Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ва ҳамраиси ҳайати Қирғизистон оид ба таъйину аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон гуфтааст, насби симхор дар хати марз бо Тоҷикистон дар масофаи 25 км ба поён расидааст ва агар ба корҳо суръати бештар бахшида шавад, то охири сол ба анҷом мерасад.
Навори суҳбати ӯро сомонаи "Govori.tv" бо забони қирғизӣ нашр кардааст.
“Агар суръатро бештар кунем, умедворам, ки то охири сол корро анҷом медиҳем. Агар фурсат нарасад, пас то баҳор анҷом хоҳад ёфт”, - гуфтааст Қамчибек Ташиев.
Вай гуфтааст, ки барои симхоркашӣ беш аз 200 нафар ва чанд техникаи махсус ҷалб шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар марҳилаи аввал насби симхор дар 420 километри хати марз ба нақша гирифта шудааст. Ба иттилои номбурда, дарозии умумии марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1008,14 км аст.

Қаблан, охири моҳи апрели соли ҷорӣ расонаҳои ин кишвар аз оғози симхоркашӣ дар хати марз хабар дода, гуфта буданд, Қирғизистон нақша дорад, ки то охири соли 2025-ум 420 километри сарҳади худро бо симхор маҳкам кунад.
Ба навиштаи манбаъ, насби симхорҳо дар сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон дар минтақаи Қошмоло аз ҷамоати деҳоти Торт-Гули Боткенд оғоз шуда буд.
“Маросими оғози корҳо дар нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳо - сутуни (стелаи) рамзӣ дар нуқтаи пайванди сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба таври онлайн иштирок кард”, - навишта буд манбаъ.
Тоҷикистон дар ин бора то ҳол шарҳи расмӣ надодааст.
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон баъди чандин соли нофаҳмиҳо дар масъалаи сарҳад ба созиш расиданд.
Рӯзи 13-уми марти соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон созишномаи ниҳоӣ дар бораи марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар шаҳри Бишкек имзо карданд.
Ҳамчунин, бо ширкати роҳбарони ду давлат ду гузаргоҳи марзӣ ва ҳамин тариқ, марзи ду кишвар, ки беш аз 4 сол боз баста буд, ба таври тантанавӣ боз шуданд. Рӯзҳои 18-19 март парлумонҳои ду кишвар ин шартномаро ба тасвиб расониданд.
Ҷузъиёти бештари созишномаи сарҳад бо Қирғизистонро дар ин пайванд хонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста