Баъди чанд соати таъхир дар хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе, парвозҳо ба ин масир дубора барқарор шуда, фурудгоҳи Душанбе ба фаъолияти муқаррарӣ гузаштааст. Баъди зуҳри дирӯз, 7-уми май дар пайи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба шаҳри Маскав кори се фурудгоҳи асосии пойтахти Русия қатъ шуда, парвозҳо дар масири Маскав-Душанбе ба таъхир афтода буд.
Аз маркази матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳамаи хатсайрҳое, ки дирӯз, 7 –уми май дар робита ба вазъи баамаломада дар Маскав ба таъхир афтода буданд, аллакай парвозҳои худро аз сар гирифтанд.
"Танҳо як парвоз ба ин самт боқӣ мондааст, ки дар соатҳои наздик тибқи ҷадвал парвоз хоҳад кард. Дар дигар самтҳо бошад мушкиле вуҷуд надорад ва тибқи реҷа парвозҳо амалӣ гардида истодаанд, - гуфтанд дар маркази матбуотии фурудгоҳ.
Тибқи иттилои манбаъ, тамоми парвозҳо ба ин самт то охири рӯз анҷом дода мешаванд.
Қобили зикр аст, ки ҳамарӯза аз пойтахти Тоҷикистон ба Русия 7-8 парвоз анҷом мешавад.
Ёдовар мешавем, ки баъди зуҳри рӯзи 7-уми май дар пайи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба шаҳри Маскав, фурудгоҳҳои Внуково, Домодедово ва Жуковский, се фурудгоҳи асосии пойтахти Русия муваққатан барои парвозҳо ба ҳамаи самтҳо махдудият ҷорӣ намуда буданд. Инчунин дар фурудгоҳҳои Калуга, Тамбов, Ярославл ва Нижний Новгород низ маҳдудият ҷорӣ гардида буд.
Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки садҳо муҳоҷирони тоҷик як рӯз аст, ки дар фурудгоҳҳои Жуковский ва Домодедовои Маскав дармондаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста