Мақомоти ноҳияи Айнӣ билохира ба хонаводаи Хирадманд Усмонзода, афсари тоҷик, ки ду сол пеш дар муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон кушта шуд, хонаи истиқоматӣ додаанд.
Се моҳ пеш хонаводаи Хирадманд Усмонзода шикоят карда буданд, ки мақомоти маҳаллӣ ба ваъдаи худ ҷиҳати кӯмак ба хонаводаи афсари кушташуда вафо накардаанд ва онҳо дар хонаи пайвандон зиндагӣ мекунанд.
Ҳукумати ноҳияи Айнӣ гуфтааст, ки дар остонаи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба оилаи Хирадманд Усмонзода хонаи истиқоматӣ тақдим шудааст.
“Хирадманд Усмонзода яке аз фарзандони далеру ватандӯсти тоҷик буд, ки дар ҳифзи марзу буми кишвар бар асари ҳуҷуми аҳдшиканонаи ҷониби қирғиз, ҷонбозӣ намуд”,-омадааст дар хабари расмӣ.
Ҳабибаи Сафарзод, ҳамсари Хирадманд Усмонзода дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки масъулин калиди хонаро ба онҳо рӯзи 9-уми сентябр супоридаанд ва хонаводаи марҳум аллакай дар он сукунат доранд.
“Хонаи истиқоматии ду ҳаҷрагӣ дар шаҳраки Сарводаи ноҳияи Айнӣ бо тамоми чизу чорааш доданд. Ҳоло бо фарзандонам дар ин хона зиндагӣ карда истодаем”, - иброз дошт ҳамсари Хирадманд Усмонзода.
Бояд гуфт, ки ду моҳи қабл хонаводаи Хирадманд Усмонзода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз ваъдахилофии мақомоти ноҳияи Айнӣ барои надодани хонаи истиқоматӣ шикоят карда буданд.
Ҳамсари Хирадманд Усмонзода гуфта буд, ки шавҳараш маоши зиёд намегирифт ва дар Хуҷанд иҷоранишин буданд. Ӯ гуфта буд, ки баъди марги Хирадманд Усмонзода бо ду фарзанди нимаятим дар хонаи пайвандони шавҳараш зиндагӣ мекарданд.
Ёдрас мешавем, ки Хирадманд Усмонзода моҳи сентябри соли 2022 дар муноқишаи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон кушта шуд ва ду фарзанди ӯ ятим монданд.
Ӯ соли 2012 ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайваста то моҳи сентябри соли 2022 дар Гвардияи миллӣ хидмат кардааст.
Дорандаи рутбаи лейтенанти калон буд ва пас аз маргаш дар муноқишаи марзӣ, ӯро бо ордени Спитамени дараҷаи 2 сазовор донистанд.
Қаблан мақомоти маҳаллӣ гуфта буданд, ки мактаби №27-и деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ, ки онҷо Хирадманд Усмонзода таҳсил кард, ба номи ӯ гузошта шуд.
Ёдовар мешавем, ки пас аз муноқишаи моҳи июни соли равон, ки он замон низ чанд нафар сарбозу афсари тоҷик қурбон шуда буданд, дар Исфара 9 кӯчаро дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои Чоркӯҳ ба номи қурбониёни муноқишаҳои марзӣ гузошта буданд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста