Субҳи имрӯз, 5-уми сентябр дар шаҳри Душанбе ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллӣ гузашти низомӣ баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ширкат кардаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур дар гузашти низомӣ беш аз 5 ҳазор низомии “Қувваҳои мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, занону бонувони Артиши миллӣ ва ҳомиёни қонунияту тартибот” иштирок доштаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, ки сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳам ҳаст, 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллиро табрик гуфтааст.
Раисҷумҳур зимни суханронӣ таъкид кардааст, ки Гвардияи миллӣ воҳиди махсуси дорои иқтидори баланд буда, дар ташаккули низоми мудофиавии кишвар нақши муҳим дорад.
“Гвардияи миллӣ, ки мо онро ҳамчун рамзи давлатдории навини миллӣ ва бо дарназардошти нишонаҳои таърихи гузаштаи миллати тоҷик таъсис додем, ба як сохтори қудратманди ҳарбии таъиноти махсус табдил ёфтааст, ки ин дар навбати худ, яке аз омилҳои муҳимми ҳифзи истиқлолу озодӣ, тамомияти арзии кишвар ва амнияти давлату ҷомеа мебошад”,- гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.
Бояд гуфт, ки Гвардияи миллӣ яке аз шохаҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар буда, моҳи январи соли 1995 дар заминаи як бригадаи зудамал бо номи Гвардияи президентӣ таъсис дода шудааст. Мутобиқи қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳар сол 3-юми сентябр ҳамчун Рӯзи Гвардияи миллии Тоҷикистон таҷлил мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста