ин муддат дар он таҷрибаҳои илмӣ-техникӣ ва омӯзиши организми инсон дар кайҳон гузаронида шуданд. Дар тӯли мавҷудияти ин истгоҳ 28 экспедитсияи кайҳонӣ гузаронида шуда, дар маҷмӯъ 139 кайҳоннаварди рус ва хориҷӣ дар он ҳузур доштанд. Дар истгоҳ 240 номгӯй таҷҳизоти илмӣ аз 27 кишвари ҷаҳон, ки 11,5 тонна вазн дошт, ҷойгир шуда буд. Моҳи январи соли 2001 ҳукумати Русия дар бораи қатъи фаъолияти истгоҳ қарор қабул кард. 23 марти соли 2001 маҷмааи мадорӣ парвози тантанавии худро ба анҷом расонд.
20 феврали соли 1940 бори аввал қаҳрамонҳои машҳури аниматсионӣ – Том ва Ҷеррӣ дар экранҳо пайдо шуданд. Ин силсилафилми аниматсионии машҳур аз ҷониби аниматорон Уилям Ҳанна ва Ҷозеф Барбера эҷод шудааст.
Мавзӯи аксари қисмҳои ин филми тасвирӣ – кӯшишҳои бенатиҷаи Том барои дастгир кардани муш ва оқибатҳои харобиоваре мебошад, ки аз ин амалҳо ба вуҷуд меоянд.

Филмҳои Ҳанна-Барбера, ки солҳои 1940-1958 офарида шуданд, яке аз беҳтарин филмҳо эътироф шуда, ҳафт ҷоизаи Оскарро соҳиб гаштаанд.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 20 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, рӯзона 0+5º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, баъзан ҳолатҳо бориши сусти борон ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон ва барф дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 3+8º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 9+11º гарм, дар шарқи вилоят шабона 22-27º сард, рӯзона 6-11º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 11+13º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 8+10º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 12+14º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, шабона барф борида, рӯзона бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 6-8º сард, рӯзона 1+3º гарм.
Протокол аз маҷлиси ҳукумат: “Агар дурнамои кишти пахта иҷро нашавад, аз вазифа озод мешавед”
Баъди пурзӯр шудани ҷазо барои “дуздии барқ” дар Тоҷикистон ниҳоди нав ташкил мешавад
Муовини аввали ноиби Пизишкиён ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ гардид?
Сурати кӯдаки фаластинӣ, ки ду дасташро аз даст дод, акси соли 2024 эълон шуд
Рустами Эмомалӣ ба Санкт-Петербург рафт
Эътироз, ишқ, издивоҷи иҷборӣ...ё одамрабоӣ? Чаро духтарҳои ноболиғ зиёд гум мешаванд?
Дар рӯзи сеюми “Парасту-2025” кадом намоишномаҳо манзури ҳаводорони театр гардид?
Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста