ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲО БАРОИ 16 АПРЕЛ

- Имрӯз, соати 10:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоишномаи “Гурба, хурӯс ва рӯбоҳ”-и И.З.Ҷаводов аз ҷониби ҳунармандони театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта мешавад.

- Имрӯз соати 14:00 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов намоишномаи “Ривояти суғдӣ”-и С.Алимов аз ҷониби Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара ба саҳна гузошта мешавад.

- Ҳамчунин имрӯз, соати 17:30 дар Театри таҷрибавии ба номи М.Қосимов намоишномаи “Парный танец в одиночку”-и Р.Раҳматуллоев аз ҷониби Театри драма ва мазҳакаи русии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бӯстон намоиш дода мешавад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 16 АПРЕЛ

Соли 1997 – Дар Тоҷикистон шаҳрванди шашмиллионум ба дунё омад, ки волидайнаш ӯро Эмомалӣ номиданд.

Соли 2001 – Дар Тоҷикистон корхонаҳои воҳиди давлатии “Тоҷикангишт” ва “Тоҷикгаз” таъсис дода шуданд.

Соли 2008 – Парлумони Тоҷикистон Қонун “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”-ро қабул кард.

Соли 2012 – Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон қонунҳо “Дар бораи нотариати давлатӣ”, “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд”, “Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Тоҷикистон”, “Дар бораи муҳофизати растаниҳо”, “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ” ва  “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ”-ро  имзо кард.

Соли 2020 – Бо сабаби пандемияи коронавирус шаҳрдории Душанбе баргузории чорабиниҳои оммавӣ ва сайру гашти ҷашни Рӯзи пойтахтро лағв кард. Ҳамчунин, президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳукумат мардумро ба захираи дусолаи маводи ғизоӣ даъват намуд.

Соли 2020Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Далер Шарифов, хабарнигори тоҷикро ба як соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард. Мақомот Далер Шарифовро ба барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ гунаҳкор карданд. Худи Далер Шарифов ва хонаводааш ин иттиҳомро беасос номиданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1932 – Мавлуди Қаҳҳор Маҳкамов, аввалин президенти Тоҷикистон.

Қаҳҳор Маҳкамов

Қаҳҳор Маҳкамов соли 1932 дар Хуҷанд ба дунё омада, ибтидо техникуми саноатии Душанбе ва соли 1953 Донишкадаи кӯҳкории Ленинград, Петербурги кунуниро хатм кардааст. Фаъолияти кориашро ба ҳайси усто дар конги ангишти Шӯроб оғоз карда, то ба симати раиси идораи “Тоҷикангишт” сабзид.

Соли 1963, вақте ҳамагӣ 31 сол дошт, раиси Госплан ва муовини раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон таъйин шуд. Баъди 19 соли кор дар ин мақом дар соли 1982 раиси Шӯрои вазирон ва соли 1985, баъди барканории Раҳмон Набиев котиби якуми ҳизби коммунист, ҳизби ҳокими вақти Тоҷикистон шуд.

Моҳи апрели соли 1990 раиси Шӯрои олӣ ва 30 ноябри ҳамон сол аз сӯи парлумон раисиҷумҳури Тоҷикистон интихоб шуд. 30 августи соли 1991 , ҳамагӣ 9 моҳ баъд аз расиданаш ба ин мақом таҳти фишори эътирозгарон истеъфо дод. Ба ҷои ӯ ба мақоми президентӣ Раҳмон Набиев баргашт, нафаре ки дар соли 1985 курсии раҳбари аввали Тоҷикистонро Маҳкамов маҳз аз ӯ гирифта буд.

Ӯ аз соли 2000- узви Маҷлиси миллӣ – палатаи болоии парлумони Тоҷикистон буд. 

Қаҳҳор Маҳкамов 8 июни соли 2016 дар Душанбе дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1932 – Зодрӯзи Шукур Султонов, муаррихи тоҷик ва ходими давлатӣ.

Соли 1953 – Мавлуди Адолат Комилова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Адолат Комилова

Адолат Комилова баъди хатми Институти давлатии педагогии Кӯлоб солҳои 1972-1976 сарояндаи Театри халқии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, солҳои 1976-1996 сарояндаи Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Кӯлоб, аз соли 1996 дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Бохтар (Қурғонтеппаи пешин) фаъолият мекард.

Ӯ дар ҳавои оҳангҳои классикӣ сурудҳои зиёд иҷро намудааст, аз ҷумла “Марги нигоҳ”, “Нигоҳ дорӣ имонамро”, “Ҳикоят мекунад” аз ин қабиланд.

Аз осори шуарои муосир ва мероси халқӣ таронаҳои “Садои қалб”, “Тоҷикистон”, “Сабзинранг”, “Ишқи ту доди Худо”, “Намебахшам” ва даҳҳо таронаҳои ҳамсонро иҷро намудааст.

Соли 1954 – Мавлуди Шукурҷон Зуҳуров, сиёсатмадори тоҷик, собиқ раиси парлумон.

Шукурҷон Зуҳуров

Зуҳуров Шукурҷон хатмкардаи Донишгоҳи муҳандисии заминсозии шаҳри Маскав ва Академияи идоракунии Русия аст. Ӯ қаблан дар Раёсати кишоварзии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Раёсати кишоварзии Қӯрғонтеппа, Кумитаи марказии Иттифоқи ленинии коммунистии ҷавонони умумииттифоқ фаъолият кардааст. Солҳои 1983-1986 котиби Кумитаи марказии Комсомоли Тоҷикистон, солҳои 1986-1989 раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқии ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод) буд.

Минбаъд дар вазифаҳои мудир ва ҷонишини мудири шуъбаи ҳизбӣ ва кадрҳои Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва тарбияи коргарӣ кор кардааст.

Солҳои 1992-1997 вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон буд ва солҳои 2006‒2010 дубора дар ин вазифа кор кардааст.

Ӯ узви Комиссияи оштии миллӣ буд ва дар бисёр музокира ва истиқрори баъдиҷангӣ иштирок кардааст.

Минбаъд дар вазифаҳои директори Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаи қарзи Бонки Ҷаҳонӣ барои барқарорсозии баъди низоъ дар минтақаи Рашт, мудири шуъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷ, муовини роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии №3 ноҳияи Қубодиён вакили пурламон интихоб шуд ва солҳои 2010‒2020, ду давра раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон буд.

Ҳоло бознишаста аст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

16 апрели соли 1889 Чарли Чаплин, ҳунарпеша ва коргардони синамо, филмноманавис, таҳиякунанда ва тадвингари маъруф дар Лондон ба дунё омадааст. Нақши “Ҷентелмени бе кор” дар асари “The Tramp” (1915) беҳтарин нақши ӯ буд, ки барояш маъруфият низ овардааст.


Чарли Чаплин ба истифода аз жанри мазҳака кӯшиш кардааст падидаҳои номатлуби замонашро ба зери интиқод гирад.

16 апрели соли 1618 олим ва табиби машҳури англис Вилям Ҳарвей дар як суханронии худ дар Лондон бори аввал дидгоҳашро оид ба низоми гардиши хун дар ҷисми инсон ва дигар ҳайвоноти гармхун баён намуд. Ӯ ҳисоб кард, ки хун дар ду доира ҳаракат мекунад: доираи хурд – тавассути шушҳо ва доираи калон – тавассути тамоми бадан.


Баъди даҳ соли ин суханронӣ, соли 1628, Ҳарвей китоби “Тадқиқоти анатомӣ дар бораи ҳаракати дил ва хун дар ҳайвонот”-ро нашр кард. Ин асар классикӣ шуд ва тасаввуроти пешина дар бораи гардиши хунро, ки бар асоси ақидаҳои табиби машҳури Юнон Қалидиус Галени қадимӣ асос ёфта буданд, рад кард.

16 апрел ҳамчунин Рӯзи умумиҷаҳонии садо таҷлил мешавад. Он ба тавоноии овоз ва нақши он дар ҳаёти инсон бахшида шудааст.

Мақсади ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи табибон ва аҳолии ҷаҳон ба ин неъматест, ки ба инсон имкон медиҳад, то муошират кунад, эҳсосоташро баён намояд ва зебоии овозро эҳсос кунад.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 16 АПРЕЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 12+17º гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм, рӯзона 11+16º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, шабона асосан бебориш (0,0-0,5мм), рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 19+24º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 14+19º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ғарби вилоят бориши борон дар назар буда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо шиддат мегирад. Дар шарқи вилоят шабона бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, рӯзона 14+19º гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6º сард, рӯзона 7+12º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, шабона асосан бебориш (0,0-0,5мм), рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 25+27º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 22+24º гарм .

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, шабона асосан бебориш (0,0-0,5мм), рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 27+29º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, бориши борон дар назар буда, рӯзона шиддат мегирад. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 14+16º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.