Субҳи имрӯз, 30-юми июн ба хотири бузургдошти ҷамъе аз фармондеҳони аршади нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, донишмандони ҳастаӣ ва теъдоде аз сокинони оддии ин кишвар, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои низомии Исроил ба Ҷумҳурии Исломӣ қурбон шуданд, дар Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба “Дафтари ёдбуд” боз шуд.
Сафирони кишварҳои хориҷӣ, аҳли фарҳангу адаби тоҷик ва сокинони пойтахт барои арзи таслият ба сафорат омаданд.
Ин маросим то 1-уми июл идома карда, хоҳишмандон метавонанд аз соати 10:00 то 16:00 ба сафорат рафта, ба мардуми Эрон расман ҳамдардӣ ва онро дар “Дафтари ёдбуд” сабт кунанд.
Ёдрас мешавем, ки ҷанги Исроил бо Эрон рӯзи 13-уми июн бо ҳамлаи Исроил ба хоки Ҷумҳурии Исломӣ оғоз шуд ва 12 рӯз идома кард. Дар ин муддат беш аз 600 шаҳрванди Эрон кушта ва наздики 5 ҳазор тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҷониби Исроил ҳам аз кушта шудани беш аз 20 тан ва ҷароҳат бардоштани садҳо нафар хабар дод.
Ҳамчунин, дар матлаби “Барномаи ҳастаӣ як баҳона аст”. Ҳадафи ҷанги Исроил чӣ аст ва Эрон то куҷо метавонад аз худ сазовор дифоъ кунад? метавонед оид ба ҳадафи аслии ҷанги Исроил, зарфиятҳои дифоии Эрон, пуштибонҳои ду кишвар ва эҳтимоли домангустарии ҷанг дар минтақа маълумоти бештар пайдо кунед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста