Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълон кард, ки дар мулоқоти дарпешистода бо Владимир Путин, раҳбари Русия талош хоҳад кард эҳтимоли "табодули замин" миёни ду кишварро барои расидан ба созиши сулҳ баррасӣ кунад. Интизор меравад, ки ин мулоқот рӯзи 15-уми август дар Аляска баргузор шавад.
Ба иттилои расонаҳо, дар нишасти хабарие дар Кохи Сафед дирӯз, 11-уми август Доналд Трамп гуфт, “Русия як бахши бузурги Украинаро ишғол кардааст; қаламрави хеле арзишманд. Мо саъй дорем, ки бахше аз ин қаламравро ба Украина баргардонем”.
Раисҷумҳури Амрико таъкид кард, ки дар мулоқоти рӯзи ҷумъа дар Аляска дар "ду дақиқаи аввал" маълум хоҳад кард, ки оё бо Маскав барои хатми ҷанг дар Украина ба созиш хоҳад расид ё на. Ӯ ин мулоқотро "як нишаст барои санҷиши вазъ" таъриф кард ва гуфт, "эҳтимол дар дақиқаи аввал мефаҳмам, ки оё пешрафте имкон дорад ё не".
Доналд Трамп гуфт, ки тамоси аввалини ӯ пас аз мулоқот бо Путин бо Зеленский "аз рӯйи эҳтиром" хоҳад буд.
Яке аз нуктаҳои баҳзангези сухани Трамп ишора ба эҳтимоли "табодули замин" буд. Ӯ гуфт, “миқдоре вогузории қаламрав анҷом баррасӣ шуд”.
Трамп ин амалро "барои ҳарду кишвар хуб" номид ва гуфт, ки "иваз кардани замин" ва тағйир додани сарҳад низ метавонад ҷузъи созишнома бошад.
Мухолифати Украина ва Аврупо
Владимир Зеленский ба ин ҳарфҳои Трамп вокуниш кард ва бо қатъият гуфт, ҳозир нест, ки замини кишварашро иваз кунад.
"Ҷавоб ба саволи тамомияти арзии Украина дар Қонуни асосии мо равшан аст. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки аз он дур шавад. Украинҳо замини худро ба ишғолгар намедиҳад", - гуфт Зеленский.
Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ ҳушдор дод, ки “Путин танҳо мехоҳад доираҳои нуфузро тақсим кунад”.Марк Рютте, дабири кулли НАТО дар вокуниш ба ин масъала гуфт, "ҷумъаи оянда муҳим аст, зеро он фурсате хоҳад буд, то бубинем, ки Путин то чӣ андоза ҷиддӣ аст, то ин ҷанги даҳшатборро хатм кунад".
Трамп инчунин таъкид кард, ки ягона роҳи поён додан ба ҷанг музокироти мустақими Зеленский ва Путин аст: "Дар ниҳоят, ман ин ду нафарро дар як ҳуҷра мегузорам, новобаста аз он ки ман дар он ҷо бошам ё набошам, фикр мекунам, ки мушкил ҳал мешавад".
Ба навиштаи расонаҳо, Путин як созишномаеро пешниҳод кардааст, ки ба Русия имкон медиҳад, қисматҳои бузурги қаламрави Украинаро нигоҳ дорад, аммо то ҳол ба оташбас розӣ нашудааст. Фиристодаи вижаи Трамп Стив Уиткофф ҳафтаи гузашта дар Маскав дар ин робита бо Путин мулоқот карда буд.
амлаи Русия ба Украина бузургтарин ҷанги заминии Аврупо дар беш аз 50 соли гузашта буда, Украинаро вайрон кардааст ва ба иқтисоди Русия ҳам зарбаи сахт задааст.
Трамп ва Путин 15 август дар Аляска мулоқот мекунанд
Бояд гуфт, ки охири ҳафтаи гузашта Доналд Трамп дар шабакаи иҷтимоии худ дар Truth Social хабар дод, ки мулоқоташ бо Владимир Путин рӯзи 15-уми август дар Аляска баргузор мешавад.
“Мулоқоти деринтизор миёни ман – раисҷумҳури Амрико ва Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи ҷумъа, 15-уми августи соли 2025, дар Аляска баргузор мегардад. Тафсилот дертар нашр хоҳад шуд. Ташаккур барои таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ!”, - навишт Трамп.
Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия низ мулоқоти Путин ва Трампро дар Аляска тасдиқ кардааст.
Ёдрас мешавем, ки аз оғози ҷанги Русия ва Украина Трамп ва Путин бо ҳам мулоқоти рӯбарӯ накардаанд. Танҳо тариқи телефон бо ҳам гуфтугӯ доштанд. Пештар аз ин намояндагони Амрико ва Русия чандин маротиба бо ҳам мулоқот намуданд, аз ҷумла моҳи феврали соли ҷорӣ вазирони корҳои хориҷии ин ду кишвар дар Арабистони Саудӣ бо ҳам вохӯрданд.
Чанд рӯз пеш Стив Уиткоф, намояндаи вижаи раисҷумҳури Амрико ҳам ба Русия омада буд. Аммо ин нахустин дидори рӯбарӯи Путин ва Трамп пас аз ҷанги Русия ва Украина хоҳад буд.




“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Алиризо Озмандиён, сухангӯи машҳури рушди шахсият ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми соли 2024 дода буд, иҷро нашуд ва чаро?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
СММ ду қатъномаи Тоҷикистон дар бораи “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ва “Ҳифзи пиряхҳо”-ро пазируфт
Аввалин медали нуқраи Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон. Муштзанҳои тоҷик аз Дубай бо ду медал бармегарданд
Воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон афзуд. Аз нисф зиёди он аз Русия оварда мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 декабри соли 2025
Аз Душанбе то Порису Ванкувер. Масири духтари тоҷике, ки аз хонадони Шаҳидӣ ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста