То 1-уми июли соли 2025 теъдоди аҳолии Тоҷикистон бо дарназардошти сабти таваллуд, фавтида ва муҳоҷират ба 10 млн 603,8 ҳазор нафар расидааст.
Тибқи иттилои Оҷонсии омори кишвар ин теъдод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 (10 млн 505,9 ҳазор) 98,9 ҳазор нафар ё 2,1% зиёд мебошад.
Теъдоди аҳолӣ дар минтақаҳои кишвар то оғози нимсолаи аввали соли равон тариқи зайл аст:
- вилояти Хатлон - 3 млн. 830 ҳазор нафар;
- вилояти Суғд - 2 млн. 987,4 ҳазор нафар;
- ноҳияҳои тобеи марказ – 2 млн. 272,6 ҳазор нафар;
- шаҳри Душанбе – 1 млн. 278, 2 ҳазор нафар;
- ВМКБ – 235,6 ҳазор нафар.
Тибқи иттилои расмӣ дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 117 ҳазору 932 кӯдак таваллуд шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта (114 ҳазору 627) 3 ҳазору 305 тифл зиёд будааст.
Ҳамчунин, дар ин давра 17 ҳазору 387 нафар дар Тоҷикистон фавтидааст, ки дар муқоиса ба нимаи якуми соли гузашта (16 ҳазору 778 фвт) 609 фавт бештар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста