Тоҷикистон ҳамлаи Исроил ба Қатарро “таҷовуз ба тамомияти арзӣ”-и ин кишвар дониста, онро қотеъона маҳкум кард.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 10-уми сентябр, дар баёнияе зарбаҳои мушакии Исроил ба шаҳри Давҳаро “нақзи возеҳи қонуни байналмилалӣ ва унсурҳои бунёдии Оинномаи Созмони миллали муттаҳид” донист.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ин ҳамла “ташаннуҷи вазъи бе ин ҳам мураккаби минтақаи Ховари Миёнаро афзоиш медиҳад”.
"Тоҷикистон ҳамеша истифодаи роҳҳои дипломатӣ ва гуфтушунидро ҳамчун абзори муассир барои ҳалли баҳсҳо ва низоъҳо ҷонибдорӣ мекунад",- омадааст дар баёния.
Ёдрас мешавем, ки Исроил рӯзи 9-уми сентябр Исроил ба як бинои маскунӣ дар Давҳаи, ки гуфта мешавад, тими музокиракунандаи гурӯҳи фаластинии Ҳамос он ҷо қарор доштааст, ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дод. Артиши Исроил гуфт, ҳадафи щамла роҳбарони гурӯҳи Ҳамос аст.
Ҳамос гуфт, 5 нафар аз аъзояш дар ин ҳамла кушта шудаанд, аммо талоши Исроил барои террори музокиракунандагони Ҳамос шикаст хӯрдааст. Қатар ин ҳамларо “ҷиноят ва буздилӣ” хонда, гуфт, ҳаққи посух ба ин ҳамлаи ошкорои Исроилро маҳфуз медорад.
Ба навиштаи расонаҳои исроилӣ, миёни кушташудагон Холид Машъал, яке аз роҳбарон ва масъули равобити хориҷии Ҳамос низ ҳаст. Исроил 28 сол пеш, соли 1997 ҳам талош карда буд Машъалро дар Урдун кушад. Аммо то ҳол дар маврид куштори роҳбарони Ҳамос маълумоти тасдиқшуда ироа нагардидааст. Ҳамос ва Исроил ҳам аз кушташудагон ном набурдаанд.
Ин ҳамлаи Исроил боиси вокунишҳои тунди кишварҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла муттаҳидони аврупоии ин кишвар шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста