Рӯзи 23-юми август дар Душанбе нахустнамоиши филми ҳунарии “Блогер”, ки дар киностудияи “Довфилм” таҳия шудааст, баргузор мегардад. Дар ин бора аз “Довфилм” ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, филм дар коргардонии Зариф Зарипов бо продюсерии Муҳиддини Музаффар ва Амир Турсунов омода шудааст.
Нахустнамоиши он соати 18:00 дар Кохи Суруш пешбинӣ гардидааст.
Вуруд тариқи даъватнома ё билет аст. Ҳаводорони филм барои дастрас кардани билет метавонанд ба рақамҳои 55 911 11 44 тамос гиранд.

“Филми ҳунарии “Блогер” идомаи силсилафилмҳои “Экран” мебошад. Он таассуроти дурӯғ аз олами маҷозиро, ки гӯё блогерҳо осон пул кор карда, шоҳона зиндагӣ доранд, мазаммат мекунад. Дар филм дунёи воқеии як тан, ки талош дорад блогер шавед, нишон дода шудааст, ки бинандаро ба фикр водор мекунад”, - гуфтанд аз “Довфилм”.
Мақсади асосии филм намоиши рӯзгори ҳолу ҳавои як ҷавони хомхаёл аст, ки фирефтаи афсонаҳои пули осони дастрас дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуда, касбу кори воқеии худро аз даст медиҳад.
Филми мазкур бо ҳунарофарии ҳунармандони хушноми кишвар, ба монанди Қурбон Собир, Лутфулло Давлатзода, Некқадам Шоҳназаров, Амина Ҳафизова, Парвиз Ашӯров ва Сулаймон Табаров сабт гардидааст.

Дар як порчаи филми “Блогер" блогерони тоҷик ҳам нақш бозидаанд. Дар нахустнамоиши филм интизор меравад, ки блогерон ҳам ширкат кунанд.
Ин филм моҳҳои ноябр - декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба навор бардошта шудааст.

Пас аз нахустнамоиш, сар аз 24-уми август филми ҳунарии “Блогер” ҳамарӯза дар кинотеатрҳои Кайҳон (Душанбе-Молл, маркази савдои “Ашан”) ва “Премйер Зал” (Сиёма-Молл) манзури тамошобинон мегардад. Барои дастрас кардани билет дар кинотеатрҳо мухлисони филм метавонанд ба рақамҳои 55 911 11 44 тамос бигиранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста