Парвози аввалини ҳавопаймо дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе имрӯз, 23-юми июн, бо 15 мусофир анҷом ёфт. Парвози охирин дар ин самт соли 2014 сурат гирифта буд.
Дар ин бора аз ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
“Парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Ванҷ ва баръакс бо 15 мусофир анҷом шуд. Замони рафту баргашт дар ин масир мутаносибан 50 дақиқаӣ давом кард”, - гуфтанд аз ин ширкат.
Ба иттилои ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” минбаъд парвоз дар ин масир ҳафтае як маротиба рӯзи ҷумъа тариқи ҳавопаймои АН-28 сурат мегирад. Ин ҳавопаймо имкони интиқоли 17 мусофир ва то 1750 кг борро дорад.
Нархи чипта аз як тараф 750 сомонӣ муайян гардидааст.
Барои фармоиши чипта сокинон имкон доранд ба суроғаи ширкати ҳавопаймоӣ, ки дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи Мирзо Мастонгулов, 32/1, қарор дорад, муроҷиат кунанд ва ё бо рақамҳои: +992 900130443 , +992110000012 тамос гиранд.
Ёдрас мешавем, ки ин панҷумин хатсайри ҳавоии дохилист, ки ширкати “Тоҷик-Эйр” парвозҳоро анҷом медиҳад. Аз аввали сол ин ширкат парвоз дар масири “Душанбе-Хоруғ-Душанбе”, “Душанбе-Кӯлоб-Душанбе”, “Душанбе-Панҷакент-Душанбе” ва “Душанбе-Рашт-Душанбе”-ро низ роҳандозӣ карда буд.
Бояд гуфт, парвозҳои азсаргирифтаи ширкати “Тоҷик-Эйр” дар масирҳои зикршуда, бидуни мушкил набуд. Баъзе парвозҳо барои чанд муддат ба таъхир афтод. Аз ҷумла, парвози аввалин дар масири “Душанбе-Панҷакент-Душанбе” 4 маротиба ба таъхир афтод. Ҳамчунин дар масири “Душанбе-Хоруғ-Душанбе” низ чанд муддат бо ин сабаб парвозҳо қатъ гардид. Масъулин сабаби ба таъхир гузоштани парвозҳоро ба номусоидии ҳаво рабт дода буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста