Дар Душанбе Атласи тағйироти муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Он фарогири таҳлилҳои тағйироти муҳити зист дар 60 соли охир буда, як абзори муҳими илмӣ ва сиёсӣ барои банақшагирии устувор ба шумор меравад.
Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар дода навишт, ки ин нашр натиҷаи лоиҳаи минтақавиест, ки аз соли 2019 таҳти дастгирии Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП), ҳукумати Русия ва муассисаҳои пешбари илмӣ амалӣ гардидааст.
Дар чорабинӣ, Исфандиёр Шукурзода, муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон гуфтааст, Атлас ҳамчун воситаи таҳлили хавфҳои экологӣ ва асос барои сиёсати миллӣ дар соҳаи муҳити зист аҳамият дорад.
“Атлас маълумоти заминӣ ва моҳвораӣ, харитаҳои тағйироти экосистемаҳои обиву заминӣ, таҳлилҳои таъсири тағйирёбии иқлим ва арзёбии пешрафт дар самти ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устуворро дар бар мегирад”. – гуфта мешавад дар хабари расмӣ.
Ин нашр барои коршиносон, сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун манбаи боэътимоди маълумот хизмат хоҳад кард.
Муаррифии Атлас дар пасманзари мулоқоти Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон бо Батир Мамедов, директори Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Онҳо рӯзи 2-юми сентябр ба ҳам суҳбат карданд ва ҳарду ҷониб муҳимияти мутобиқсозии ташаббусҳои экологии "сабз" бо афзалиятҳои миллӣ ва минтақавиро таъкид карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста