Имрӯз Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ба Душанбе омад. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ӯро ба ҳузур пазируфт. Инчунин, Аббоси Ароқчӣ бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот кард.

Дар мулоқоти Аббос Ароқчӣ ва Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат, чунонки хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, доираи васеи масоили вобаста ба муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд. Ҷонибҳо аз раванди вусъати робитаҳои барои ҳарду ҷониб судманд изҳори қаноат карданд.

Масоили вобаста ба ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд.

“Алоқамандии ҳарду ҷониб ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, ҳамлу нақли байналмилалӣ, кишоварзӣ, илму фанноварӣ, тандурустӣ, гардишгарӣ, фарҳанг ва дигар бахшҳо таъкид гардид”, - менависад хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ба гузориши хабаргузории эронии ИСНА, Аббос Ароқчӣ дар дидор бо раисиҷумҳури Тоҷикистон саломи роҳбари олӣ, раисиҷумҳур ва мардуми Эронро расонида, бар азми Ҷумҳурии Исломӣ барои густариши равобит бо Тоҷикистон дар ҳама бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳарду кишвар таъкид кард.

Вазири корҳои хориҷаи Эрон бо ишора ба риштаҳои амиқи дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум миёни миллати Эрон ва Тоҷикистон, ба вижа забону таъриху тамаддун ва фарҳанги муштарак эълом дошт, ки Эрон тасмим гирифтааст аз ин муштаракоти арзишманд ва нотакрор истифодаи судманд бурда, равобит ва табодули ҳарду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, дипломатӣ, фарҳангӣ ва омӯзиширо таҳким ва густариш диҳад.

Эмомалӣ Раҳмон зимни истиқбол равобити Тоҷикистону Эронро як равобити вижае бар пояи меҳру дӯстии амиқи таърихӣ арзёбӣ карда, бар зарурати густариши бештари равобити ду кишвар таъкид намудааст.

Ҳамчунин, ҷонибҳо доир ба масоили минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштарак гуфтугӯ кардаанд. Зимни мулоқот вазъи муносибатҳои дуҷониба ва имконоти ояндаи рушди муносибатҳо баррасӣ ва табодули назар карда шудааст.

Таҳаввулоти ахири манотиқи канори ду кишвар, аз ҷумла Қафқозу Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва минтақаи Осиёи Ғарбӣ баррасӣ шуда, ҷонибҳо дар бораи таҳаввулот ибрози назар кардаанд.

 

Акс аз ВКХ

Дидори вазирони корҳои хориҷӣ

Дар доираи ин сафари якрӯза, Сироҷиддин Муҳриддин ва Аббос Ароқчӣ, вазирони хориҷаи Тоҷикистону Эрон низ дидор ва ҳолати кунуниву дурнамои рушди муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷоратро ба баррасӣ гирифтаанд.

Дар ин вохӯрӣ ҷонибҳо дар мавриди ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақаӣ табодули назар ва ба тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистону Эрон изҳори ҳавасмандӣ кардаанд.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Исмоил Бақоӣ дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Х навиштааст, ки “ҳадаф аз ин сафар баррасии равобити дуҷониба ва таҳаввулоти минтақаӣ бо мақомоти баландпояи тоҷик аст” ва бо ишора бар пояи равобити дӯстӣ ин шеъри Саъдии Шерозиро нашр кардааст:

Суҳбати ёри азиз ҳосили даври бақост,

Якдама дидори дӯст ҳарду ҷаҳонаш баҳост.

Бояд гуфт, ки равобити равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон дар чанд соли охир ба таври чашмрас шакл гирифт ва сарони ду давлат ҳамвора ба пояи дӯстиву ҳамтабориву ҳамфарҳангии миллатҳо таъкид мекунанд.

Дар ҷанги 12-рӯзаи Исроил ва Эрон, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри ду изҳороти алоҳида ҳуҷуми Исроил ва ҳам бомбафкании Амрико ба Эронро маҳкум карда буд.

Дарвоқеъ, яке аз мавзӯҳои бисёр муҳим ва калидӣ баъди шурӯъи ҷанг барои Эрон, вокуниши кишварҳои мухталиф, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ буд. Баёнияҳои расмии Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон ҳеҷ ишорае ба Исроил ва ё ба асли таҷовуз ба ҳокимияти Эрон надоштанд. Ӯзбекистон ҳам дар баёнияи худ танҳо ба мавзӯи таҷовуз бидуни ном бурдан аз Исроил ва маҳкумияти он басанда кард.

Тоҷикистон танҳо кишвар дар Осиёи Марказӣ буд, ки илова бар маҳкумияти шадиди ҳамлаи Исроил, ҳамлаи Амрико ба Эронро низ дар дувумин баёнияи худ маҳкум кард.

Ғайр аз ин, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар Боку бо Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон мулоқот карда, дар робита ба даргирии 12-рӯза миёни Исроил ва Эрон ба мардуми Ҷумҳурии Исломӣ бори дигар изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Он вақт таҳлилгарон гуфтанд, ки чунин мавқеъгирӣ аз сӯи давлати Тоҷикистон дар канори ҳимоятҳои мардуми он дар ибрози ҳамдардӣ бо Эрон таъсири бисёр амиқе дар нигоҳҳои ояндаи Эрон дар қиболи Осиёи Марказӣ ва равобити Теҳрону Душанбе хоҳад дошт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.