Пагоҳ, 11-уми июл Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд меравад. Ин сафар 3 рӯз, то 13-уми июл давом карда, аз ноҳияи Айнӣ оғоз мешавад.
Як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар доираи ин сафар роҳбари давлат аз шаҳру навоҳии Айнӣ, Панҷакент, Деваштич, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд ва Бӯстон дидан мекунад.
“Дар рафтаи ин сафар ба истифода додани даҳҳо иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ, кӯдакистонҳо, марказҳои саломатӣ, сехҳои дузандагӣ ва чоҳҳои амудӣ пешбинӣ шудааст”, - гуфт манбаъи мо.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Панҷакентро ҳам як манбаъ аз ҳукумати ин шаҳр тасдиқ кард ва гуфт, ки ин сафар рӯзи 11-уми июл дар назар буд, сарвари давлат беш аз 30 иншооти навбунёдро дар ин шаҳр ифтитоҳ мекунад.
Гуфта мешавад, ки бештари иншоот тариқи маҷозӣ (онлайн) боз мешавад.
"Барои сафари сарвари давлат ҳама ҷониба омодагӣ дидаем. Мулоқоти ҷаноби олӣ бо фаъолони шаҳри Панҷакент низ пешбинӣ шудааст, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Кадом роҳҳо дар ин вилоят баста мешаванд?
Дар пайи сафари раисҷумҳур ба Суғд аз 11-ум то 13-уми июл роҳҳои мошингарди як қатор шаҳру ноҳияҳои ин вилоят баста мешаванд.
Тибқи иттилои шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар Суғд дар пайи ин сафар чунин роҳҳо дар вилоят баста мешаванд:
- рӯзи 11-уми июл: роҳҳои мошингарди ноҳияи Айнӣ аз фурудгоҳи ин ноҳия то деҳаи Сангистон тавассути роҳи Душанбе-Чаноқ ва роҳҳои мошингарди шаҳри Панҷакент аз деҳаи Шӯрча то кӯчаҳои Рӯдакӣ, Лоиқ Шералӣ тариқи роҳи Айнӣ-Панҷакент;.
- рӯзи 12-уми июл: роҳҳои мошингарди шаҳри Панҷакент тариқи кӯчаҳои Лоиқ Шералӣ, хиёбони Рӯдакӣ то фурудгоҳи ин шаҳр ва роҳҳои мошингарди ноҳияи Деваштич тариқи кӯчаҳои марказии деҳаҳои Қалъаи Дӯст ва Басмандаи ноҳияи Деваштич;
- рӯзи 13-уми июл: роҳҳои шаҳри Гулистон (Қайроққуми пешин) тариқи кӯчаҳои Сирдарё, Султон Умаров, Раҳим Ҷалил, Исмоилӣ Сомонӣ, 25-солагии Истиқлолият, Камоли Хучандӣ ва роҳи мошингарди Ғафуров-Хучанд тариқи кӯчаҳои Бобоҷон Ғафуров, Гагарин, Куруши Кабир, Бобоҷон Ғафуров ва Ҳувайдуллоеви шаҳри Бӯстон (Чкаловкси пешин ).





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста