Рашид Каримов, куҳансолтарин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон аст. Ӯ мегӯяд, ки 113 сола аст ва барои тасдиқи он ҳуҷҷат низ пешниҳод мекунад.
Ӯ 1 –уми июли соли 1912 дар деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор ба дунё омада, соли 1942, вақте дар мактаби деҳа чун омӯзгор кор мекард, ба ҷанг меравад ва то охирин рӯзи ҷанг дар майдони набард боқӣ мемонад.
“Падарам раиси хоҷагии деҳқонӣ буд, одамон гуфтанд, ки раис бачаи худашро ба ҷанг намефиристаду бачаҳои моро равон мекунад. Мо дар хонавода ду духтару як писар будем. Бо вуҷуди ин, падарам маро ба ҷанг фиристод”, - мегӯяд Рашид Каримов.
Ӯ дар ҷанг чӣ корнамоӣ кард, имрӯз чӣ ҳол дорад ва то куҷо қадрдонӣ мешавад, дар навори зерин бубинед:
Бояд гуфт, ки айни замон дар Тоҷикистон 17 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд. Моҳи майи соли 2024 теъдоди онҳо 24 нафарро ташкил медод.
Имсол ба собиқадорони ҶБВ дар Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 80-умин солгарди Ғалаба 50 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ тақдим карда мешавад.
Маблағҳо барои пардохти якдафъаина аз фонди захиравии президенти мамлакат ҷудо карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар сафарбар шуда, 92 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беному нишон шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста