Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати Иди Ғалаба ба ҳар як иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон (ҶБВ), ки ҳоло ҳамагӣ 17 нафар боқӣ мондаанд, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 50 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст.
Дар ин бора Алишер Шарифов, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ӯ иброз дошт, ки ин маблағ то 9-уми май супорида мешавад.
Соли гузашта раисҷумҳур ба ҳар як иштирокчии ҶБВ дар кишвар, ки 24 нафар буданд, 40 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буд.
Ҳар сол ҳукуматҳои шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон низ ба иштирокчиёни ҶБВ, ки дар минтақаашон зиндигӣ мекунанд, маблағ ҷудо мекунанд.
Ҳукумати вилояти Суғд низ ба ифтихори Рӯзи Ғалаба ба ҳар кадоме аз иштирокчиёни ҶБВ, ки ҳоло дар ин минтақа 2 нафар мебошанд, 15 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст. Ҳамчунин, ба ҳар як иштирокчии ақибгоҳ, ки 51 нафар боқӣ мондаанд, 8 ҳазор сомонӣ супорида мешавад.
Дар ин бора аз ҳукумати вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Шаҳрдории Душанбе, ҳукуматҳои вилояти Хатлону Бадахшон ҳам дар гузашта ба собиқадорони ҷанг маблағ ҷудо мекарданд. Имсол ин ниҳодҳо чӣ қадар маблағ ҷудо карданд, то ҳол маълум нест.
Соли гузашта Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба ҳар як собиқадори ҶБВ дар пойтахт (таъдоди онҳо 3 нафар буд) 10 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буд. Ҳукумати вилояти Хатлон ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 5 ҳазор сомонӣ супорида буд.
Бояд гуфт, ки дар баробари ин, ҳар сол аз номи раисони шаҳру навоҳӣ низ ба иштирокчиёни ҶБВ, ки дар шаҳру навоҳиашон зиндагӣ мекунанд, кумакҳои молӣ расонида мешавад.
Дар Тоҷикистон ба ҳолати 14-уми апрели соли 2025-ум 17 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд. Соли гузашта теъдоди собиқадорон 24 нафар буданд.
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҳама бештар дар вилояти Хатлон 8 - нафар, дар вилояти Суғд 2 - нафар, шаҳри Душанбе 2 -нафар ва ноҳияҳои тобеи марказ 5 - нафар зиндагӣ доранд.
Инчунин, дар кишвар 134 нафар собиқадорони ақибгоҳ, ки дар ҶБВ хидмат кардаанд, дар ҳаёт ҳастанд.
Ёдрас мешавем, ки аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар сафарбар шуда, 92 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беному нишон шуданд.
Соли 2005 теъдоди собиқадорони ҶБВ 9 ҳазору 900 нафар, соли 2020 - 168 нафар, соли 2021 - 98 нафар, соли 2022 – 59 нафар ва соли 2023 - 42 нафарро ташкил медод.
Дар муддати 20-сол 9 ҳазору 883 собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дунёро тарк кардаанд.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 январи соли 2026
Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста