Се бонки муфлисшудаи Тоҷикистон - “Тоҷпромбонк”, “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” имрӯз аз муштариёни худ дар умум беш аз 568 миллион сомонӣ қарздор будаанд. Дар ин бора дирӯз, 5-уми август, дар нишасти матбуотии Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон иттилоъ дода, гуфтанд, муҳлати мурофиаи барҳамдиҳии бонкҳо “бинобар пурра иҷро нагардидани уҳдадориҳо ва ба фурӯш нарафтани дороиҳо” то соли 2027 дароз карда шудааст.
Бонкҳои муфлисшудаи Тоҷикистон бо гузашти аз 4 то 8 сол уҳдадориҳои худро иҷро накардаанд ва шаҳрвандон дар пайи нагирифтани пулҳояшон аз рӯйи бонкҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои кишвар шикоят мекунанд. Аммо то ҳол баҳси бозпас додани маблағи муштариён ҳалли худро наёфтааст.
“Тоҷпромбонк”
Бонки муфлисшудаи “Тоҷпромбонк”, тибқи маълумоте, ки такроран аз Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" ироа гардид, аз пасандозгузорон 28 миллион сомонӣ қарздор будааст.
Ба иттилои Зулфия Саидзода, додраси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бонк то моҳи октябри соли 2027 муҳлат дорад, ки пули пасандозгузорон баргардонад. Ӯ гуфт, “бинобар пурра иҷро нагардидани уҳдадориҳо ва ба фурӯш нарафтани дороиҳо” муҳлати мурофиаи муфлисшавӣ дароз карда шудааст.
Ба таъкиди ӯ, “Тоҷпромбонк” ҳангоми муфлисшавиаш аз 5 ҳазору 929 пасандозгузор қарздор буд ва дар ин муддат қарзи 5 ҳазору 752 пасандозгузор баргардонида шудааст.
Ин бонк ҳоло танҳо аз 174 шахси воқеӣ 26,2 млн сомонӣ қарздор будааст. Соли 2023, замоне ки “Тоҷпромдонк” аз ҷониби Додгоҳи иқтисодӣ расман муфлис эълон гардид, ҳаҷми қарзи бонк аз 169 амонатгузор 26,6 миллион гуфта мешуд.
Бояд гуфт, раванди муфлисшавии “Тоҷпромбонк” моҳи марти соли 2017 бо қарори Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе оғоз гардида буд. Қарори бозхонди иҷозатномаи бонк рӯзи 24-уми феврали соли 2017 аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон содир гардид.
Амволи бонк дар маҷмӯъ 450 млн. сомонӣ ва ҳаҷми умумии уҳдадориҳои он наздики 550 млн. сомонӣ арзёбӣ мешуд.
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҷамшед Зиёев, раиси пешини “Тоҷпромбонк”-ро бо чаҳор банди Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста, ӯро ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Бонк 1-уми августи соли 2023 расман аз ҷониби Додгоҳи олии иқтисодӣ муфлис эълон гардид.
“Агроинвестбонк”
Бонки муфлисшудаи “Агроинвестбонк” имрӯз аз 3 ҳазору 616 шаҳрванд, ки дар ин бонк амонат гузошта буданд, 445,5 миллион сомонӣ қарздор аст.
Ба иттилои Зокирҷон Аминзода, муовини раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ, теъдоди амонатгузорон замони муфлис гардидани бонк 5 ҳазору 711 нафарро ташкил медод ва қарзи бонк назди амонатгузорон 532,2 миллион сомонӣ буд. Ӯ гуфт, то моҳи июли соли ҷорӣ бонки мазкур 86,7 миллион сомонӣ қарзи 2 ҳазору 95 нафарро пурра ва 3 ҳазору 616 нафарро қисман баргардонидааст.

Бо вуҷуди ин, имрӯз “Ароинвестбонк” аз 3 ҳазору 616 нафар амонатгузор 445,5 миллион сомонӣ қарздор боқӣ мемонад.
Дар умум, ҳоло бонки мазкур 1,4 миллиард сомонии шахсони воқеиву ҳуқуқиро барнагардонидааст ва то моҳи июни соли 2027 барои пардохти маблағҳо муҳлат дароз карда шудааст.
Соле пеш, моҳи августи соли 2024 маҷмӯи уҳдадориҳои “Агроинвестбонк” 1,6 млрд сомониро ташкил медод. Аз ҳисоботи охир маълум мегардад, ки бонк давоми 1 сол 0,2 миллиард ва ё 200 миллион сомонӣ қарзи худро пардохт кардааст.
Ёдрас мешавем, ки ин бонк 1-уми июни соли 2021 бо қарори Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон муфлис эътироф шуд.
“Тоҷиксодиротбонк”
Бонки муфлисшудаи “Тоҷиксодиротбонк”, ки дар оғози мурофиаи барҳамдиҳӣ қарзҳояш аз пасандозгузорандагон 372 миллиону 400 ҳазор буд, имрӯз аз амонатгузорон 94,7 миллион сомонӣ қарздор аст.
Бонк аз соли 2021 то имрӯз тавонистааст, 278 миллион сомонӣ қарзи амонатгузоронашро пардохт кунад.
Соле пеш Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ки аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2024 “Тоҷиксодиротбонк” 212 млн сомонӣ маблағи муштариёнро баргардонидааст.
Аз омори нави ироашуда бармеояд, ки давоми як сол ин бонк 117 миллиону 300 ҳазор сомонии муштариёнро бозпас додааст.
Бояд гуфт, иҷозатномаи “Тоҷиксодиротбонк” низ 26-уми майи соли 2021 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бозхонд шуда буд.
Ёдрас мешавем, ки дар натиҷаи буҳрони бонкӣ дар моҳи соли 2016 “Тоҷпромбонк”-у “Фононбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк” бо мушкили пардохтпазирӣ дучор шуданд. Аз чор бонки муфлисшудаи Тоҷикистон танҳо “Фононбонк” то имрӯз барҳам дода шуда, се бонки дигар то имрӯз дар марҳилаи барҳамдиҳии маҷбурӣ қарор доранд.






Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Муҳоҷирати меҳнатии бехатар. Чӣ гуна метавон аз доми фиреби қаллобон эмин буд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 декабри соли 2025
Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста