Қиёмиддин Чақалов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва яке аз ҳаҷвнигорони шинохтаи тоҷик, агар зинда мебуд, имрӯз 80-солагии худро таҷлил мекард. Марде, ки номаш бо ҳуруфи заррин дар саҳифаи таърихи санъати тоҷик сабт шудааст, 14 рӯз пеш аз рӯзи таваллудаш, 14-уми апрели соли 2021, дар 76-солагиаш аз олам чашм пӯшид.
Корномаи Қиёмиддин Чақалов
Қиёмиддин Чақалов 28-уми апрели соли 1945 дар деҳаи Хуванди ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Аз хурдсолӣ, ҳангоми дар синфи 4-ум таҳсил карданаш, узви дастаи ҳаваскорони мактаб буд. Аллакай, он замон истеъдоди фитрии ӯ зоҳир шуда буд – суруд мехонд ва саҳначаҳои ҳаҷвиро бо маҳорати баланд иҷро мекард.
Вақте дар синфи 6-ум таҳсил мекард, роҳбари бадеии Хонаи маданияти ноҳия Ҷӯрабек Шарифов истеъдоди кӯдакии ӯро дида, барои фаъолият ба театр даъват намуд. Дар зимн, Ҷӯрабек Шарифов устоди аввалини Қиёмиддин дар санъат маҳсуб мешавад.
Пас аз хатми мактаби миёна Қиёмиддин Чақалов ду сол дар Хонаи маданияти ноҳияи Файзобод фаъолият кард. Соли 1964 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шуд ва хидматро дар Туркманистон ва Қазоқистон адо карда, соли 1967 ба Ватан баргашт.
Роҳи нави ҳунарии Қиёмиддин соли 1971 оғоз ёфт, вақте ӯ ба факултети ҳунарманди драма ва синамои Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон дохил шуд ва соли 1975 онро хатм кард.
Аз соли 1975 бо роҳхати Вазорати фарҳанг ба Театри Лоҳутӣ ба кор рафта, то охирин рӯзҳои ҳаёташ ҳунарпешаи ҳамин театр буд. Танҳо ду сол пеш аз даргузашташ, бинобар беморӣ ва тавре ки ҳамкораш Ортиқи Қодир мегӯяд, “баъзе нобасомониҳои рӯзгор”, аз саҳна канорагирӣ кард.

Қиёмиддин Чақалов – ҳунарманди театр ва синамо
Қиёмиддин Чақалов дар муддати беш аз чиҳил соли фаъолияташ дар Театри Лоҳутӣ дар бештар аз 100 намоишнома нақш офаридааст. Ҳамкоронаш аз ӯ ҳамчун ҳунарманде ёд мекунанд, ки дар аксари ин намоишномаҳо иҷрокунандаи қаҳрамонҳои асосӣ буд.
Ортиқи Қодир, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон мегӯяд, Қиёмиддин Чақалов бештар дар жанри мазҳака муваффақ буд.
“Дар жанри мазҳака дар намоиши “Садо аз тобут”-и драмнавис Абдулло Қаҳҳорӣ нақши асосиро бозӣ мекард. Қиёмиддин дар ин саҳна бо Аслӣ Бурҳонов “дублёр” буд. Бубинед, Қиёмиддинро коргардон Ҳабибулло Абдураззоқов бо Аслӣ Бурҳонов дар як радиф гузошта буданд”, - мегӯяд Ортиқи Қодир.
Аъзами Розиқ, аз шогирдони Қиёмиддин Чақалов, ӯро ҳамчун устод ва роҳнамое тавсиф мекунад, ки дар муносибат бо ҳунармандони ҷавон бисёр самимӣ буд.
Аз нақшҳои барҷастаи офаридаи Қиёмиддин Чақалов дар театр метавон инҳоро номбар кард: Куряткин («Ҷарроҳӣ»-и А. Чехов), Зайн ибни Умайдо («Ишқи араб»-и П. Мериме), Кӯзагар («Роҳзан ва кӯзагар»-и М. Бахтӣ), Гӯрков («Гамлет»-и В. Шекспир), Искандар («Чорсу»), Шер («Заргӯши доно»-и Ш. Қиёмов), Семён Пондолфо («Арӯси таърифӣ»), Тарано – Ғайратшоҳ («Духтари саркаш»), Олим («Мусофир»-и Н. Абдуллоев).
Ҳунарманд дар саҳнаи синамо низ дурахшид. Дар филмҳои “Ашк ва шамшер” (нақши сияҳсавор), “Ҷазира” (нақши қассоб), “Муҷассамаи ишқ” (нақши муаллим), “Сароби хунин” (нақши директори совхоз) ва чанд филми дигар нақшҳои барҷаста офаридааст.

Қиёмиддин Чақалов – ҳаҷвнигори тавоно
Қиёмиддин Чақалов дар миёни ҳаводорони ҳунару синамои Тоҷикистон ба унвони ҳаҷвнигори тавоно машҳур буд ва ин яке аз ҷанбаҳои фарқкунандаи шахсияти ҳунарии ӯ дониста мешуд. Ҳаҷву мутоиба, зарофатгӯӣ ва ширинкаломӣ дар хуни ӯ буд. Дӯстонаш нақл мекунанд, ки ӯ то лаҳзаи охирини умр “ханда дар лаб, ҳазлу шӯхӣ мекард”.
Ба гуфтаи худи Чақалов, “манбаъи ҳама латифаҳову қиссаҳо халқ аст, миёни мардум мегардӣ, мебинӣ, ки пастиву баландиҳои зиндагиро мардум хело аҷоиб “ренгтен” мекунанд. Сарчашмаи латифаҳои ман халқ аст, зеро мо драматурге надорем, ки барои ҳаҷвнигорҳо нависанд...”.
“Аслан, ҳаҷв як бахши хело вазнин аст, зеро бояд ҳам он нишонрас бошад ва ҳам ба иззати нафси мардуму ҷомеа нарасад. Ва аз ин ҳаҷв ягон камбудие, ки дар ҷомеъа аст, ислоҳ шавад. Аммо баъзан байни обу оташ мемонӣ, намедонӣ, ки кадом гапро бизанӣ ва аз кадомаш худдорӣ кунӣ”, - мегуфт ҳаҷвнигори тавонои тоҷик.
Дар ин баробар, ӯ борҳо аз паст шудани завқи мардум дар солҳои ахир нигаронӣ карда, ҳатто гуфта буд, ки “ҳастанд зиёиёне, ки шӯхиҳои оддиро қабул надорад. Аммо ҳастанд одамоне, ки эзоратро бароварда онро салла бандӣ, хандидан мегиранд”.
Қиёмиддин Чақалов китоби “Сад табассум”-ро таълиф кардааст, ки дар он латифаҳои ҷамъовардааш гирд оварда шудаанд. Бисёре аз ҳунармандон, ба гуфтаи худи ӯ, аз ин китоб истифода бурда, саҳначаҳову намоишҳо сохтаанд.
Мавсуф дар навиштани нақиза ҳам, ба қавле, устухон надошт ва ба вижа ба ашъори Бозор Собир, Шоири халқии Тоҷикистон, зиёд посух медод. Худи Чақалов мегӯяд, “устод Бозор ҳеҷ вақт аз ман хафа намешуд, вақте шеърҳояшро палағда мекардам, фақат механдид, завқ мебурд ва мегуфт, ки “бинавис, Қиёмиддин, бинавис!”.

Мероси мондагори Қиёмиддин Чақалов
Метавон гуфт, ки Қиёмиддин Чақалов инсони серпаҳлӯ буд. На танҳо ҳунарпешаи театр ва синамо, ҳаҷвнигори тавоно, балки, ба қавли дӯстонаш, инсони хоксор ва заҳматкаш, оиладор ва соҳиби 10 фарзанд.
Ӯ, бо вуҷуди обрӯю эътибор ва маҳбубияташ дар пойтахт, кашиши зодгоҳаш – Файзободро ҳеҷ гоҳ аз даст надод. Чиҳил соли фаъолияти ҳунариаш ҳар рӯз аз Файзобод ба Душанбе ба кор мерафту меомад.
Барои хидматҳояш дар рушди санъати театрӣ ва ҳунар Қиёмиддин Чақалов ба унвонҳои Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва нишони сарисинагии “Аълочии маданияти СССР” сарфароз гардонида шудааст.
Пас аз даргузашти ҳунарманд, барои поси хотири ӯ, 6-уми майи соли 2023 дар назди мактаби зодгоҳаш нимпайкараи ӯ гузошта шуд ва дар ин мактаб осорхонае барои ҳунарманд ташкил гардид. Ҳамчунин, мактаби №35 ба номи Қиёмиддин Чақалов гузошта шуд.
Ёду номаш гиромӣ бод!
Таносуби қарзи давлатӣ нисбат ба ММД. Қарзи кадом давлатҳо бештар аст?
Сабақҳои зилзила. Тоҷикистон ва дигар давлатҳо баъди заминларзаҳо чӣ иқдом рӯйи даст гирифтанд?
Маҳдудияти ҳаракат барои нақлиёти гаронвазн дар роҳҳо. Чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад ва дар кадом роҳҳо?
Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ доир мегардад?
Муҳоҷире, ки дар Русия се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод тоҷик будааст
Аз талаботи Тоҷикистон то муқаррароти Арабистони Саудӣ. Чӣ гуна метавон дуруст ва бехатар ба ҳаҷ рафт?
“Равобити Эрон ва Тоҷикистон дар сатҳи олӣ аст”. Пизишкиён бори дигар ба тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар таъкид кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Хуни ноҳақ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2025
Аз “Худои зинда”-ву “Рустам ва Сӯҳроб” то “Қиёми рӯз”. Синамои тоҷик пас аз 95 сол чӣ набз дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста