ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 21 ФЕВРАЛ
Соли 2007 – Дар шаҳри Кӯлоб сохтмони зеристгоҳи “Лолазор-Хатлон” оғоз ёфт.
Соли 2012 – Тоҷикистон бо Ҷазираҳои Соломон муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард.
Соли 2012 – Дар Маскав Маркази фарҳанги Тоҷикистон бо номи “Хайём” ифтитоҳ ёфт.
Соли 2013 – Дар Тоҷикистон қонуне қабул шуд, ки тибқи он метавон заминро ба гарав гузошт.
Соли 2017 – Телевизиони “Футбол” сба фаъолият оғоз кард.
Соли 2018 – Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон расман ба фаъолият шурӯъ кард.
Соли 2020 – Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи табодули 23 гектар замин ба созиш расиданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1948 – Зодрӯзи Муҳаммадҷон Мирзошоев, нависанда, тарҷумон, рӯзноманигор.

Ӯ аз камтарин нависандагонест, ки дар бораи аксари бузургони илму фани тоҷик очеркҳо эҷод кардааст. Яке аз аввалин офаридаҳои илмӣ-оммавии вай, очерки “Лутфулло Бузургзода” буда, минбаъд дар бораи корномаву зиндагии Бобоҷон Ғафуров, Аҳрор Мухторов, Баҳодур Искандаров, Мансур Бобохонов, Темур Муҳиддинов ва дигарон очерк навиштааст.
Ӯ муаллифи китобҳои “Баҳодури Бағалак”, “Лолаҳои аз хун дамида”, “Аз санг нола хезад”, “Фарзонамард”, “Манзар-о-о-о, Манзар!” аст.
Соли 1953 – Мавлуди Истадой Муҳаммадҷонова, ҳунарпешаи театр ва овозхони тоҷик.

Истадой Муҳаммадҷонова дар оилаи ҳунарманд дар Конибодом ба дунё омадааст. Фаъолияти кории ӯ соли 1969 дар театри мусиқӣ драмавии шаҳри Конибодом оғоз ёфтааст ва ӯ 50 сол дар ин театр ба фаъолияти ҳунарӣ машғул буд.
Ӯ дар намоишномаҳои “Ошуби рӯзгор”, “Тошболтаи ошиқ”, “Муаллим”, “Зафар ва Заррина” нақшҳои ҷолиб офаридааст.Ӯ дар овозхонӣ низ муваффақ буд, дар саҳна ҳам нақш иҷро мекардааст ва ҳам тарона месароидааст.
Ӯ 8 августи соли 2021, дар синни 68-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1963 – Зодрӯзи Муҳаррама Шарифзода, овозхон ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Муҳаррама Шарифзода Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ соли 1991 ба ансамбли “Дарё” ба ҳайси овозхон шомил шудааст.
Беш аз 110 суруду таронаҳояш дар хазинаи тиллоии телевизион ва радио маҳфузанд, аз ҷумла, “Давлати ман”, “Базми ағёр”, “Дили саргардон”, “Мепарастам”, “Доғи ману боғи манӣ”, “Суруди Гулизор”, “Гуларӯсак” ва даҳҳо таронаҳои дигар.
Соли 2021 овозхон бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон қадр шуд.
Соли 1965 – Мавлуди Ҳабибулло Воҳидзода, Додситони кулли Тоҷикистон.
Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли кишвар соли 1988 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти кории ӯ дар мақомоти додситонӣ оғоз гардид ва беш аз 30 сол аст, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар вазифаҳои гуногун адои вазифа мекунад.
Ӯ солҳои 2011-2015 муовини додситони кулли Тоҷикистон буд. Баъдан ба вазифаи додситони вилояти Суғд ва соли 2020 директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президент Тоҷикистон таъин гардид.

Соли 2024 Воҳидзода дубора муовини додситони кулл ва ахиран моҳи январи соли ҷорӣ Додситони кулли кишвар таъин гардид. Дар бораи шахсияти додситони нави кишвар дар матлаби Ҳабибулло Воҳидзода, ки ҳамчун додситони кулли нави Тоҷикистон пешниҳод шуд, кист? мутолиа кунед.
Соли 1983 – Зодрӯзи Абдулло Раҳмонзода, ҳуқуқшинос, ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ҷашн гирифта мешавад, ки онро Конфронси генералии ЮНЕСКО бо ҳадафи ҳифзи гуногунрангии забонӣ ва фарҳангӣ таъсис додааст.

Сабаби таъсиси ин ҷашн дар ин рӯз беасос нест. Рӯзи 21 феврали соли 1952 дар шаҳри Дакка (пойтахти ҳозираи Бангладеш) донишҷӯёне, ки барои расмӣ эътироф шудани забони бенгалӣ ба эътироз баромада буданд, аз тири полис ҳалок шуданд.
21 феврал инчунин Рӯзи байналмилалии роҳбаладон (экскурсоводҳо) мебошад. Дар солҳои 1970, талабот ба касбияти роҳбаладон зиёдтар шуд ва ҳоло онҳо бояд омӯзиши махсус гузаранд. Аммо дар асри гузашта ҳар шахси босавод, ки таърихи шаҳреро медонист, метавонист роҳбалад шавад.

Соли 1848 дар ҳамин рӯз Карл Маркс ва Фридрих Энгелс “Манифести Ҳизби Коммунистӣ”-ро нашр карданд. Ин нахустин матни барномавии коммунизми илмӣ буд, ки асосҳои назарияи марксизмро баён мекард.

Он бо ибораи машҳури таърихӣ ба поён мерасад: “Пролетарҳои ҳамаи кишварҳо, муттаҳид шавед!”
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 21 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, рӯзона 0+5º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 8+13º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 9+11º гарм, дар шарқи вилоят шабона 22-27º сард, рӯзона 6-11º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 15+17º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 10+12º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 17+19º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 9-11º сард, рӯзона 2+4º гарм.
Хишти аввал. Оҷонсии иттилоотии "Азия-Плюс” 29-солагии худро таҷлил мекунад
“Умед доштем, ки ақаллан ягон сол кам мекунанд”. Додгоҳи кассатсионӣ ҳукми “чеҳраҳои сиёсӣ”-ро бетағйир гузошт
Ҳафтаи китоби кӯдакон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ баргузор мешавад?
Шавкат Мирзиёев нишасти аввали “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”-ро таърихӣ номид
Боздошти як марди 35-сола бо гумони куштори ҳамсараш дар пойтахт
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста