Дар соли 2024 шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти раводиди Шенген 4 ҳазору 19 дархост додаанд, ки ин қариб ба се соли давраи пандемия (2020-2022), ки дар маҷмуъ, 5944 дархост пешниҳод карда буданд, баробар аст.
Тибқи маълумоти "Schengen Visa Statistics", Тоҷикистон миёни беш аз 140 кишвар, ки барои раводид ба Аврупо муроҷиат кардаанд, дар ҷойи 93-юм қарор гирифтааст.
Тамоюли афзоиши хоҳишмандони сафар ба Аврупо бо мақсадҳои дидори наздикон, таҳсил ва тиҷорат мушоҳида мешавад.
Кишвари Олмон самти ҷолибтарин боқӣ монда, ба консулгариҳои он бештар аз ҳама на танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ муроҷиат мекунанд.
Дар соли 2024 дар маҷмӯъ аз Осиёи Марказӣ беш аз 278 ҳазор дархости раводид пешниҳод шудааст:
- Қазоқистон – 179 446 (ҷойи 16-ум дар ҷаҳон);
- Ӯзбекистон – 58 691 (ҷойи 35-ум);
- Қирғизистон – 28 061 (ҷойи 47-ум);
- Туркманистон – 7831 (ҷойи 78-ум);
- Тоҷикистон - 4019 (ҷойи 93-юм).
Вале сатҳи радкунии раводидҳои "Шенген" дар соли гузашта дар тамом ҷаҳон ба ҳисоби миёна 14,56%-ро ташкил дод. Яъне қариб ҳар 7-умин дархост рад шудааст. Ҳамзамон, пардохти боҷи раводид дар ҳаҷми 80 евро (каму беш 850 сомонӣ) дар сурати рад шудан, бозпас дода намешавад.
Аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ соли 2024 Иттиҳоди Аврупо аз ҳисоби пардохтҳои раводид беш аз 22 млн евро ба даст овардааст:
- Қазоқистон – 14,35 млн евро;
- Ӯзбекистон – 4,69 млн евро;
- Қирғизистон – 2,24 млн евро;
- Туркманистон – 626 ҳазор евро;
- Тоҷикистон – 321 ҳазор евро.
Ин маблағҳо раводидҳои имтиёзнок ва пешниҳоди такрориро дар бар намегиранд, аз ин рӯ, даромади воқеӣ метавонад боз ҳам зиёдтар бошад.
Дар соли 2024 шаҳрвандони кишварҳое, ки бо Иттиҳоди Аврупо низоми раводид доранд, танҳо барои дархостҳои радшудаи раводид зиёда аз 136 млн евро пардохт кардаанд.
Сабабҳои радкунии раводид метавонанд ҳуҷҷатҳои нодуруст, асосноксозии начандон қавии ҳадафи сафар ё набудани кафолатҳои молиявӣ бошанд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста