Баъд аз зуҳри имрӯз, 8-уми май Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади ширкат чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ бо як сафари корӣ ба шаҳри Маскав рафт.
Дар ин бора Хадамоти матбуотии президент хабар дода, навиштааст, ки раисҷумҳур бо даъвати Владимир Путин, президенти Русия ба ин кишвар сафар кард.
Манбаъ навиштааст, ки дар ин сафар Эмомалӣ Рамҳмонро ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
“Дар назар аст, ки дар рафти ин сафар Сарвари давлат дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар майдони Сурхи шаҳри Москва иштирок хоҳанд кард”, - навиштааст Хадамоти матбуотии президент.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон, сарвазири Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Бояд гуфт, ки ҳудуди 100 низомии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар гузашти (парад)-и ҳарбии 80-солагии Ҷашни Ғалаба, ки 9-уми майи соли 2025 дар Майдони Сурхи Маскав баргузор мешавад, ширкат мекунанд.
Ба сафороии ҷашнӣ бахшида ба 80-солагии ғалаба, гуфта мешавад, ки 19 кишвар, аз ҷумла сарони 7 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шудаанд.
Соли гузашта раҳбари Тоҷикистон бо даъвати Путин дар таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Маскав ширкат карда буд.
Ёдрас мекунем, ки аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар сафарбар шуда, 92 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беному нишон шуданд. Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки дар рӯйхати Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон 290 собиқадорони ақибгоҳ қарор доранд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста